Пайвандҳои дастрасӣ

Занони Дӯстӣ: Чиниҳо ваъда медиҳанд, пул намедиҳанд. ВИДЕО


Кормандони як ширкати чинӣ дар Хатлон аз таъхир дар пардохти ҳаққи заҳмати худ шикоят доранд. Дар ҳоле ки намояндагони “Чунтай-Хатлон” аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд, коргарони яке аз бахшҳои ширкат дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, танҳо ба сокинони деҳаи онҳо 9 000 сомонӣ маош пардохт нашудааст.

  • Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ширкати чинӣ дар пардохти андоз таъхир намекунад.
Ҳамарӯза ба назди раҳбарон меравам, ки пули мардумро диҳанд, аммо "пагоҳу фардо” гуфта, ваъдахилофӣ мекунанд.

Минтақаи Гаравутии ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) дар 170-километрии ҷануби Душанбе воқеъ аст ва яке аз гармтарин минтақаи Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳаиталӣ Тошбултаев, сокини бознишаста, рӯзи 5-уми июн гуфт, феълан ҳамаи заминҳои минтақа ба ширкати “Чунтай-Хатлон” вогузор шудааст. Ӯ гуфт, мардони деҳа дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия рафтаанд ва занҳо машғули кор дар заминҳои иҷораи чиниҳо ҳастанд.

"Ба ҳар оила як гектар замини пахта вобаста шудааст. Чиниҳо аз ҳар гектар замин ҳудуди 20 сентнер пахта мегиранд. Келини ман машғули чобуқ аст. Чиниҳо барои ин кораш дар як мавсим 170 сомонӣ медиҳанд. Аммо ҳамин маблағро ҳам гирифта наметавонад”, - афзуд ӯ.

“Гапи инҳо комилан дуруст аст”

Сайрам Ҳакимоваи 35-сола мегӯяд, раҳбарияти ширкат ваъда дода буд, ки баъд аз нарм кардани бехи пахта маблағи корашро медиҳад. Аммо то ба ҳол аз ин ширкат ҳатто як сомонӣ нагирифтааст. Вай афзуд, соҳиби 4 фарзанд аст ва танҳо аз ночорӣ дар чунин шароит кор мекунад.

Хонум Ҳакимова гуфт, "тӯли ду моҳи охир ду дафъа масоҳати як гектар пахтазорро чобуқ ё аз алафи бегона тоза кардам. Баҳор сербориш омад ва алафи бегона зуд мерӯяд. Зери офтоби тафсон кор мекунам, аммо чиниҳо фақат ваъда медиҳанду лекин пуламонро намедиҳанд”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

Шикояти коргарони тоҷик аз як ширкати чинӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Носир Ҷабборов, намояндаи ширкати “Чунтай-Хатлон” дар рустои Кӯҳдомани ноҳияи Дӯстӣ, дар посух ба даъвои занҳои кишоварз гуфт, “гапи инҳо комилан дуруст аст”. Вай афзуд, 52 гектар пахтазорро чиниҳо бар зиммааш гузоштаанд ва нигоҳубини ҳар як гектарро вай ба як оила тақсим кардааст. Ҷабборов мегӯяд, “ҳар рӯз ба назди раҳбарон меравам, ки пули мардумро диҳанд, аммо “пагоҳу пагоҳи дигар” гуфта, ваъдахилофӣ мекунанд. Бо чиниҳо тавассути тарҷумон сӯҳбат мекунам ва ба ин далел ҳадафи аслии онҳоро рӯшан намефаҳмам.”

Раиси ноҳия: Чиниҳо мардумро аз беобӣ наҷот доданд

Нур Саидзода
Нур Саидзода

Намояндагони ширкати “Чуантай-Хатлон” дар ҷамоати “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” нахостанд, дар ин бора бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд. Як корманди ширкат баъд аз фаҳмидани ҳадафи сафари мо аз сӯҳбат худдорӣ кард ва нахост аз утоқи кориаш берун шавад.

Кормандони ширкат мегӯянд, то ҳол ба ҷое шикоят накардаанд ва акнун мехоҳанд, ин қазияро ба баррасии мақомоти ноҳияи Дӯстӣ гузоранд. Мақомоти маҳаллӣ ҳам мегӯянд, аз вуҷуди мушкили таъхир дар пардохти ҳаққи заҳмати кормандон хабар надоранд.

Нур Саидзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, рӯзи 4-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски кормандони ширкат ба онҳо муроҷиат накарданд, аз ин мушкил хабар надоранд. Вале аз назари пардохти молиёт, ба гуфтаи Саидзода, кори ширкати “Чунтай-Хатлон” ҳеч мушкил надорад.

Ҳуқуқдон: Шарт нест, қарордод хаттӣ бошад

Саидзода гуфт, “ин ширкат бахши бузурги воридоти буҷети маҳаллиро таъмин мекунад. Мардумро аз беобӣ наҷот доданд. Барои ҳазорҳо нафар ҷойи кор пайдо шуд. Мутмаинам, агар миёни корфармо ва кишоварз қарордод вуҷуд дошта бошад, ҳаққи заҳматаш сари вақт пардохта мешавад”.

Аммо Маҳмурод Одинаев, мушовири “Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон” гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон вуҷуди қарордоди хаттӣ дар ин ҳолат зарур нест. Вай афзуд, қонунгузорӣ вуҷуди созиши шифоҳӣ ё даҳониро низ пешбинӣ кардааст.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

“Муҳим занҳо ин заминҳоро аз алафи бегона комилан тоза кардаанд. Онҳо зери офтоби тафсон кор мекунанд. Ширкат муваззаф аст, ҳаққи кори онҳоро пардохт кунад, зеро натиҷаи фаъолияташонро ҳама мебинанд. Чунин рафтори ширкати “Чунтай-Хатлон” ғайриқонунист”, - шарҳ дод ӯ.

Иҷораи садҳо гектар замин барои 49 сол

Дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ беш аз 2,5 ҳазор гектар замин ба иҷораи ширкати чинӣ дода шудааст. Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати “Чунтай-Хатлон” соли 2015 аз ҷониби порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд. Тибқи ин санад ширкати “Чунтай - Хатлон” дар 15 ҳазор гектар замини ноҳияи Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Дӯстӣ бояд ба парвариши пахта машғул шавад.

​Ин миқдор замин ба ширкати “Чунтай-Хатлон” ба мӯҳлати 49 сол ба иҷора дода шудааст. Маъмулан чиниҳо дар ин заминҳо пахтаро аз тариқи зери пленка ва бо усули обёрии қатраӣ кишт мекунанд. Интизор меравад, ҳосили ба даст омадаи пахта дар корхонаи нассоҷии Данғара, ки бунёдаш идома дорад, ба матоъ табдил дода шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG