Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҳамлаи террористӣ метрои Брюсселро баст


Мақомоти Белгия ба далели эҳтимоли ҳамлаи террористӣ метрои пойтахт, шаҳри Брюсселро баста, ба сокинон тавсия додаанд, ки дар хона бимонанд.

Дар Брюссел, пойтахти Белгия баландтарин сатҳи бонги изтироби амниятӣ – “таҳдиди ногузир” ҷорӣ шудааст. Сарвазири Белгия Шарл Мишел рӯзи 21 ноябр эълон кард, ки сабаби даст задан ба чунин сатҳи бесобиқаи тадобири амниятӣ “маълумоти хеле дақиқ дар бораи хатари ҳамлаи монанд ба ҳамлаи Порис” буд.

Дар ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябр дар пойтахти Фаронса, ки масъулияташро созмони тундрави “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт, 130 нафар кушта ва беш аз 350 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шарл Мишел гуфт, мақомот тарс доранд, ки “чанд нафар бо силоҳу маводи тарканда метавонанд дар чандин минтақа ҳамла кунанд.”

Метро ва шабакаҳои роҳи оҳани наздишаҳрии Брюссел баста шуда, ба сокинон машварат додаанд, ки аз хона берун набароянд. Сарвазири Белгия гуфт, “мо аз мардум даъват мекунем, ки ба воҳима дода нашаванд.” Ӯ ваъда дод, ки мақомоти Белагия тамоми тадобири лозимро меандешанд.

Бино ба хабарҳо, дар пайи эълони сатҳи баландтарини бонги изтироби амниятӣ барои таъмини амният дар кӯчаҳои Брюссел нирӯҳои изофии пулис ва ҳатто сарбозони артиш ҷалб шудаанд.

STIB – ниҳоди масъули шабакаи нақлиёти Брюссел дар баёнияе, ки рӯзи 21 ноябр дар сомонааш нашр шуд, гуфт, бастани метро “як иқдоми пешгирикунанда” буда, бо тавсияи маркази бӯҳронии хадамоти умури дохила анҷом шудааст. Бино ба гузоришҳо, автобусҳо дар Брюссел ба таври маъмулӣ ҳаракат доранд, вале ба сокинон тавсия додаанд, ки дар хона бошанд.

Пулиси Брюссел гуфт, дар ҷараёни амалиёташ дар рӯзи 21 ноябр як коргоҳи тавлиди маводи мунфаҷираро кашф кардаст. Аз ин коргоҳ силоҳҳо низ мусодира шудаанд, вале маводи тарканда ё тасмаҳои маргталабона ёфт нашудааст. Пулис бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, 3 тан дастгир шудаанд.

Шӯрои амнияти миллии Белгия рӯзи 21 ноябр ҷаласаи изтирорӣ барпо кард. Дар қаторҳову истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳои Белгия тадбирҳои амниятии иловагӣ ҷорӣ кардаанд. Ҳамаи бозиҳои футбол дар минтақаи Брюссел дастикам барои ду рӯзи оянда лағв шудаанд.

Тадбирҳои амниятӣ дар Брюссел дар пайи ҳамлаҳои террористии хунини рӯзи 13 ноябр дар шаҳри Порис аст. Абдулҳамид Абӯуд, нафари гумонбар ба раҳбарии ҳамлаҳои Порис шаҳрванди марокашитабори Белгия буд. Салоҳ Абдулсалом, як нафари дигари гумонбар дар ҳамлаҳои Порис, ки низ шаҳрванди Белгия аст, дар ҳоли фирор боқӣ мемонад.

Бино ба гузориши дигар, пулиси Туркия се ҷангии эҳтимолии созмони тундрави “Давлати исломӣ”, бо шумули як шаҳрванди Белгияро, ки ба ҳамдастӣ ба тарроҳони ҳамлаҳои хунини Порис айбдор мешавад, дастгир кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Аҳмад Даҳманӣ, ки зодаи Марокаш аст, рӯзи 21 ноябр дар як меҳмонсарои пуршукӯҳ дар шаҳри Анталия дастгир шуд. Ду нафари дигар, ки бино ба хабарҳо, суриягианд, дар наздикии ин меҳмонхона ба даст афтодаанд. Бовар меравад, ки ин ду нафарро “Давлати исломӣ” барои кӯмак ба Даҳманӣ барои убури марзи Туркия бо Сурия фиристодааст. Мақомоти Туркия дар ин ҳафта 8 марокашиии гумонбар ба ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”-ро ихроҷ карда буд.

“Давлати исломӣ” як созмони тундравест, ки қисматҳое аз қаламрави Ироқу Сурияуро ишғол кардааст. Ин созмон масъулияти ҳамлаҳои хунини Порисро бар дӯш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бо даргузашти яке аз захмиёни ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябри Порис шумори қурбониёни он ба 130 расид. Бо ин ҳол, пулиси Фаронсаву Белгия ҷустуҷӯи ҳамдастони он ҳамлаҳои террористиро идома медиҳанд. Тайи як ҳафта пулиси Фаронса 793 манзилро кофтукоб ва 174 мил силоҳ мусодира кардааст. Вазорати умури дохила гуфт, ҳамин тавр, 90 нафар барои бозҷӯӣ эҳзор ва 164 нафар таҳти ҳабси хонагӣ андохта шуданд. Рӯзи 13 ноябр дастикам 9 ҳамлагари мусаллаҳ ва маргталаб ба як толори консерт, варзишгоҳ ва бару тарабхонаҳо дар маркази Порис ҳамла карданд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG