Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия 575 зану кӯдаки тоҷикро пайдо кардаанд


Мақомоти Тоҷикистон дар паноҳгоҳҳои Сурия 575 зан ва кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд. Қаблан дар бораи сад нафар гузориш шуда буд. Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми сентябр гуфт, аксари онҳо дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" ҳастанд. Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал вазъи онҳоро ваҳшатнок тасвир кардааст.

"Тақрибан 90 зан, беш аз 200 духтар ва 240 писар (аз як то ҳабдаҳсола) ҳастанд. 134 нафари онҳо дар ду соли ахир таваллуд шудаанд. Аксар кӯдакон падару модар надоранд. Ин омори ниҳоӣ нест ва метавонад шумора аз ин бештар бошад", -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

Ба қавли мусоҳиби мо, занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик баъд аз озодшавии минтақаи Боғус, охирин ноҳияи зери назорати ДОИШ, дар баҳори имсол ба паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" оварда шудаанд. Дар ин паноҳгоҳ дар маҷмуъ 10 ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориши нави худ гуфт, ин афрод дар "ҳолати ваҳшатнок" ҳастанд. Ба иттилои Созмони милал, занону кӯдакон аз камбуди хӯрок ва дору азият мекашанд.

Дар гузориш гуфта гуфтааст, садҳо нафар аз гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ ҳалок шуданд. Дар чанд моҳи ахир 290 кӯдак фавтидааст. Созмони милал мегӯяд, бояд фавран роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кард, вагарна ҳалокати кӯдакону занон бештар хоҳад шуд.

Чанд ҳафта пеш як зани тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ду тифлаш "дарунрав шудаанд". Баъдан тамос бо онҳо гум шуд. Дигар телефонашон фаъол нест.

Фотима, як ҳамсари ҷангҷӯи тоҷик, ки дар паноҳгоҳи Рож дар Сурия қарор дорад, гуфт, то ҳафтае пеш бо занони тоҷик дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳол” тамос дошт. Ӯ гуфт, ҳарбиёни курд дар он ҷо тафтиш карданд ва телефони тамоми паноҳҷӯёнро мусодира намуданд.

“Бори охир гуфтанд, ба ғайр аз каме биринҷ дигар чизе надорем, ки бихӯрем. Вазъияти мо ҳам мушкил аст, вале аз онҳо бисёр бад буд. Мегуфтанд, ки хаймаҳояшон барқу об надорад”, -- гуфт Фотима.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло роҳҳои ба ватан овардани занону кӯдаконро ҷустуҷӯ доранд. Моҳи майи имсол дипломатҳои тоҷик ба Сурия рафта буданд ва қарор аст, бори дуюм дар охири моҳи сентябр ба онҷо сафар кунанд. Ҳанӯз роҳҳои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия мушаххас нашудааст.

Рӯйхати садҳо зану кӯдак дар паноҳгоҳҳои Сурия бисёре аз онҳое, ки фарзандонашро дар ин кишвар “гум” карда буданд, ба умед кардааст. Сарварбӣ Ҷамолова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, то ҳашт моҳи пеш духтараш аз вилояти Дейр-аз-Зури Сурия тамос дошт. “Мегуфт, ки вазъияташон бисёр вазнин аст. Ду моҳ пеш хабар ёфтем, ки дар як лагери Сурия занони бисёр ҳастанд, вале иҷозати телефон кардан надоранд. Умед дорем, ки духтараму набераҳоям дар ҳамон ҷо ҳастанд”, -- гуфт ӯ.

Духтари Сарварбӣ чаҳор сол пеш ба Сурия рафт. Аз домодаш хабаре нест.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Ироқ беш аз 80 кӯдаки тоҷикро ба ватан оварда, онҳоро ба интернатҳо супурданд.

Аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистиву кӯмак ба террористон" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG