Дар чанд ҷумла
Узвияти Тоҷикистон дар СҶТ эътибор пайдо кард
“Ворид шудани мо ба узвияти ин созмон пеш аз ҳама нишонаи истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди ин ки то то имрӯз бо кишварҳои гуногун тиҷорат доштем, лекин мо ба низоми ягонаи савдрои байналмиллалӣ ворид набудем”.
Барои даромадан ба узвияти ин созмон Тоҷикистон 12 сол пеш дархост дода буд ва тамоми ин муддат музокирот ва таҳияи қонунгузориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти байналмиллалӣ идома дошт.
Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмон 10-уми декабри соли гузашта дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири иҷроияи Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ба имзо расида буд.
Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки фазои бози тиҷорат ба вуҷуд меорад ва ҳамгироиаш бо тиҷорати ҷаҳониро суръат мебахшад.
Дар ибтидои соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат санаде фиристод ва изҳор дошт, ки омода аст, ки ба ин созмон ворид шавад. Моҳи июли ҳамон сол Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир ба ин созмон пазируфта шуд. Ҳамон вақт як гурӯҳи корӣ созмон ёфт ва ба кор шуруъ кард.
Тақрибан 12 сол ин гурӯҳи корӣ бо кишварҳои узв музокира анҷом медод. Бо ин кишварҳо дар бораи узвияти кишвари мо протокол имзо шуд. Ин корро гурӯҳи корӣ 26 октябри соли гузашта ба итмом расонид ва дар охирин ҷаласае, ки 26 октябр дар Женева баргузор шуд, ҳамаи сандҳои Тоҷикистон қабул шуд ва бад-ин тариқ марҳилаи омодагӣ ба узвият тай шуд.
.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Омодагии Қазоқистон барои қабули урани ғанишудаи Эрон
Қазоқистон омодагӣ нишон додааст, ки дар сурати ба созиш расидани Теҳрон ва Вашингтон, захираи ураниуми 60-дарсад ғанишудаи Эронро қабул ва нигоҳдорӣ кунад. Дар ин бора рӯзномаи Financial Times бо такя ба суханони Рафаел Гросси, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ гузориш дод.
Ин пешниҳод ҳамчун талош барои таҳкими эътимод миёни тарафҳо матраҳ шудааст, ки ҳадаф аз он мусоидат ба эҳёи музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва Амрико мебошад.
Рафаел Гросси ин мавзуъро 26-уми май дар сафараш ба Қазоқистон ва дар дидор бо раиси ҷумҳури он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳам матраҳ кардааст.
Қазоқистон ба далели таҷрибааш дар заминаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ, яке аз номзадҳои қобили эътимод барои қабули ураниуми ғанишудаи Эрон дониста мешавад. Қазоқистон баъди соҳибистиқлол шудан аз силоҳҳои атомии Иттиҳоди Шӯравӣ даст кашид.
Интиқоли ураниуми Эрон ба Қазоқистон ба як созиши сиёсӣ ва кумаки мутахассисони Оҷонсии байнулмилалии энержии атомӣ ниёз хоҳад дошт. Мудири ин созмон гуфтааст, дар ин замина то кунун ҳеч тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.
Русия сафирашро аз Арманистон бозхонд кард
Вазорати корҳои хориҷии Русия 30-юми май эълон кард, ки сафир Сергей Копиркин "дар робита ба талошҳои Арманистон барои наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо", барои машварат ба Маскав бозхонд шудааст.
Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид шудааст, ки иқдомҳои ахири мақомоти Арманистон "ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зарар мерасонанд".
Чор рӯз қабл Русия, Белорус, Қирғизистон ва Қазоқистон, чор кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз Арманистон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар раъйпурсӣ баргузор карда, аниқ кунад, ки бо ин созмон мемонад ё бо Иттиҳоди Аврупо кор мекунад. Арманистон ҳам узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, созмони зери назари Русия аст.
Хабаргузории РБК бо такя ба ин изҳорот навишт, дар нишасти моҳи декабри ин созмон гузориш дар бораи қатъи узвияти Арманистон шояд тасвиб шавад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 29-уми май ба Арманистон ҳушдор дод, ки пайомадҳои иқтисодии хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои ин кишвар вазнин меафтад.
Нахуствазири Арманистон гуфтааст, кишвараш феълан нияти баромадан аз ин иттиҳодро надорад.
Равобити Русия ва Арманистон дар моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст. Моҳи май Русия воридоти чанд маҳсулот аз Арманистонро маҳдуд кард. Дар оғози моҳи май Арманистон мизбони нишасте бо ҳузури роҳбарони Аврупо, аз ҷумла президенти Украина буд.
18 фавтида ва 35 захмӣ. Садамаи пурқурбонӣ дар дар шарқи Афғонистон
Дар як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар вилояти Лағмони Афғонистон 18 нафар ҳалок ва 35 каси дигар захмӣ шудаанд.
Аксари фавтидагон ва захмиён занон ва кӯдакон мебошанд.
Ҳодиса субҳи 30-юми май дар шоҳроҳи Кобул – Ҷалолобод рух додааст.
Сабаби рух додани ин ҳодисаи нохуш ҳанӯз эълон нашудааст.
Абдулмалик Ниёзӣ, сухангӯи волии Толибон дар вилояти Лағмон дар Фейсбук навишт, мусофиркаше, ки ба садама дучор шуд, гурезаҳои афғонистониро аз Покистон ба Афғонистон меовард.
Расонаҳои маҳаллии Афғонистон навиштанд, аз 18 фавтида 15 нафарашон кӯдакон ва занон ҳастанд.
Зеленский: Русия ба як ҳамлаи бузург омода мешавад
Хадамоти ҷосусии Украина дар бораи як ҳамлаи бузурги Русия ба шаҳрҳои Украина маълумот гирифтааст. Дар ин бора президент Владимир Зеленский 29-уми май хабар дод.
Зеленский дар хитоб ба сокинони кишвараш гуфт, "хоҳиш мекунам ба бонги хатар диққат диҳед, ҷони худро эҳтиёт кунед. Хадамотҳои фаврӣ омодаи кор ҳастанд".
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, яке аз ҳадафҳои асосии Киев мустаҳкам кардани низоми дифои ҳавоӣ аст.
Зеленский гуфт, Украина аз шарикони аврупоӣ барои хариди мушакҳо маблағ ҷамъ мекунад, аммо таъминоти силоҳ то андозаи зиёд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобаста аст.
Президенти Украина умедворӣ кард, ки муттаҳидони ин кишвар пуштибонии худро идома медиҳанд. Пештар Владимир Зеленский гуфт, аз ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп хост, барои муҳофизати Украина аз мушакҳои Русия кумак кунад.
Шаби 24-уми май артиши Русия ҳамлаи васеъмиқёсро алайҳи Киев анҷом дод. Дар ин ҳамла ду нафар ҳалок ва 80 кас захмӣ шуданд.
Вэнс: Ба тавофуқ бо Эрон наздик шудем, аммо ихтилоф вуҷуд дорад
Муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон то ҳол бо Эрон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидааст, аммо тарафҳо ба он наздик шудаанд.
Ҷей Ди Вэнс 28-уми май ба хабарнигорон гуфт, "наметавонам ваъда диҳам, ки ба тавофуқ мерасем, аммо дар ҳоли ҳозир эҳсоси нисбатан мусбат дорам".
Ба гуфтаи манбаъҳое, ки бо сомонаи Axios ва хабаргузории Ройтерз суҳбат кардаанд, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон 28-уми май ба тавофуқе даст ёфтаанд, ки тамдиди оташбас ва бекор кардани маҳдудиятҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро пешбинӣ мекунад. Аммо ин тавофуқ бояд аз сӯи президент Доналд Трамп тасдиқ шавад.
Вэнс гуфт, дар музокирот бо Теҳрон бар сари чанд мавзуъ, аз ҷумла захираи урани Эрон ихтилоф вуҷуд дорад.
"Дақиқан наметавон гуфт, ки раиси ҷумҳур ёддошти тафоҳумро имзо хоҳад кард ё на. Мо бар сари чанд нукта дар матн ҳамчунон дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем", - афзуд Венс.
Муовини раисиҷумҳури Амрико афзуд, Иёлоти Муттаҳида дар мавқеияте аст, ки метавонад барномаи ҳастаии Теҳронро ба таври қобили таваҷҷуҳе ақиб андозад.
Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш
Додгоҳи шаҳри Исфара волидайни як навраси 16-соларо барои нос бурдан ба мактаб бештар аз 100 доллар ҷарима бастааст.
Додгоҳ дар як баёния расмӣ гуфтааст, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз ӯ Н.Т ном бурдаанд, "барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар тарбияи фарзанди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд".
Бар тибқи иттилои додгоҳ, фарзанди ин хонавода ва хонандаи синфи 9-ум моҳи декабри соли 2025 ба мактаби рақами 55 ноҳияи Исфара нос бурдааст, ки мухолифи қонун аст.
Бар асоси Қонун дар бораи тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон, падару модар набояд бигузоранд, ки фарзанди ноболиғашон ба тамоку, ё маводи мухаддир дастрасӣ дошта бошанд.
Аз волидайни ин наврас барои зоҳиран носкашии фарзандашон 1125 сомонӣ ($ 121) ҷарима ситонидаанд. Додгоҳ замони эълони ҳукмро нагуфтааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан ҳукмҳои ниҳоӣ ва иҷрошударо дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд.
Бархӯрди паҳподи Русия ба як бино дар Руминия
Як паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини Русия ба баландошёнае дар Руминия бархӯрдааст.
Ҳодиса шаби 29-уми май дар шаҳри Галатс дар 11 километрии марз бо Украина рух додааст.
Мақомоти Руминия аз захмӣ шудани ду нафар хабар доданд.
Вазорати дифои Руминия гуфт, барои нобуд кардани паҳподи русӣ ҷанганда ва чархболҳо парвоз карданд, аммо пеш аз нобуд кардан, дрон ба болопӯши бинои истиқоматӣ бархӯрд.
Шоҳидон навори бархӯрди паҳпод ва сӯхтор дар ин маконро нашр карданд.
Пештар Вазорати дифои Руминия борҳо аз вуруди паҳподҳои Русия хабар дода буд, аммо ин бори аввал аст, ки бесарнишинҳо сабаби захмӣ шудани одамон мегарданд.
Руминия аз НАТО дархост кардааст, ки барои осон кардани мубориза бо паҳподҳо ба ин кишвар кумак кунад.
Сел ба чанд хона ва роҳу хатҳои барқ дар Панҷакент зарар расонд
Дар пайи фаромадани сел дар шаҳри Панҷакент чанд хона, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, низоми обрасонӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, "дар натиҷаи офати табиӣ 26 хонаи истиқоматӣ пурра, 1 хона қисман, 34 иншооти ёрирасон, 2000 метр роҳ, 13,2 км шабакаҳои обёрӣ, хатҳои интиқоли барқ, хатти оби нӯшокӣ ва 70 гектар заминҳои кишоварзӣ зарар диданд".
Манбаъ мегӯяд, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Панҷакент–Айнӣ низ муваққатан қатъ гардида, баъдан пурра барқарор шуд.
Мақомот гуфтанд, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаҳои ширкатҳои хусусӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар шудаанд.
Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва бодҳои сахт буд. Рӯзи 27-уми май шамоли сахт дар шаҳри Душанбе ба чандин бино ва нақлиёт дар Душанбе зарар расонд.
Пеш аз он дар оғози моҳи май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.
Як зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст
Як зоири тоҷик дар вақти адои маносики ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Абдуманнон Эрматов 59 сола ва вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Исфара буд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Исфара дар хабарномае навишт, маросими видоъ бо ҳузури раиси шаҳр ва дигар собиқадорон 28-уми май баргузор шудааст.
Дар бораи сабабҳои марги ин зоир чизе гуфта нашудааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба Кумитаи дин муроҷиат карда ва мунтазири посух аст.
Маросими ҳаҷҷи имсола аввали моҳи май оғоз шуда, қарор аст то ду ҳафтаи оянда зоирини тоҷик ба ватан баргарданд.
Солҳои гузашта низ фавти зоирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод.
Ҳамасола ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд.
Дар Тоҷикистон чор корхонаи нави семент месозанд
Дар пайи нигаронии сокинон аз камчин шудани семент ва якбора боло рафтани нархи ин маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар, президент Эмомалӣ Раҳмон дастури сохтани чор корхонаи сементро додааст.
Дафтари матбуоти президент навишт, "давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд".
Мақомот мегӯянд, бо бунёди ин корхонаҳо иқтидори истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар зиёд шуда, қариб 5 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Аммо дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки корхонаҳои нав кай ва аз ҳисоби сармояи кӣ ё кадом кишвар сохта мешаванд? Корхонаҳои сементи Тоҷикистон, ки асосан бо сармоя ва технологияи Чин сохта шудаанд, нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён овардаанд.
Сокинон шикоят доранд, ки давоми ду ҳафтаи ахир нархи як халта семент аз 45-50 сомонӣ ба 70-80 сомонӣ расид. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар бисёр мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе семент камёб шудааст.
Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи камбуди семент дар кишвар баҳс шуд ва раиси ҷумҳур аз ин вазъ интиқод кард. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.
Пoрлумони Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо ширкати наздик ба Путин ҳимоят кард
Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 26 май барпо шудааст, чанд санад, аз ҷумла як созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати русие имзо шуд, ки чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст.
Хабаргузории “Ховар” рӯзи 28 май навишт, Маҷлиси намояндагон ду рӯз пеш чанд созишномаро ба тасвиб расонд. Дар байни онҳо, аз ҷумла, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми Гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери саноати сабуки Гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ин созишнома дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд. Ду раҳбар он замон дар изҳороти муштараке ба тавсеаи ҳамкориҳои шарикии ду кишвар дар соҳаи ҳарбию техникӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар хабари мухтасари расмии рӯзи панҷшанбе омадааст, ҷаласа таҳти раёсати раиси маҷлис Файзалӣ Идизода ҷараён гирифт ва дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини раиси кумита оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода, узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фарҳод Каримзода ва узви кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Баҳриддин Зиёӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар хабари расмӣ ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад.
Вале мавзӯи гурӯҳи БТК аз он назар мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки бино ба як таҳқиқи Радиои Озодӣ, ин ширкат инак чор сол аст бо таҳияи либоси ҳарбӣ ба артиши Русия дар ҷанги Украина машғул аст.
Ин ширкати русӣ, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шуд. Ва як таҳқиқи Радиои Озодӣ аз соли 2025 нишон дод, ки давоми ду соли гузашта 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.
Мақомоти тоҷик ба ҷуз расман нашр кардани хабари ҳамкории ин ширкат бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, дигар паҳлӯҳои он, аз ҷумла, ирсоли маҳсулот ба ҷанги зидди Украинаро шарҳ надоданд.
Шамоли сахт ба даҳҳо хона ва мошин дар Душанбе зарар расондааст
Шамоли сахти субҳи 27-уми май ба чанд бино дар Душанбе зарар расонда, сокинони зиёдеро аз нерӯи барқ маҳрум кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 28-уми май дар гузорише навишт, "дар натиҷаи боди сахт дар шаҳри Душанбе дарахтон шикаста, болопӯши биноҳои баландошёна қисман зарар дидаанд".
Гуфта мешавад, шамоли сахт болопӯши 12 биноро дар пойтахт хароб кардааст.
Аз ҷумла намои берун ё фасади бинои навбунёди Хадамоти алоқа дар маркази шаҳри Душанбе зарар дидааст.
Сақфи Маркази таълимӣ ва қисми ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ дар ин ҳодиса осеб дидааст.
