Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳатмӣ шудани "либоси ягона" барои фурӯшандаҳо дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.

Оҷонсии давлатии "Тоҷикстандарт" дастур додааст, ки дар бозору дӯкон ва марказҳои тиҷоратӣ фурӯшандагон бояд, бо либоси ягона ба кор ҳозир шаванд ва либоси соҳибкорон "нишони миллӣ", ки дорои рамзу навиштаҷоти "давлати Тоҷикистон аст, дошта бошад.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Оҷонсии давлатии "Тоҷикстандарт" 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони ин ниҳод аллакай рейдҳои худро дар миёни соҳибкорону тоҷирон шурӯъ карда ва таъкид намуданд, ки дар ҳолати риоя нашудани ин дастур, иҷозатномаи фаъолияти соҳибкорӣ аз онҳо гирифта мешавад ва ҳамчунин тибқи моддаи 624 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 1000 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Масъалаи либоси ягона солҳои ахир дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта мешавад. Ҳоло аз хонандагони мактаб то донишҷӯёну хидматчиёни давлатӣ муваззафанд, ки дар вақти дарсу кор либоси муқаррашударо ба бар кунанд.

Ин иқдом ба гуфтаи масъулони "Тоҷикстандарт", "аз як ҷониб симои ҳар як фурӯшандаро зебо намояд, аз ҷониби дигар сатҳи баланди хизматрасониро ба сокинон таъмин хоҳад кард ва фурӯшандаву харидорро аз ҳам фарқ мекунад".Ҳоло ин дастур аллакай дар қисме аз марказҳои савдои пойтахт роҳандозӣ гардида, масъулин мегӯянд, чунин тартибро барои ҳамаи соҳибкорон ҷорӣ менамоянд. Чанд рӯзи ахир ҳам ин дастур дар бузургтарин бозори Тоҷикистон -- “Корвон” ҳам аз тариқи балангӯякҳо ба фурӯшандаҳо таъкид мешуд.

Дар солҳои гузашта низ мақомоти тоҷик тарзи пӯшиши либоси ягонаро барои қишрҳои дигари ҷомеа низ муқаррар карданд. Дар соли 2007 вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастурамали либоси ягонаи мактабиро қабул намуд ва онро “ба хотири аз байн бурдани фарқи либоспӯшии байни кӯдакони табақаҳои дорову нодор ва сар задани ихтилофу нофаҳмиҳо” дар мактабҳо ва “ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст”, унвон карда буд. Дар пайи он, соли 2009 либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорон ба тасвиб расид.

Либоси муаллимаҳои тоҷик.
Либоси муаллимаҳои тоҷик.

Дар соли 2014 мақомот барои зоирони тоҷик, ки ба Макка ва Мадина мераванд, ҳам либоси ягона таъйин карда буданд. Либосҳои ягонаи зоирони тоҷик низ дорои нишонаҳо ва парчами Тоҷикистон мебошад. Худи ҳамон сол барои имомхатибон ва рӯҳониёни тоҷик либоси ягона муқаррар шуд. Ин либос ранги кабуди осмонӣ дорад ва куртааш бе ёқа аст. Атрофи курта бо сари остин нақши миллии классикӣ дорад. Дар баробари ин либос имомхатибон ва сархатибон ҳатман ба сар салла хоҳанд гузошт.

Дар чанд соли ахир барои ронандагон ва пулчинҳои мусофирбарҳо дар пойтахти Тоҷикистон низ либосҳои вижа муқаррар шудааст. Ахиран вазорати тандурустии Тоҷикистон пӯшидани либоси ягонаро барои ҳамаи кормандони тиб ҳатмӣ кард. Дар вазорати тандурустӣ рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки либоси ягонаи пизишкон бар асоси дастури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки пӯшидани либоси ягона барои табибон зери назорати қатъии роҳбарияти вазорат хоҳад буд.

Масъалаи либоси ягона солҳои ахир дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта мешавад. Ҳоло аз хонандагони мактаб то донишҷӯёну хидматчиёни давлатӣ муваззафанд, ки дар вақти дарсу кор либоси муқаррашударо ба бар кунанд. Ҳарчанд мақомот ҳадаф аз ҷорӣ шудани либоси ягонаро ба танзим даровардани либоспӯшӣ дар мактаби идораҳо арзёбӣ мекунанд, мунаққидон мегӯянд, ҳадаф маҳдуд кардани пӯшиши либосҳои мазҳабист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG