Вазорати умури дохилӣ бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки дар ду моҳи гузаштаи имсол 373 сокини Тоҷикистон ба телефонҳои боварии вазорат дар шаҳру вилоятҳо занг задаанд ва дар бораи қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои гуногун хабар додаанд. Қариб нисфи ин муроҷиатҳо дар бораи фаъолияти кормандон ва дуруштии маъмурони милиса будааст.
Ба навиштаи вазорат, аз ҳисоби тамоми зангҳои телефонӣ, «150 ҳолати он оид ба кирдорҳои ғайриоинномавии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дағалӣ, бе асос даъват намудан, бе асос тартиб додани протоколи маъмурӣ, сари вақт таъмин накардани шиноснома аст.“ Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ҳамаи ин шикоятҳо дар бораи бадрафториву худсарии маъмурони милисаро сабт кардааст ва санҷиш дар ин замина дар раёсатҳои марбутаи вазорат идома дорад.
Шикояту муроҷиати рӯзмарра аз кору рафтори кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ охири моҳи феврал, кори мақомоти интизомиву амниятиро башиддат танқид кард ва чандин мақоми баландпояро ҳам аз кор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сохторҳои низомӣ ба ҷои пешгирии ҷиноят, савганди ёдкардаашонро вайрон карда, худ ба содир намудани ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтану додани пора, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шиканҷа, хунукназарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд.”
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар 5 соли ахир нисбат ба 1 211 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноятии дорои хусусияти коррупсионӣ тафтиш шудааст ва аксарияти гунаҳкорон, яъне 267 нафар аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон будаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, айни замон беасос ва ғайриқонунӣ оғоз намудан ва боздоштану қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, пинҳон кардани кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо дида мешаванд.
Дар Тоҷикистон шикоят аз рафтори кормандони вазорати умури дохилӣ зиёд аст ва модарони кишвар то кунун бачаҳои бехобашонро бо милиса метарсонанд ва мегӯянд, ки “зуд бихоб, вагарна милисаро даъват мекунам”. Ва ё ин таъбири мардумӣ ҳаст, ки мегӯянд, “Худо касро ба болниса ва ё милиса” гирифтор накунад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омори умумӣ дар бораи арзу доди мардум нисбат ба кормандони милисаро нашр накардааст, вале аз омори соли 2014 дар бораи фаъолияти телефонҳои боварӣ бармеояд, ки дар вилояти Суғд аз ҳисоби 500 муроҷиати мардум 226 арзи он перомуни фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла изҳори сипос ҳам будааст.
Дар як таҳқиқи афкори умум дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш анҷом шуд, 53 дарсад гуфтанд, ки кормандони бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон "бисёр бевиҷдон ва фасодкор ҳастанд" ва мардум ба мақомоти интизомӣ кам бовар доранд. Бо назардошти ин ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 -2020 қабул кард, ки як ҳадафи он боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохилӣ аст ва ба андозае, ки шаҳрвандони оддӣ дар симои онҳо муҳофизи ҳуқуқашон, посбони амнияту хоби оромашонро бубинанд, на ин ки аз онҳо битарсанд.
Мақомоти вазорат мегӯянд, барои боло бурдани боварии мардум ба маъмурони милиса чораҳои заруриро меандешанд ва чандин афсарро барои бадрафториашон бо шаҳрвандон ё аз кор рондаанд ва ё танбеҳ додаанд. Боз кардани телефонҳои боварии милиса, ки ҳар нафар метавонад, занг зада арзу додашро бигуяд, яке аз ин чораҳо будааст.
Ба гуфтаи мақомот, худи муроҷиати мардум ба сохторҳои умури дохилӣ барои ифшои ҷиноят, ё расидан ба додашон, маънии онро дорад, ки шаҳрвандони оддӣ ба кормандони милиса бовар доранд ва ба онҳо умед мебанданд, ки мушкилашонро ҳал мекунанд. Дар Стратегияи ислоҳоти милитсия то соли 2020 як бандаш ин аст, ки Корманди милитсия бояд имконияти нишон додани фикру ақидаи солим, адолатпарварӣ, камолот, одоби хуби муошират ... дошта бошад.
Дар ҳолати аз ҷониби корманди милитсия поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ба онҳо расонидани зарар, мақоми дахлдори милитсия вазифадор аст, ки барои барқарор намудани ин ҳуқуқ чораҷӯӣ намояд ва бо талаби шаҳрванд дар шакли дахлдор узр пурсад.” Зоҳиран ин банд дар Кодекси одоби кормандони политсия дар Тоҷикистон ҳам зикр хоҳад шуд, ки қарор аст, имсол вазорати умури дохилӣ лоиҳаи онро барои қабул ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунад.