Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Саттор: «Мониторинги Шӯрои ВАО тафриқаандозӣ аст»


Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон.
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон мониторинги Шӯрои ВАО-ро хато ва як гуна кӯшиши тафриқангезӣ миёни ҷомиаи рӯзноманигории кишвар унвон кард.

Акбари Саттор, ки директори ширкати «Чархи гардун», муассис ва ҳам узви Шӯрои ВАО низ ҳаст, гуфт, алайҳи ин мониторинг эътироз мекунад, зеро Шӯрои ВАО ҳуқуқи баргузории мониторингро дорад, аммо ҳаққи тақсим кардани расонаҳои Тоҷикистон ба солиму носолим надорад.

Вай афзуд, Шӯрои ВАО бо ин мониторинг расонаҳоро ба гурӯҳҳо тақсим карда, миёнашон норозигву беэътимодӣ ба вуҷуд овардааст, ки ба ин ҳуқуқи маънавӣ надорад. Акбари Саттор афзуд, рӯзи душанбе тамоми аъзои Шӯроро барои баррасии ин мониторинг даъват карда, мекӯшад, ки кор то хориҷ шудани «Чархи гардун» ва Иттиҳоди рӯзноманигорон аз Шӯрои ВАО нарасад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон бо норозигӣ аз мониторинги ахири Шӯрои воситаҳои ахбори маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин шӯроро ба додгоҳ мекашанд. Адолати Мирзо, муассиси нашрияи «Миллат» мегӯяд, нашрия ҳеҷ гоҳ шӯрои ВАО ва низомномаи онро эътироф накардааст ва акнун дар пайи нашри ин мониторинг, тасмим дорад Шӯрои ВАО-ро ба додгоҳ бикашад. Нашрияи "Миллат" ҳам дар ин раддабандии Шӯрои ВАО яке аз нашрияҳои «калаванда» баҳогузорӣ шудааст. Ба андешаи Адолати Мирзо «Азбаскӣ онҳо ин шӯроро эътироф намекунанд, шӯро ҳам ҳаққи баррасӣ ё мониторинги нашрияи «Миллат»-ро надорад.»

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, ки як ниҳоди мустақил аст, дар мониторинги ахири худ, фаъолияти 5 моҳаи нашрияҳои узви шӯроро аз рӯи риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ баррасӣ кардааст. Хулосаи ин мониторинг, ки дар сомонаи шӯрои ВАО рӯзи 23-юми январ нашр шуд, нашрияҳоро ба 3 гурӯҳ тақсим кардааст: нашрияҳои «солим», нашрияҳои «калаванда» ва нашрияҳои «носолим, ки ғӯтавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шарафанд.

Адолати Мирзо гуфт, «вақте ки нашрияи «Миллат» ба мушкили додгоҳӣ мувоҷеҳ буд, ба ин шӯро муроҷиат кардем то ба қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунанд, аммо онҳо ҳеҷ коре накарданд».

Ин раддабандӣ рӯзномаи «Имрӯз Нюз» -ро ба гурӯҳи дувум - «калаванда» дохил кард ва бо ин норозигии шадиди роҳбарияти рӯзномаро ба бор овард. Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз News» рӯзи 24-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки нашрияи онҳо аз мониторинги ахири Шӯрои ВАО розӣ нест, онро «муғризона» медонад ва тасмим дорад, ки ҳафтаи оянда аз узвияти ин шӯро хориҷ шавад. Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО мегӯяд, ки дархости «Имрӯз News»-ро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Назири Нусрат, сардабири «Имрӯз News» гуфт, «рӯзномаи «Имрӯз News» аз хостаҳо ва мониторинги ахиран нашр кардаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, онро эътироф намекунад ва шадидан маҳкум мекунад. Бо дар назардошти ин, «Имрӯз News» аз сабаби он, ки натиҷаҳо яктарафа ва муғризона ҳастанд, аз роҳбарияти Шӯрои ВАО бо мактуби расмӣ дархост кард, ки сабаби чунин натиҷагириро нисбат ба рӯзномаи «Имрӯз News» шарҳ диҳанд.»

Қироншоҳ Шарифзода, раиси шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, ки наметавонад хулосаи ниҳоии шӯроро дар ин маврид шарҳ диҳад, аммо гуфт, ин баррасии коршиносон аст, ки сари чанд вақт аз он натиҷагирӣ мешавад.

Назири Нусрат, сармуҳаррири "Имрӯз News"
Назири Нусрат, сармуҳаррири "Имрӯз News"
«Номаи норозигии роҳбарияти рӯзномаи «Имрӯз News» баъд аз нисфирӯзӣ 24-уми январ ба идораи шӯрои ВАО расид. Албатта ҳар кас ҳаққ дорад ба шӯрои ВАО муроҷиат кунад, вале дар ин маврид фикри пурраро гуфта наметавонам. Чунки Шӯрои ВАО аз 9 нафар иборат аст. Вале ҳамчун раиси шӯро гуфтанӣ ҳастам, ки мониторинг ё баррасии 43 нашрияҳои даврӣ ва 10 сомонаи интернетии Тоҷикистон, фаъолияти 5 моҳаи онҳо дар сомонаи расмии шӯро ба табъ расид ва натиҷаи кори коршиносони шӯрои ВАО буд.»,- гуфт Қироншоҳ Шарифзода.

​Назири Нусрат мегӯяд, дар баробари он ки «Имрӯз News» тасмим дорад аз узвияти шӯрои ВАО даст кашад, ҳамчунин як барномаеро роҳандозӣ мекунад, ки дар он тамоми хилофкориҳо ва мониторингҳои муғризонаро баррасӣ карда, созмонҳои масъул, аз ҷумла ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро, ки аз ҷумлаи маблағгузорони фаъолияти шӯрои ВАО ҳаст, хабардор мекунад.
XS
SM
MD
LG