Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон як ширкати дигари Чинро аз боҷу андоз озод кард


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизот ва фанновариҳоеро, ки ширкати чинии TBEA барои истихроҷи тило дар конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд меорад, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард. Ин ширкат дар ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2 дар Душанбе ба ин конҳо дастрасӣ пайдо намудааст.

Мухолифон борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ гузоштани конҳои маъдан, аз ҷумла тилову нуқра, ки баъзеи онҳо дар шакли хом ба берун бурда мешаванд, танқид кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин ҳадя ё фурӯхтани сарватҳои табиии Тоҷикистон нест, балки як навъ ҷалби сармояи хориҷист.

Нусхаи қароре, ки ҳукумати Тоҷикистон 615 навъи молу таҳҷизот ва фановариҳои ширкати чинии ТВЕА-ро аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард, рӯзи 22-юми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Феҳрасти таҷҳизоти чинӣ, ки бидуни кадом як пардохте акнун ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз мошинҳои сабукраву борбардор ва трансформатор иборат аст. Дар ин санад гуфта намешавад, ки нархи ин ҳама молу таҷҳизот чанд аст ва будҷаи Тоҷикистон аз чӣ миқдор даромад маҳрум мемонад.

Масоҳати кони тилои “Кумарғи Боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” 15,4 километри мураббаъ буда, захираҳои исботшудаи тило дар онҷо 51,7 тонна ҳисоб шудааст. Бар илова, ба тахмини геологҳо, беш аз 117 тонна захираи тилои собитношуда дар ин конҳо вуҷуд дорад.

Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро ба анҷом расонд. Аз ин миқдор 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон буд. Маблағи боқӣ қарзи “Эксимбонк”-и Чин аст, ки ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ки ТВЕА хароҷоти худро аз ин конҳо мебарорад ва тилои боқимонда ба нафъи кишвар истихроҷ мешавад. Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои stcn.com дар Чин гуфтааст, "агар ширкат аз ин ду кони тило хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст, ки ба ширкат муҷаввизи конҳои дигарро ҳам бидиҳад".

Искандар Шершеев, иқтисоддон аз Қирғизистон, ки мавзӯи сармоягузориҳои Чин ба конҳои маъдан дар Осиёи Миёнаро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳукуматҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ бояд истодагарӣ кунанд. "Чин ба иқтисоди технологияҳои баланд гузаштанист ва ба металҳои нодир сахт эҳтиёҷ дорад. Ширкатҳои Чин дар чаҳор сӯйи ҷаҳон истихроҷи ин металҳоро зери инҳисори худ дароварда истодаанд. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, ки аз камбуди сармоя ранҷ мебаранд, бояд дар баробари тавсеаталабии Чин истодагарӣ кунанд ва дар ҳар лоиҳа саҳми кишвари худро ҳифз кунанд”, -- иброз дошт ӯ.

Шершеев афзуд, дар ғайри сурат кишвар ба як манбаи "ашёи хоми Чин бадал мешавад ва ҳамагуна заминаҳои рушдро аз даст медиҳад. Бо тамом шудани захираи конҳо кишварро “балои ашёи хом” (ресурсное пролятие) мунтазир аст."

"Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" танҳо конҳое нестанд, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон онро дар ихтиёр доранд. Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон" ва "Покруд" дар Ромит низ дар истифодаи сармоягузорони чинӣ ҳастанд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон моҳи феврали имсол посух дода буд, ки чаро Душанбе бисёре аз конҳои тилоро дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ гузоштааст. Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ гуфт, "танҳо онҳо метавонанд ба захираҳои қаъри замини Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Конҳо дар доираи қонун ва бар асоси озмун ба ширкатҳои чинӣ дода шудаанд."

Вазир аз майли зиёди чиниҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тавсиф кард, вале айни замон аз ҳамкории, ба гуфтаи ӯ, номуввафақи ширкатҳои ғарбӣ шиква намуд. Файзуллозода, барои мисол, аз фаъолияти ширкатҳои "Тетис Петролиюм" ва "Commonwealth & British Mineral Ltd" гила кард, ки ба қавли ӯ натавонистанд, ба ҳайси сармоягузор аз ӯҳдаи кори худ бароянд.

Бо ин ҳол, натанҳо дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ, балки дар Ғарб низ аз сармоягузориҳои зиёду нуфузи Чин дар ин кишварҳо меандешанд. Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 22-юми имсол дар суҳбат бо вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк гуфт, Чин кишварҳои Осиёи Марказиро ба гирифтани қарзҳое ташвиқ мекунад, ки имкони баргардондани онро надоранд ва ба эҳтимоли зиёд ба Пекин дар корҳои дохилӣ ва дастрасӣ ба захираҳои табиии онҳо нуфузи бештар хоҳанд дод.

Помпео ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки дар ҷараёни арзёбии лоиҳаҳои бузург ширкатҳои амрикоиро низ дар назар гиранд ва Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст, имконоти сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро баррасӣ кунад.

Ахиран як ширкати чинӣ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон иҷозаи истихроҷи нуқра аз кони "Якҷилва"-ро ба даст овард ва 7 сол аз пардохти боҷи гумрукиву андоз озод шуд. Ин тасмими мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд, вале мақомот гуфтанд, ҷойи нигаронӣ нест.

Шарҳҳоро бинед (14)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG