Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин роҳ поёни ҷанг аст." Чанд "агар"-и "Ҳамос" ва Исроил барои созиши оташбас


Навори Ғазза, 3-юми июни 2024
Навори Ғазза, 3-юми июни 2024

Гурӯҳи “Ҳамос” 4-уми июн эълон кард, ки агар Исроил тамоми нерӯҳояшро аз Ғазза берун наорад ва ҷангро пурра бас накунад, ба пешниҳоди оташбас розӣ нахоҳад шуд. Мақомоти Исроил баръакс гуфтанд, то гаравгонҳо пурра озод нашаванд ва “Ҳамос” нобуд нагардад, ба оташбаси доимӣ дар Ғазза розӣ намешаванд.

Ҷо Байден, президенти Амрико, тарҳеро пешниҳод кард, ки бар асоси он “Ҳамос” гаравгонҳоро озод мекунад, Исроил аз Ғазза берун мешавад ва оташбаси доимӣ барқарор мегардад. Исроил ҳамлаҳоро ба Ғазза идома медиҳад ва талошҳои оташбас ба монеа рӯ ба рӯ шудаанд.

Қатар, ки дар гуфтушунидҳо аз “Ҳамос” намояндагӣ мекунад, гуфт, мавқеи ду ҷониб барои оташбас рӯшан нест. "Мо мебинем, ки мақомдорони Исроил дар ин масъала зидди ҳам гап мезананд. Мо аз ҳарду ҷониб ҳеч пешниҳоде нагирифтем, ки барои идомаи гуфтугӯи оташбас умедворкунанда бошад,” – гуфт Маҷид Ансорӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Қатар.

Исроил мегӯяд, то нобудии пурраи "Ҳамос" ҷангро идома медиҳад ва ин хилофи чизест, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод карда буд.

Байден дар суҳбате гуфт, ба ин назар, ки Бенямин Нетаняҳу барои бақои худ дар қудрат ҷангро идома медиҳад, метавон розӣ шуд, вале рӯзи сешанбе дар посух ба суоле гуфт, фикр намекунад, Нетаняҳу бо сиёсат бозӣ дорад. “Чунин фикр надорам. Ӯ кушиш дорад, ки мушкилоти ҷиддии худро ҳал кунад,” – гуфт Ҷо Байден.

Амрико пешниҳод кардааст, ки оташбаси шашҳафтаина эълон шавад, "Ҳамос" баъзе аз гарагавонҳоро бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фаластинӣ озод кунад ва Исроил нерӯҳояшро аз минтақаҳои аҳолинишин берун кунад.

"Ҳамос" гуфтааст, созиши оташбасро намепазирад, зеро…
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Амрико ҳамчун пуштибони Исроил умедвор аст, ки ду ҷониб барои қабули ин тарҳ ба мизи музокирот мешинанд. Ба қавли Ҷон Кирбӣ, сухнагӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, "мо комилан ба ин назарем, ки Исроил тарҳро пуштибонӣ мекунад, чун худи онҳо инро пешниҳод карданд. Ва ин ба манфиаташон аст. Ба манфиати "Ҳамос" низ. Онҳо мегӯянд, поёни ҷангро мехоҳанд. Ин роҳ поёни ҷанг аст.”

Ҳамлаҳои Исроил ҳар рӯз ба сари фаластиниён дар Ғазза фоҷеа меорад. Бо ин аҳвол, музокиракунандаи собиқ аз ҷониби Амрико ба созиши оташбас хушбин нест.

Арон Давид Миллер аз Маркази Карнегӣ барои сулҳ мегӯяд, "пешгӯии ман ин аст, ки ҳатто агар ҷонибҳо ба оташбас розӣ шаванд, ки ин дар гумон аст ва то ҷое сиёсатҳои Исроилро медонам, эҳтимол танҳо як бахши он амалӣ шавад. Аз ин бештар интизор надорам.”

Пешниҳоди Байден барои оташбас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милал хуш пазируфта шудааст.

Ҳанӯз поёни ҷанг маълум нест ва Исроил беист аз замину осмон ҳамлаҳои худро ба Ғазза идома медиҳад. Теъдоди кушташудҳо рӯз то рӯз бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG