Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин тоҷирони тоҷиконро "бизнес" меомӯзонад


Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, аз Чин дархост шудааст, ки мутахассисони худро ба ин кишвар бифиристад, то таҷрибаи худро ба тоҷирони тоҷик биомӯзонанд.

Оқои Раҳимзода рӯзи шанбеи 13-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чиниҳо барои омӯзонидани таҷрибаи худ дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат даъвати Тоҷикистонро пазируфтаанд ва чунин таҷриба метавонад заминаҳои рушди иқтисоди кишварро фароҳам орад.

Ба таъкиди ҷаноби Разимзода, яке аз ҳадафҳои даъват аз Чин он аст, ки ин кишвар тавонистааст бо барномаҳои иқтисодии худ дар чаҳорчӯбаи ин созмони ҷаҳонӣ зуд рушд кунад. Вай гуфт: «Ояндаи кишвар пеш аз ҳама аз ворид шудани мо ба дигар бозорҳо вобастагӣ дорад. Бозорҳои кишварҳои Аврупо барои мо кушода шуданд, аммо ин вақт мехоҳад, ки мо маҳсулотро вобаста ба талаботи давлатҳои Ғарб пешкаш кунем. Барои ин мо бояд пеш аз ҳама соҳибкоронамонро омӯзонем ва ба монанди сохторҳои дахлдор, мисли Агентии стандартизатсия, ки тибқи талаботи бозори Аврупо маҳсулоти худро омода кунем, то ба бозор роҳ ёбад. Агарчӣ имрӯз мо барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳон ҳуқуқ пайдо карда бошем, вале меъёрҳои муайяне ҳаст, ки бояд иҷро карда шавад.»

Ҷанг Вэнҷанг, донишманди чинӣ.
Ҷанг Вэнҷанг, донишманди чинӣ.
Ин дар ҳолест, Ҷанг Вэнҷанг-профессори чинӣ дар ҳамоише, ки рӯзи шанбеи 13-уми июл дар Душанбе баргузор гардид, гуфт, Чин омода аст таҷрибаи худро ба тоҷирони тоҷик биомӯзонад. Ҷаноби Ҷанг Вэнҷанг ҳамзамон афзуд, агарчи сатҳи рушди иқтисод миёни Тоҷикистону Чин хеле бузург аст, аммо умед мекунем, ки Тоҷикистон дар амали намудани нақшаи дар пешгузоштааш камтар ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад: «Истифодаи барномае, ки барои Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, ин пеш аз ҳама лозим шудани мутахассисони соҳаи бозори ҷаҳонӣ аст.»

Нусратулло Деҳқонов, намояндаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки зимни омӯзиши таҷрибаи кишварҳои бузург, алалхусус Чин, бояд ҳама паҳлуҳои масъала омӯхта шавад, зеро дар ин ҷо маблағ сарф мешавад. Ҳангоми ба бозор баровардани мол, ба хусус маҳсулоти кишоварзӣ аз оддитарин ҷузъиёти он, чӣ тавр ба стандарт ҷавобгӯ будан, чӣ гуна сифат доштан, донистани талаботи бозор ва монанди инҳо, зеро Чин ин ҳамаро хуб омӯхтааст: «Чин ин ҳамаро омӯхтааст, ки инро таҷриба мегӯянд. Тоҷирони мо бояд раванд ва тоҷирони онҳоро низ даъват карда табодули таҷриба кунанд. Тоҷикистон низ бояд кадрҳои хуб дар ин самт омода кунад.»

Фаррух Содиқов, директории иҷроияи Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон «Медат»
Фаррух Содиқов, директории иҷроияи Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон «Медат»
Аммо тоҷирони тоҷик барин назаранд, ки қабл аз ҷорӣ кардани таҷрибаи ин ё он кишвар, мисли Чин, бояд бояд таҷрибаи онҳо ҳамаҷониба омӯхта шавад.
Фаррух Содиқов, директори иҷроияи Маркази дастгирӣ ва рушди асоссиятсияҳои Тоҷикистон- «Медат» мегӯяд, Тоҷикистон барои амали гардонидани ӯҳдадориҳои худ бояд аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ин созмон омӯзад. Ба андешаи ҷаноби Содиқов, ду ҷабҳа аст, ки бояд Тоҷикистон аз он истифода кунад, яке омӯзиши мушкилиҳои он давлатҳое, ки имрӯз муваффақ шудаанд. Дуюм, омӯзиши таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта мутобиқ ба имкониятҳои дохилӣ:

«Таҷриба омӯхтан зарур аст, мо бояд донем он кишварҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ ба Тоҷикистон монандӣ доранд, вале истифодаи таҷрибаи онҳо бояд аз таҳлили амиқ гузарад. Ва бо назардошти имконияти ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ба назар гирифта шуда, баъдан зарурати истифодааш мавриди баррасӣ қарор гирад.»

Тоҷирону соҳибкорон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон набояд танҳо бо омӯзиши таҷрибаи Чин маҳдуд шавад, балки таҷрибаи ҳама кишварҳои олам мавриди омӯзиш қарор гирад. Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон низ дар суханони худ аз ҳамин равиш ҷонибдорӣ мекунад. Тоҷикистон дар таърихи 10-уми декабри соли 2012 ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пайваст ва 159-уми кишвари узви он ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG