Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои шаҳрвандони Чин 2400 ҷойи кор тахсис дод


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони Чин 2400 бурсия ё квотаи дигари корӣ ҷудо кард. Ҷойҳои корӣ бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шуданд ва асосан ба мутахассисони сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Чин пешниҳод мешаванд. Як қисмати тӯлонии ин лӯла аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Шарт ҳамин аст, ки бар ивази ҷалб шудани як шаҳрванди хориҷӣ ба кор 9 шаҳрванди Тоҷикистонро бояд ба кор гиранд

Ихтисоси 2400 бурсияи изофии корӣ барои шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки кишвар барои ҷалби коргарони хориҷӣ дар соли равон 7,5 ҳазор бурсия ҷудо карда буд. Аксарияти ин бурсияҳоро низ шаҳрвандони Чин дарёфт мекунанд.

“Як чинӣ 9 тоҷикро бо ҷойи кор таъмин мекунад”

Моёншо Маҳмадбеков
Моёншо Маҳмадбеков

Моёншо Маҳмадбеков, масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳар сол бо фармони президент барои коргарони хориҷӣ дар Тоҷикистон квота ҷудо мешавад. Имсол тақрибан 7,5 ҳазор квота ҷудо шудааст. Бештари ин квотаҳо мисли солҳои пешин ба шаҳрвандони Чин дода мешавад, чунки саҳми ин давлат дар иқтисоди мо зиёд аст”.

Ин масъули Вазорати меҳнат мегӯяд, бахши умдаи бурсияҳои ҳаққи кор дар Тоҷикистон ба муҳандисони соҳаи саноати кӯҳӣ ва сохтмони роҳу нақлиёт пешниҳод мешавад. Аммо Маҳмадбеков мегӯяд, вақте ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби муттахасисони хориҷӣ дархост пешниҳод мекунанд, кишвар ба навбати худ дар назди онҳо шарт мегузорад. “Шарт ҳамин аст, ки бар ивази ҷалб шудани як шаҳрванди хориҷӣ ба кор 9 шаҳрванди Тоҷикистонро бояд ба кор бигиранд”, - иброз дошт Маҳмадбеков.

Қарзҳои Чин: Аз як ҷайб ба ҷайби дигар

Ба таъкиди ӯ, чанд ниҳоди давлатӣ, бо шумули Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Оҷонси муҳоҷират иҷро шудани ин шартро дар ширкатҳои хориҷӣ месанҷанд ва дар сурати риоят нашудани талабот ширкатро муҷозот мекунанд.

Тоҷикистон сол ба сол шумори бурсияҳои ҳаққи кор барои шаҳрвандони хориҷиро меафзояд. Кишвар солҳои қаблӣ барои коргарони хориҷӣ 3,5 - 4 ҳазор бурсияи корӣ ҷудо мекард. Бо бештар шудани сармоягузории давлат ва ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон шумораи коргарони чинӣ низ меафзояд.

Як шарти маъмулии Чин ҳангоми сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон низ ин ҷалби коргарони чинӣ дар сохтмон ва харидории молу маводи сохтмонии истеҳсоли Чин аст. Тоҷикистон, ки мушкили камбуди ҷойи корӣ дорад ва ҳудуди 1 миллион шаҳрвандаш дар Русия ва кишварҳои дигар кор меҷӯянд, ҳангоми ҷалби сармояҳои чинӣ дар шароити сахте қарор мегирад.

"Тоҷикистон маҷбур аст, шартҳои Чинро пазирад"

Содиқҷон Носиров, иқттисодони тоҷик, гуфт, сармоягузориҳои Чин дар кишварҳои ҷаҳони севум, аз ҷумла Тоҷикистон, “мисли гузоштани пул аз як ҷайб ба ҷайби дигар аст. “Чин дар сармоягузорӣ хеле оқилона ба нафъи худ кор мекунад. Ба кишварҳои мисли мо барои сохтмони роҳу пул ё иншооти дигар пул қарз медиҳад. Аксари корро боз шаҳрвандони худаш анҷом медиҳанд ва ҳам молу маҳсулоти ширкатҳояш дар хориҷа харидор пайдо мекунанд. Яъне, ҳамин пул боз ба Чин бармегардад, аммо дар ниҳояти амр мо қарздор мемонем”, - афзуд. Носиров.

Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, аз сӯи дигар Тоҷикистон бинобар фазои олуда ба риски сармоягузорӣ дар ҷалби сармоягузорон интихоби зиёд надорад ва маҷбур аст, шартҳои Чинро бипазирад.

Фаъолияти муҳандисон ва коргарони чинӣ дар сохтмони роҳу пул, нақб ва ё биноҳо дар Тоҷикистон манзараи наве нест. Шумораи коргарони чинӣ дар кишвар тайи даҳ соли охир паёпай меафзояд. Ин дар ҳолест, ки мардум ба ин тамоюл назари яксон надоранд.

Назарҳои мухталиф ба кори чиниҳо дар Тоҷикистон

Бархе аз кордиҳандагон ва сокинони оддӣ аз меҳнатдӯстӣ ва интизоми “оҳанин”-и чиниҳо дар иҷрои кор ситоиш мекунанд. Аммо бархеи дигар аз он норизоянд, ки онҳо ҷои кори тоҷикҳоро танг кардаанд.

Намоишгоҳи маҳсулоти чинӣ дар Тоҷикистон
Намоишгоҳи маҳсулоти чинӣ дар Тоҷикистон

Абдузоҳир Соатов, як сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, ҳангоми сохтмони хатти барқи миёни Душанбе - Хуҷанд ба кордонии чиниҳо қоил шуд. Ӯ гуфт, “дар мавзеи мо хитоиҳо хатти барқро гузаронданд. Дар ҳамин сохтмон дидам, ки чӣ гуна коргарони чинӣ болои симҳои барқ аз як симчӯб ба симчӯби дигар мегузаштанд. Дар болои симчӯб истода, хӯрок мехӯранд ва корашонро идома медоданд”.

Соатов афзуд, бо вуҷуди онки коргарони чинӣ ҷойҳои кориро бо маоши баланд банд мекунанд, аз онҳо коргарони тоҷик метавонанд усулҳои нави сохтмон ва донишҳои навро омӯзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG