Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста муборизаро барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома медиҳад

Бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика - ҷараён дорад, 12-уми июл ба поён расиданд. Аз рӯйи натиҷагирии онҳо ҷуфтҳои иштироккунандаи нимфинали мусобиқа муайян шуданд.

Бозии севуми 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Норвегия ва Англия, ки шаби 12-уми июл дар варзишгоҳи «Хард Рок» дар Майами (иёлати Флорида, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии инглисҳо дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Замони асосии дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Нимҳимоятгари мунтахаби Норвегия Андреас Шелдеруп дар дақиқаи 36-ум ҳисобро кушод. Нимҳимоятгари мунтахаби Англия Ҷуд Беллингем дар дақиқаи 45+2 ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиоварро Беллингем дар замони изофа, дар дақиқаи 93-юм, ба самар расонд.

Мунтахаби Англия ба нимфинали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 роҳ ёфт, аммо тими миллии Норвегия аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Бозии чаҳорум ва охирини 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Аргентина (Оржонтин) ва Швейтсария (Суис) 12-уми июл дар варзишгоҳи «Эрроухед» (Канзас-Сити, Миссури, ИМА) сурат гирифт. Дар ин рақобат низ ғолиб дар замони изофа маълум шуд. Аргентиниҳо бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, ба нимфинал расиданд.

Дар ҳайати дастаи ғолиб голҳоро Алексис Мак Аллистер (10), Хулиан Алварес (112) ва Лаугаро Мартинес (120+1) заданд. Голи ягонаи суисиҳоро Дан Ндой (67) ба самар расонд.

Ҳамлагари мунтахаби Швейтсария Брел Доналд Эмболо, ки дар дақиқаи 72-юм корти дувуми зард гирифт, аз майдон ихроҷ шуд.

Дар нимфинали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 мунтахаби Англия бо тими миллии Аргентина рақобат мекунад. Мунтахаби Швейтсария бошад, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Марокаш, ки шаби 10-уми июл дар варзишгоҳи «Ҷиллетт» дар Фоксборо (иёлати Массачусетс, ИМА) доир гардида буд, бо пирӯзии фаронсавиҳо бо ҳисоби 2:0 ба охир расид.

Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе тӯбро аз пеналти ба нишон расонида натавонист. Аммо капитан ё сарвони фаронсавиҳо дар дақиқаи 60-ум ҳисобро кушод. Пас аз шаш дақиқа ҳамлагар Усмон Дембеле тӯби ба вай ҳавододаи Мбапперо ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро дучанд кард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Фаронса аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ пайдо намуд, вале тими миллии Марокаш мусобиқаро тарк кард.

Бояд зикр намуд, мунтахаби Фаронса бори севум пайиҳам дар нимфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол бозӣ хоҳад кард, ки ба ин натиҷа аз соли 2014-ум ягон мунтахаби дигар мушарраф нашудааст.

Бозии дувуми 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Испания ва Белгия, ки шаби 11-уми июл дар варзишгоҳи «Соу-Фай» (Инглвуд, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм нимҳимоятгари мунтахаби Испания Фабиан Руис боз кард. Дар дақиқаи 41-ум ҳамлагари мунтахаби Белгия Шарл Де Кетеларе ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 71-ум, дарвозабони белгиягиҳо Тибо Куртуа бо сабаби осеб дидан бо Сенне Ламменс иваз карда шуд. Нимҳимоятгар Микел Мерино пас аз иштибоҳи Ламменс дар дақиқаи 88-ум испаниҳоро ба пеш баровард – 2:1.

Дар нимфинали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 мунтахаби Испания бо тими миллии Фаронса рақобат мекунад. Мунтахаби Белгия бошад, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ба ин тартиб, аз 104 бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 садтоаш анҷом пазируфт. То поёни мусобиқа чаҳор бозии ҳалкунанда боқӣ мондааст.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.

1/2 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):

15-уми июл (чоршанбе)

00:00 - Фаронса – Испания

16-уми июл (панҷшанбе)

00:00 - Англия – Аргентина

19-уми июл (якшанбе)

02:00 - Бозӣ барои ҷойи 3-юм

20-уми июл (душанбе)

00:00 - ФИНАЛ

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 8-голӣ пешқадаманд. Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7 гол дар ҷойгоҳи севум аст. Ҳарри Кейн (Англия) ва Ҷуд Беллингем (Норвегия) бо 6-голӣ дар зинаи чаҳорум қарор доранд. Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Усмон Дембеле (Фаронса) бо 5 гол шомил аст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG