Дар чанд ҷумла
163 чиниро дар Бразилия аз шароити монанд ба ғуломӣ озод кардаанд
Дар як амалиёт дар Бразилия аз корхонае 163 шаҳрванди Чинро берун овардаанд, ки ба қавли муфаттишон "дар шароити монанд ба ғуломӣ кору зиндагӣ мекарданд".
Дар ин бора “Садои Амрико” бо такя ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" иттилоъ дод. Ин коргарон барои ширкате заҳмат мекашиданд, ки мошинҳои барқии BYD истеҳсол мекунад.
Додситонии умури кори Бразилия бо нашри видео нишон дод, ки коргарон дар як ҷойи тангу торике бо катҳои бидуни кӯрпа ва бе таҷҳизот шабро рӯз мекунанд.
Дар изҳороти додситонӣ гуфта шудааст, ки коргарон дар Чин аз ҷониби ширкати Jinjiang Construction Brazil барои кор дар корхонаи воқеъ дар шаҳри Камасарии вилояти Салвадор ҷалб шудаанд.
Маъмурияти ширкат шиносномаи коргаронро гирифта, ҳар моҳ 60 дарсад аз даромади онҳоро азхуд мекардааст. "Ҳар касе аз кор хориҷ мешавад, бояд пули парвозашро ба Чин ба ширкат бипардозад", -- гуфта шудааст дар хабари расмӣ.
Додситонҳо гуфтанд, шароити зисти коргарон ба ҳадди сахте буд, ки барои ҳар 31 коргар як ташноб рост меояд ва коргарон маҷбуранд барои қазои ҳоҷат аз соати 4-и саҳар дар навбат биистанд, то ки соати 5:30 тавонанд барои ба кор рафтан омода шаванд.
Ширкати Jinjiang Construction дар Бразилия ба муроҷиати хабарнигорон ҳодиса посух надод.
BYD, истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ, дар изҳороте рӯзи 23-юми декабр гуфт, ҳама кору қарордодро бо ширкати Jinjian group бекор мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Нархи як бушка нафт то 120 доллар расидааст
Нархи нафти навъи Brent дар бозорҳои минтақаи Осиё рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, нархи як бушкаи он ба қариб 120 доллар баробар шудааст.
Аз тобистони соли 2022 то ин вақт ин бори аввал аст, ки нархи нафти навъи Brent ба ин сатҳ мерасад.
Бино ба нишондодҳои бозори бурси биржаи ICE дар Лондон, қиммати нафти Brent тақрибан 29 дарсад боло рафтааст.
Субҳ ба вақти Маскав арзиши ҳар бушка нафт 116 долларро ташкил медод, вале дертар он то ба 107 доллар поин оварда шуд.
Болоравии якбораи нархи маводи сӯхт ба ҷанг дар Ховари Миёна ва ҳамлаи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон рабт дода мешавад.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани оброҳа ё гузаргоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт гуфта мешавад. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи ин оброҳа кашонда мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки болоравии нархҳо "баҳои хеле ночиз барои амният ва сулҳи Амрикову тамоми ҷаҳон аст".
Ба гуфтаи Трамп, вақте таҳдиди барномаи ҳастаии Эрон аз байн бурда мешавад, нархҳо зуд поин мераванд.
"Сомон Эйр" аз оғози парвозҳо ба Дубай хабар дод
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз оғози парвозҳо ба Дубай хабар дод. Ин ширкат рӯзи 9 март бо нашри як эълон гуфт, рӯзҳои 11, 13 ва 15 март дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳо анҷом хоҳад дод.
Парвозҳо бо нишасту парвоз дар фурудгоҳи байналмиллалии Al Maktoum International Airport ба нақша гирифта шудаанд.
"Сомон Эйр" 3-юми март эълон карда буд, ки "ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи ҳаримӣ ҳавоӣ", парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Дубай муваққатан манъ карда мешавад.
Дар пайи он, мақомот аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, хабар дода буданд.
Ширкати “Сомон Эйр” вазифадор шуд, ки бо анҷоми парвозҳои махсус шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро аз Имороти муттаҳидаи араб ба кишвар биёрад.
Рӯзи 8-уми март ширкат 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо чунин як парвоз аз Дубай ба Душанбе овард.
Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Муҷтабо Хоманаӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари тозаинтихоби Эрон, паём дод.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми март дар номае омодагии худро барои “таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон...” изҳор доштааст.
Ӯ инчунин бе ишора ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон гуфтааст, “ҷонибдории худро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.”
Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, раҳбари куштадашудаи Эрон, рӯзи 8-уми март аз сӯи Маҷлиси Хубрагон ҷойгузини падар ва раҳбари сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб гашт.
Алии Хоманаӣ, ки 37 сол Эронро раҳбарӣ мекард, 28-уми феврали имсол, дар оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми март таҳдид карда буд, ки агар мақомҳои эронӣ ибтидо таъйиди ӯро нагиранд, раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ “дер нахоҳад поид”.
Вай аз он пеш Муҷтабо Хоманаиро шахсе “заиф” донист ва афзуд: “Писари Хоманаӣ барои ман қобили қабул нест. Мо касеро мехоҳем, ки барои Эрон оромишу сулҳ биёварад”.
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол ҳамвор набуд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва ҳамзамон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.
Манъи муваққатии сафар аз Қирғизистон ба ҳаҷҷи умра
Бо шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, Қирғизистон сафари шаҳрвандонашро ба ҳаҷҷи умра муваққатан боздоштааст.
Ба иттилои муфтиёт ё Идораи мусалмонони Қирғизистон, ин тасмим рӯзи 7-уми март дар ҷаласае бо ширкати мансабдорон, аз ҷумла аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Оҷонси ҳавонавардӣ гирифта шуд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки то замони ором шудани вазъ дар минтақа бояд ба амнияти шаҳрвандон бартарӣ дода шавад.
Ба ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳавопаймоии Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз ташкили сафари ҳаҷҷи умра худдорӣ кунанд.
Муфтиёти Қирғизистон ҳанӯз 3-юми март аз шаҳрвандони ин кишвар даъват карда буд, ки муваққатан аз сафари ҳаҷҷи умра худдорӣ кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, 22 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Ховари Миёна ҳастанд.
Дар Тоҷикистон расман дар бораи манъ ва ё маҳдуд шудани сафар ба ҳаҷ эълоне нашр нашудааст, вале баъзе аз ширкатҳои масъули гусел ва қабули зоирон гуфтанд, аз оғози нооромӣ гурӯҳеро ба Арабистони Саудӣ нафиристодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи дуюми март ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозира аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд.
Ҳабси 25 соҳибкори тоҷик бо гумони "боло бурдани нарх"
25 соҳибкорро дар шаҳри Душанбе барои, ба гуфтаи мақомот, "беасос боло бурдани нархи гӯшт" ҷазо додаанд.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо нашри хабарномае гуфт, дар як нуқтаи фурӯши гӯшт мавридҳои зиёди "худсарона боло бурдани нарх аз сӯйи тоҷирон" ошкор шудааст.
Мавқеи худи тоҷирон ва пайвандони онҳо дар ин бора маълум нест.
Ба иттилои Раёсати умури дохилӣ, 25 соҳибкор бо қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудаанд.
Пулиси Душанбе аз фурӯшандагон хостааст, ки талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро боло набаранд.
Тайи моҳҳои охир мақомоти интизомии Душанбе бо нашри акси тоҷирон аз боздошту муҷозоти махсусан гӯштфурушон барои гарон кардани нарх хабар медиҳанд.
Баъзе аз сокинон аз ин иқдоми мақомот ситоиш мекунанд, вале гурӯҳи дигар онро бенатиҷа медонанд, чун ба гуфтаи онҳо таъйини нархи гӯшт дар бозор аз тоҷирон вобаста нест.
Даргузашти ҳунарпешаи мардумӣ Тоҷиннисо Саидова
Тоҷиннисо Саидова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дар 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора баъзе аз дӯстонаш рӯзи 9-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ӯ Донишкадаи синамогариро дар Маскав хонда, фаъолиятро дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе оғоз кардааст.
Аз соли 1991 дар театри "Оина" кор мекард.
Тоҷиннисо Саидова дар намоишнома ва филмҳои зиёд нақш бозидааст. Аз ҷумла, дар намоишномаҳои "Хостгорӣ", "Исёни арӯсон", "Садо аз тобут" ва филми "Хати парвоз".
Бозгашти 178 тоҷикистонӣ аз Дубай ба Душанбе бо "Сомон Эйр"
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" рӯзи 8-уми март 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардааст.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, ин афрод баъд аз зуҳри якшанбе аз Фурудгоҳи Ал-Мактуми Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе расиданд.
Ин гурӯҳи мусофирон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, банд монда буданд.
Аз ин қабл, ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе оварда буд.
Рӯзи 5-уми март 115 нафар аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб тавассути парвози ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба Душанбе оварда шуда буданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз оғози бӯҳрон дар Ховари Миёна март эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Ҳадаф, ба гуфтаи мақомот, овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.
Трамп: Намехоҳем гурӯҳҳои курд вориди Эрон шаванд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 март дар бораи таҳаввулоти ҷанг бо Эрон гуфт, Вашингтон ният надорад иҷоза диҳад гурӯҳҳои курд аз Ироқ вориди хоки Эрон шаванд.
Раисҷумҳури Амрико пас аз ширкат дар маросими бозгардонидани ҷасадҳои шаш сарбози амрикоии кушташуда дар даргирӣ бо Эрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳавопаймоӣ президентӣ гуфт:
"Ман намехоҳам курдҳо вориди Эрон шаванд. Онҳо моиланд ворид шаванд, аммо ба онҳо гуфтаам, ки намехоҳем чунин коре бикунанд. Ҷанг ҳамин ҳоло ҳам ба андозаи кофӣ печида аст. Намехоҳам курдҳо захмӣ ё кушта шаванд".
Ӯ таъкид кард, "дар пайи ин нестем, ки курдҳо ворид шаванд. Ҳамон тавре, ки медонед, мо бо курдҳо робитаи бисёр дӯстона дорем. Аммо намехоҳем ҷанг аз ончӣ ҳаст, печидатар шавад. Ман ин гузинаро рад кардаам ва намехоҳем курдҳо вориди саҳна шаванд".
Ду рӯз қабл Трамп ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ки ӯ "комилан мувофиқ"-и ҳамлае аз сӯи ҷангҷӯёни курди Эрон дар ҳимоят аз ҷанги Амрико ва Исроил хоҳад буд.
Ӯ дар он замон ба ин хабаргузорӣ гуфт, "фикр мекунам фавқулода аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан мувофиқ ҳастам".
Мақомоти Эрон дар посух ба ин хабарҳо гуфтанд, ки агар ин гурӯҳҳо нияти ворид шудан ба хоки Эронро дошта бошанд, бо бархӯрди сахт рӯбарӯ хоҳанд шуд. Теҳрон ҳамчунин ба мақомот иқлими Курдистони Ироқ дар ин робита ҳушдор дода буд.
Чанд гурӯҳи мухолифи курди эронӣ дар минтақаи нимамухтори Курдистон дар Ироқ ҳастанд ва гоҳ-гоҳе алайҳи Теҳрон ошӯб мекунанд. Бархе аз онҳо хоҳони худмухторӣ дар дохили Эрон ҳастанд ва баъзеи дигар барои ҷудо шудан аз Ҷумҳурии Исломӣ талош доранд.
Курдҳо ҳудуди 10 дарсад аз аҳолии Эронро ташкил медиҳанд ва асосан дар ғарби ин кишвар, дар наздикии сарҳад бо Ироқ, зиндагӣ мекунанд. Эрон солҳо боз ба саркӯб ва табъйизи ақаллиятҳо ё камшуморон, аз ҷумла курдҳо муттаҳам мешавад.
ИМА аз таъхири Бритониё дар ҳимоят аз ҷанг бо Эрон интиқод кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 март бо интиқод аз Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, ИМА дигар ба фиристодани новҳои ҳавопаймобари Бритониё ба Ховари Миёна ниёзе надорад.
Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, Бритониё, ки ба гуфтаи ӯ, "замоне бузургтарин муттаҳиди Амрико" буд, акнун ба фиристодани ду нови ҳавопаймобар ба минтақа фикр мекунад".
Ӯ афзуд, "мушкиле нест, ҷаноби нахуствазир, мо дигар ба онҳо ниёз надорем, аммо инро фаромӯш нахоҳем кард. Мо ба касоне, ки баъд аз пирӯзӣ дар ҷанг ба он мепайванданд, ниёзе надорем".
Расонаҳои бритониёӣ гузориш додаанд, нови ҳавопаймобари HMS Prince of Wales барои фиристодани эҳтимолӣ ба Ховари Миёна дар вазъияти омодабош қарор гирифтааст, ҳарчанд ҳанӯз тасмиме барои ҷобаҷойи он дар минтақа гирифта нашудааст.
Вазорати дифои Бритониё низ таъкид кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои "амалиёти дифоии мушаххас" бо ҳадафи пешгирӣ аз партоби мушакҳои Эрон дар минтақа аз бархе пойгоҳҳои Бритониё истифода кардаанд.
Трамп пештар низ аз Кейр Стармер бинобар таъхир дар додани иҷозаи истифода аз пойгоҳҳои Бритониё ба Амрико интиқод карда буд.
Стармер гуфтааст, пас аз он, ки Эрон ба кишварҳое, ки дар ҷанг дахолате надоштанд, паҳбод ва мушак партоб кард, тасмими худро тағйир додааст.
Теҳрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, кишварҳоеро, ки мизбони пойгоҳҳои ҳавоии Вашингтон ҳастанд, ҳадаф қарор додааст.
Амрико ба Русия дар бораи ироаи маълумот ба Эрон ҳушдор дод
Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна эълон кард, Вашингтон ба Маскав ҳушдор додааст, ки дар ҷанги Эрон маълумоти низомӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор надиҳад.
Виткофф рӯзи 7 март дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, "ба таври ҷиддӣ" ба Русия гуфтааст, чунин маълумоте дар ихтиёри Эрон қарор надиҳад. Аммо ӯ ҷузъиёти бештар пешниҳод накард.
Пештар расонаҳо, аз ҷумла, CNN, "Вашингтон пост" ва "Ню-Йорк Таймз" ба нақл аз манбаъҳои истихборотии Амрико гузориш дода буданд, ки Кремл маълумоте дар бораи ҷойи ҷобаҷойи нерӯҳо, кишварҳо ва ҳавопаймоҳои Амрико дар ихтиёри Эрон қарор додааст.
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, айни ҳол нишонае дар даст надорад, ки нишон диҳад Русия дар ҳоли кӯмак ба Эрон аст ва афзуд, агар чунин кӯмаке вуҷуд дошта бошад, "ба назар намерасад бисёр таъсирдор бошад, зеро Эрон вазъияти хубе надорад".
Русия ва Эрон солҳои гузашта созишномаи "шарикии стратегӣ" имзо карданд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ ва аслиҳаро низ дарбар мегирад.
Аммо тибқи ин созиш, ҷонибҳо ӯҳдадор нестанд, ки дар сурати ҳамла ба яке аз онҳо аз сӯи тарафи дигар, вориди ҷанг шаванд.
Исроил Эронро дар корбурди бомбҳои хӯшаӣ гунаҳкор кард
Артиши Исроил эълон кард, ки Эрон аз оғози ҷанг то кунун борҳо аз бомби хӯшаӣ истифода кардааст.
Надав Шошонӣ, сухангӯи артиши Исроил, рӯзи 6-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, Теҳрон “чанд дафъа” аз ин навъи гулӯлаҳо истифода бурдааст. Ба гуфтаи вай, агар бомбҳои хӯшаӣ сабаби марги мардуми мулкӣ шавад, ин “ҷинояти ҷангӣ” ба шумор хоҳад рафт.
Дар наворҳое, ки Оҷонсии AFP аз рӯзи 5- уми март нашр кардааст, дар фазои қисмати марказии Исроил як селаи мушакҳо дида мешавад. Мақомоти Исроил мегӯянд, ин тасвирҳо далели корбурди бомбаҳои хӯшаӣ аст.
Бомбҳои хӯшаӣ, ки дар ҳаво таркида, сабаби пайдо шудани даҳҳо бомби хурдтар мегардад, як таҳдиди бузург ва дарозмуддат ба ҷони мардум дониста мешаванд.
Истифодаи онро беш аз 100 кишвари ҷаҳон манъ кардаанд. Таркиши ин бомбҳо якбора сурат намегирад ва он метавонад мисли мина солҳо баъд низ қурбонӣ биёрад. Исроил аз ҳалокати одамон аз таркиши чунин бомбҳо расман хабар надодааст.
На Эрон ва на Исроил ба Эъломияи манъи истифода ва истеҳсолу нигаҳдории бомбҳои хӯшаӣ аъзо нашудаанд ва ҳарду кишвар ҳам борҳо ба корбурди ин силоҳи хатарзо муттаҳам шудаанд.
Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International гуфтааст, Эрон ҳадди ақал се бор дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар соли 2025 аз бомбҳои хӯшаӣ истифода бурдааст.
Таҳминаро баъди як моҳ ёфтанд, вале на зинда
Пас аз як моҳи ҷустуҷӯ, рӯзи 7-уми март, ҷасади Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи 21-солаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ёфт шуд.
Ӯ дар оғози моҳи феврал бенишон шуда буд ва тамоми ин муддат волидонаш бо умеди пайдо кардани Таҳмина ҷустуҷӯро идома медоданд.
Акси ӯ дар Инстаграми Радиои Озодӣ зиёда аз 2 миллион бор дида шуда, шахсони зиёде ба ин кофтукоб шарик гаштанд.
Атохӯҷа Шарифов, падари Таҳмина, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш мақомоти интизомӣ ба онҳо хабар доданд, ки пайкари духтаре пайдо шудаву дар сардхонаи Ҳисор аст ва рафта шиносоӣ кунанд.
“Субҳи имрӯз оварда, дар Душанбе ба хок супурдем. Аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудааст, ҳанӯз аниқ намедонем. Нишонаҳояш маълум буд, як дандони зард дошт ва ҳамон либосу кроссовкиҳояш дар пояш буд,” – гуфт, падари Таҳмина.
Аз нопадид шудани ин донишҷӯ волидонаш моҳи феврал ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд. Ба нақли онҳо, Таҳмина рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шуд. Зангҳои пайиҳами телефонии волидон он шаб беҷавоб монда, пас аз соати даҳ телефонаш пурра хомӯш гаштааст.
Атохӯҷа Шарифов мегӯяд, ӯ тамоми ин муддат дар раванди ҷустуҷӯҳо ҳамроҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат мекард ва рӯдхонаву шаҳру ноҳияҳоро мекофтанд.
“Занг меомад, ки дар фалон ҷо духтареро дидаанд, тавассути дурбинҳои назоратӣ медидем, аммо нишону хабаре аз ӯ набуд. Ҳатто ба ОВИР рафтем, то бубинем, ки шиносномаи хориҷӣ нагирифта бошад,” - афзуд, вай.
Наздиконаш мегӯянд, дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе намедонанд. Марг ва сабабҳои бедарак шудани Таҳминаро Додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе таҳқиқ хоҳад кард. Мақомот ҳанӯз расман дар бораи фарзия ва дарёфтҳояшон хабар надодаанд.
Хабаргузории "Азия–Плюс" гуфтааст, пайкари Таҳминаро дар наздикии марз бо Узбекистон пайдо кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон баъди чанд муддати нопадидшавии духтаре, тани беҷони ӯро пайдо мекунанд. Ҳар сол дар кишвар даҳҳо нафар нопадид мешавад ва ин мавзӯъ сабаби ҳаросу нигаронӣ ҳам шудааст.
Исроил бо 80 ҳавопаймои ҷангӣ Теҳронро бомбаборон кард
Артиши Исроил эълон кард, ки субҳи 7-уми март бо истифода аз 80 ҳавопаймои ҷангӣ ба бомбаборони Теҳрон идома додааст.
Сокинони пойтахти Эрон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, садои таркишҳои зиёд ва пайиҳамро шунидаанд.
Дар изҳороте, ки шаби гузашта нашр шуд, артиши Исроил ҳадафҳои худро "иншооти низомии Эрон, майдонҳои партоби мушак ва дигар ниҳодҳои ҳарбӣ дар Теҳрон ва манотиқи марказии Эрон" эълон кард.
Бархе аз расонаҳо аз таркишҳо дар маҳалҳои маскунӣ ва кушта шудани афроди осоишта дар Теҳрон хабар додаанд.
Пештар иттилоъ расида буд, ки манотиқе дар наздикии шаҳри Экбатон ва фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ анҷом ёфта, идораи давлатии ноҳияи 16 дар Нозиободи Теҳрон низ мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтаанд.
Мақомоти Эрон дастур додаанд, ки сокинон дар хонаҳои худ монанд ва танҳо 20 дарсади кормандони давлатӣ ба коргоҳҳо рафта, занон кори худро аз манзил идома диҳанд.
288 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун оварданд
То бегоҳии 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон берун оварда шуданд.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон аз Эрон баромаданд. Вазорат таъкид кардааст, ки намояндагиҳои дипломатӣ бо шаҳрвандон "ба таври шабонарӯзӣ дар тамосанд" ва кӯмак мерасонанд.
Пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари миёна банд монданд.
Сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Иморот вазифадор карда шудаанд, ки шаҳрвандонеро, ки нияти баргаштан ба ватанро доранд, рӯйхат кунанд.
Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ҳам аз берун овардани 219 нафар аз Эрон хабар дод. Ба иттилои ВКХ 118 кас ба воситаи Туркманистон ва 101 нафар аз тариқи Озарбойҷон бароварда шуданд.
Аз ин пеш масъулин аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, иттилоъ дода буданд. Рӯзи 5-уми март ширкати “Сомон Эйр” 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.
Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардааст.
Мақомот дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки то оғози парвозҳо ба мусофирон хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, пулҳояшон тамом шуда буд, вале дар меҳмохонаҳо ройгон ҷой наёфтанд.
Узбекистон ба занони маҳбус иҷозаи таҳсили фосилавӣ дод
Ба занони маҳбус дар Узбекистон имкон дода мешавад, ки тариқи фосилавӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд.
Президенти ин кишвар, Шавкат Мирзиёев дар чорабиние бахшида ба Ҷашни байналмилалии занон дар ин бора хабар додааст.
Нашрияи Gazeta.uz аз қавли раиси ҷумҳур навиштааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳоло 2589 зан адои ҷазо мекунанд. 1239 нафари онҳо танҳо соҳиби маълумоти миёна буда, ягон тахассус надоштаанд. Беш аз 400 зани зиндонӣ майли таҳсил дар донишгоҳро доштаанд.
"Ин занон, ки бо сабабҳои гуногун ва ё аз рӯйи ноогоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, шаҳрвандони ҳамин кишвар ҳастанд. Мо бояд ҷиддан дар бораи ба ҳайёти солим баргардондан ва дубора ба узви комилҳуқуқи ҷомеа табдил ёфтани онҳо андеша кунем", — гуфтааст, Мирзиёев.
Барои супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ва таҳсили фосилавии ба занони маҳбус шароит фароҳам оварда мешудааст. Президент таъкид кардааст, ки барои онҳое, ки тариқи шартнома ба донишгоҳ дохил мешаванд, қарзи бефоиз дода мешаванд. Ин маблағро онҳо бояд баъди баромадан ба озодӣ ва соҳиби кор шудан ба давлат баргардонанд.