Ба иттилои расмӣ, шамоли сахт ба се автомашина дар ноҳияи Сино зарар расонд.
Ҳамчунин 22 дарахт дар чор ноҳияи Душанбе дар шамоли сахт шикастаанд.
Ба гуфтаи мақомот, талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани сокинон дар ин ҳодиса сабт нашудааст.
Шамоли сахт тахминан соати 2-и субҳи 27 май сокинони пойтахтро тарсонд ва бархе онҳо мегӯянд, чанд сол боз ингуна вазидани бодро надида буданд. Ин ҳодисаи табиӣ дар рӯзе иттифоқ афтод, ки сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд. Сокинон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт гуфтанд, дар пайи шамоли сахт нерӯи барқ қатъ шуд ва қариб як рӯз бе рӯшноӣ буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, “барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ” наҷотдиҳандагон, хадамоти коммуналӣ, энергетикҳо ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар гардидаанд.
Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.
Интиқоди президент аз камчин шудани семент дар Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз коҳиши ҷиддии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Зоҳиран, қисмати муҳими ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 28 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ба мушкилот дар соҳаи истеҳсоли семент – маҳсулоти муҳими соҳаи бинокорӣ ихтисос ёфт.
Бино ба хабари сомонаи президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа, “аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар” танқид шудааст. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.
Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои давлатии масъул супориш шудааст, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд ва аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи ин маҳсулот пешгирӣ шавад.
Ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, ба навиштаи ин хабар, аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст ва мушкилоти “сунъии эҷодшуда дар бозор” метавонад рушди соҳаро халалдор кунад, гуфтааст президент.
Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар гузорише аз якбора боло рафтани нархи семент дар моҳи маи имсол иттилои муфассале нашр кард. Дар бозори сохтмон агар моҳҳои март-апрел як халта сементро вобаста ба навъу сифаташ аз 45 сомонӣ боло мефурӯхтанд, ҳоло он то 70 сомонӣ боло рафтааст.
Истеҳсоли семент, ки як маҳсулоти муҳими сохтмонӣ аст, дар ихтиёри ширкату гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат аст ва кори ин корхонаҳо дар вобастагии наздик бо таъминкунандагони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Тиҷорати Тоҷикистон ва Эрон сарфи назар аз ҷанг зиёд шудааст
Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.
Ин омор дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар садо дод. Ин нишаст 26-уми май дар Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои расмӣ, намояндагони Тоҷикистон ва Эрон ҳамкори ду кишвар "дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология"-ро баррасӣ кардаанд.
Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, пиставу чормағз, шакар ва масолеҳи сохтмониву маводи шустушӯ меоранд. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта ва алюминийи коркарднашуда мебаранд. Дар баробари молу маҳсулоти гуногуни Эрон дар бозорҳо, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" аз тарҳҳои бузурги ин кишвар дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Додугирифти Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле зиёд шудааст, ки Теҳрон аз охири феврал то аввали апрел бо Амрико ва Исроил ҷанг дошт. Амрико ва Исроил 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас ҷорӣ шуд.
Тоҷикистон барои рушди чорводорӣ қариб 20 миллион доллар грант мегирад
Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот ва рушди чорводорӣ ба Тоҷикистон қариб 20 миллион доллар грант ё кумаки молии ройгон медиҳад.
Созишномаи мазкурро 26-уми май вазири молия ва мудири минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон имзо кардаанд.
Ба гузориши Вазорати молия, 19,7 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ" (AMAL) сарф мешавад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ 2,3 миллион доллар будааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа рушди чорводорӣ "тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим" гуфта шудааст. Ҷузъиёти бештари ин тарҳ маълум нест.
Дар Вазорати молия гуфтанд, лоиҳа ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавиро дарбар мегирад.
Дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 70 дарсади сокинонаш дар деҳот ба сар мебаранд, кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад. Аммо дар солҳои ахир кишоварзон аз камбуди об, гарон будани нуриҳои минералӣ ва фишори мақомот барои кишти пахта шикоят доранд.