Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коммунисти Чин мехоҳад, ки Си Ҷинпин то соли 2028 президент бимонад


Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.

Ҳизби коммунисти Чин дар остонаи нишасти серӯзааш хоҳони ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар аст, то замони президентӣ ба ду давраи панҷсола маҳдуд набошад.

Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, ки рӯзи якшанбеи 25-уми феврал дар хабаргузории давлатии он кишвар нашр шуд, Си Ҷинпин, президенти кунунии Чин метавонад баъд аз соли 2023, яъне панҷ соли дигар ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад. Бар асоси қонуни феълии Чин, президент ва муовинаш фақат метавонанд ду давраи пайдарпай ифои вазифа кунанд.

Аз Си Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва аз ҷумла мехоҳад, то соли 2020 фақрро аз байн барад.

Нишасти серӯзаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин қарор аст имрӯз, душанбеи 26-уми феврал баргузор шавад. Дар ҳоле, ки Си Ҷинпин ҳудуди панҷ сол қабл раёсати ҷумҳурии Чинро ба ӯҳда гирифт, Ҳизби коммунист ахиран президентии ӯро барои дувумин давраи панҷсола, тамдид кард. Қаблан ҳам гуфта мешуд, ки оқои Си Ҷинпин мехоҳад давраи раёсати ҷумҳурии вай то соли 2023 ва баъд аз он ҳам тамдид карда шавад.

Сиёсатмадори оянданигар

Аз Си Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва аз ҷумла мехоҳад, то соли 2020 фақрро аз байн барад. Ҳамчунин ӯ мехоҳад тарҳҳои нави тиҷоратиро роҳандозӣ кунад. Раиси ҷумҳури кунунии Чин аз замони ба қудрат расидан, муборизаи сахтеро бо фасоди молӣ дар пеш гирифтааст.

Дар моҳи октябри соли гузашта Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпинро бори дигар раҳбари ин ҳизб интихоб кард. Вай ҳамчунин бори дигар раҳбари Комиссияи марказии низомӣ, баргузида шуд. Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин аз ҳафт нафар иборат аст ва президент Си Ҷинпин ва нахуствазири он кишвар Ли Кэсян дар миёни онҳо мебошанд.

Як рӯз пеш аз интихоби Си Ҷинпин ба мақоми раҳбарии Ҳизби коммунисти Чин, ном ва афкори ӯ ба оинномаи ин ҳизб илова шуд. Ин нахустин бор аз замони Мао Дзе Дун, бунёдгузори Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки ном ва ақидаи як раиси ҷумҳур дар вақти барҳаёт будани ӯ, ба оинномаи ҳизби ҳокими Чин илова мешавад.

Президени Чин дар маросими ифтитоҳи ин Анҷуман гуфта буд, ки Пекин "дарҳои худро бар рӯи ҷаҳон нахоҳад баст" ва иқтисоди Чин аз гузашта бештар пазирои ҷаҳон хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, "дарҳои боз пешрафро барои мо ҳадя хоҳад овард... мо фақат бозтар ва бозтар хоҳем шуд."

Си Ҷинпин ҳамчунин гуфт, ки "сотсиализм бо вижагиҳои чинӣ вориди замонаи нав шудааст ва акнун давраи таърихии нав дар рушди кишвари мо оғоз мешавад."

Интиқодҳо аз Чин

Ин кишвар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Чин, ки яке аз густурдатарин шабакаҳои сонсури шабакаҳои маҷозӣ дар ҷаҳонро доро аст, ба саркӯби мухолифон, вакилони дифои зиндониёи эътиқодӣ ва сиёсӣ, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин дахолат дар умури бархе кишварҳо, аз ҷумла Тайванд, муттаҳам мешавад. Чин Тайванро як вилояти "саркаш" меномад.

Густариши ҳузури низомии Чин дар обҳои минтақа мавриди нигаронӣ ва интиқоди кишварҳои ҳамсоя мебошад. Аз сӯи дигар, бархе аз нозирон мегӯянд, дар ҳоле, ки сиёсати Амрико таҳти раҳбарии Доналд Трамп бар пояи "Аввал Амрико", пеш меравад, Ҷумҳурии мардумии Чин қасд дорад парчамдори "ҷаҳонисозӣ" шавад.

Чин ва Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Чинро як шарики муҳими стратегӣ меноманд. Ин кишвар, бахусус дар давраи раҳбарии Си Ҷинпин, ки аз Тоҷикистон ҳам дидан кардааст, ба тарҳҳои зиёди инфрасохториву истеҳсолӣ сармоягузорӣ кардааст. Гардиши солонаи молу коло миёни ин ду кишвар ба 2 миллиард доллар баробар аст.

XS
SM
MD
LG