Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли раҳбари Толибон - ҳамла ба сулҳ ё оғози нав?


Хон Саид Сайна (аз чап) ва Ҳакимуллоҳ Маҳсуд (аз рост)
Хон Саид Сайна (аз чап) ва Ҳакимуллоҳ Маҳсуд (аз рост)

Дар Кобулу Вошингтон бар ин боваранд, ки қатли раҳбари Толибони Покистон ба раванди сулҳ бо ҷангиёни толиб таъсири чандоне нахоҳад дошт.

Дар ҳоле ки мақомоти Покистон кушта шудани Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари пешини Таҳрики Толибонро зарба ба талошҳо барои таъмини сулҳу субот номидаанд, Кобул изҳор намуд, ки ин ҳодиса ба раванди музокироти сулҳ бо Толибон таъсире нахоҳад дошт.

Ҷонон Мӯсозай, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон, рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, “Афғонистон низ мухолифи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қаламрави кишвари ҳамсоя аст.

Амрико низ иддаоҳои Покистон дар бораи таъсири ин куштор ба раванди ҳассоси сулҳ бо ҷангиёни толибро рад кард. Як мақоми вазорати хориҷаи Амрико рӯзи шанбе гуфтааст, музокирот бо ҷангиён аз "умури дохилии Покистон аст," вале Вошингтону Исломобод ҳарду ба хатми хушунатҳои ифротгароёна манфиати стротегӣ доранд."

Раванди сулҳ бо Толибон баъди қатли Маҳсуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00
Линки мустақим


Раҳбари пешини Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд рӯзи ҷумъа бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд. Бар пояи бархе хабарҳо, рӯзи шанбе дар шаҳри Мироншоҳ маросими дафни ҷанозаи ӯ баргузор гардид.

Таҳрики Толибони Покистон аз гурӯҳҳои тундрави Покистон буда, аз шарикони гурӯҳи Толибони Афғонистон маҳсуб мешавад. Исломобод дар робита ба куштори раҳбари Толибон дар зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба Амрико эътироз кард. Рӯзи шанбе сафири ИМА дар Исломобод ба вазорати умури хориҷии Покистон эҳзор шуд.

Навоз Шариф
Навоз Шариф
Мақомоти Покистон мегӯянд, Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар ҳоле кушта шуд, ки онҳо ба музокирот бо Толибони Покистон шурӯъ карда буданд. Ҳукумати нахуствазир Навоз Шариф зери фишори рақибони сиёсияш аз “Ҷамоати исломӣ” ва “Таҳрики инсофи Покистон” барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон ба хотири хатми бомбгузориву ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишвар розӣ шуда буд. Манбаъҳои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайъати ҳукумати Покистон иборат аз 12 мансабдори аршад рӯзи 30 октябр бо намояндагони Таҳрики Толибони Покистон музокироти махфӣ анҷом доданд ва қарор буд, ки гуфтушуниди навбатӣ рӯзи 2 ноябр баргузор шавад.

Бо такя ба ин нукта вазири умури дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Покистон Чадрӣ Нисоралихон Амрикоро дар латма задан ба гуфтушуниди сулҳ бо Толибон айбдор намуд ва гуфт, ки Исломобод ҳама бахшҳои ҳамкорӣ бо ИМА-ро бознигарӣ хоҳад кард. Нисоралихон қатли Маҳсуд дар рӯзи ҷумъаи гузаштаро ҳатто "ҳамла ба раванди сулҳ" номид.

Рӯзи шанбе дар як ҷаласаи махфии фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон дар як мавзеъи Вазиристони Шимолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, Хон Саид Сайнаро раҳбари нави гурӯҳ эълон карданд. Аммо коршиносон мегӯянд, Хон Саид Сайна аз эҳтироме, ки Ҳакимулло Маҳсуд миёни раҳбарони Таҳрики Толибони Покистон дошт, бархӯрдор нест. Ҳакимулло Маҳсуд қаблан раҳбари бахшҳои Таҳрики Толибон дар минтақаҳои Хайбар ва Оракзай буд ва бо ҳамлаҳои ҷасурона ба нерӯҳои амниятии Покистон ва ба оташ кашидани чанд корвони мошинҳо бо маводи сӯхт барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон миёни ҷангҷӯён соҳиби эътибор шуда буд. Аммо Хон Саид Сайна на фақат ин гуна обрӯ надорад, балки ҳатто ягон мактаб ва мадрасаро ҳам хатм накардааст.

Бо вуҷуди ин бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар айни замон Хон Саид Сайна ягона номзади арзанда ба мақоми раиси Таҳрики Толибон Покистон аст, ҳарчанд таъиноташ шояд оташи рақобати қадима барои сарварӣ ба ин гурӯҳи ифротиро дубора фурӯзон кунад ва ҳатто боиси ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шудан гардад.

Бар пояи хабарҳо, ду нафари дигар – Мулло Фазлуллоҳ ва Абдул Валӣ, ки бо номи Умар Холиди Хуросонӣ маъруф аст, номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раҳбари Таҳрики Толибони Покистон буданд. Аммо онҳоро бо вуҷуди дар садорат қарор доштанашон “бегона” мехонанд, зеро Мулло Фазлуллоҳ аз вилояти Малоканд аст ва Абдул Валӣ ба қабилаи мӯҳманд тааллуқ дорад.

Гуфта мешавад, баъд аз ҳалокати поягузори Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар соли 2009, Толибон муовини аввали ӯ Мавлавӣ Фақирмуҳаммадро ба мақоми пешвои гурӯҳ пешбарӣ накард, зеро ӯ на аз Вазиристон, балки аз минтақаи қабиланишини Баҷоур буд. Мансубият ба минтақаи дигар дар ниҳоят боиси он шуд, ки Мавлавӣ Фақирмуҳаммадро ҳатто аз мақоми муовини раиси Таҳрики Толибони Покистон барканор карданд.
XS
SM
MD
LG