Интихоботи умумӣ дар Бритониё бидуни касби аксарияи ҳеҷ яке аз аҳзоби муҳофизакор ва ҳизби коргар ба поён расид. Дар ин интихобот ҳизби муҳофизакор бо раҳбарии нахуствазир Тереза Мей, аксарияти мутлақи курсиҳои худ дар порлумонро аз даст дод. Дар ин интихобот ҳизби коргар тавонист 33 курсии бештар аз давраи қаблӣ ба даст биорад. Раҳбари ин ҳизб аз нахуствазир Тереза Мей хост то аз мақоми худ канорагирӣ кунад.
Тереза Мей, нахуствазири муҳофизакори Бритониё ҳам, ки хостори баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонӣ дар он кишвар шуда буд ва интизор мерафт аксарияти курсиҳоро ба даст оварад, мегӯяд, ҳизби ӯ наметавонад курсиҳои кофӣ барои ташкили ҳукумати фарогирро соҳиб шавад.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи саросарии Бритониён нишон медиҳад бо вуҷуди он, ки дар ҳафтаи пеш интизор мерафт муҳофизакорон аз аксарият бархӯрдор шаванд, аммо орои ин ҳизб ҳамакнун коҳиши чашмгир доштааст. Ин ҳолат мумкин ояндаи ҳукумати феълӣ ва раванди хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупоро ба номаълумӣ рӯбарӯ кунад.
Маҷлиси Авом ё порлумони Бритониё 650 курсӣ дорад ва аксарият бояд ҳадди ақал 326 курсиро дар ихтиёр дошта бошад.
Нахустин вокунишҳо ба натиҷаҳои ибтидоӣ, дархости канорагии Тереза Мей аз мақоми нахуствазирӣ буд. Раҳбари Ҳизби коргари Бритониё гуфтааст, вақти он расидааст, ки Тереза Мей аз мақомаш барканор шавад. "Агар интихоботи имшаб паёме дорад, паём ин аст: нахуствазир интихобот эълом кард, чун хостори ба даст овардани машруият буд."
Тереза Мей, ки ҳудуди 2 моҳ қабл хостори баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлат шуда буд, интизор дошт, ки аксарияти қобили таваҷҷуҳеро дар порлумон ба даст оварад ва дар амалӣ кардани барномаҳои худ, аз ҷумла раванди хуруҷи кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо, бо мухолифҳо ва вокунишҳои камтаре рӯбарӯ шавад.
Ӯ субҳи ҷумъаи 9-уми июн гуфтааст, барои барқарории субот кӯшиш хоҳад кард: "Ман медонам, ки кишвар замоне ба субот ниёз дорад ва натиҷа ҳар чи бошад, муҳофизакорон ба вазифаи худ барои эҷоди субот, амал хоҳанд кард."
Бо вуҷуди он, ки тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ, ҳизби муҳофизакори Тереза Мей дар интихобот пешсаф аст, аммо рақобат бо аҳзоби дигар, аз ҷумла Ҳизби коргар чандон осон набуд ва дар дар соатҳои аввали рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки ин ҳизб наметавонад курсиҳои лозимро барои ташкили як ҳукумати фарогир, ба даст оварад.
Ба асоси оморе, ки хабаргузории Бӣ-Бӣ-Сӣ нашр кард, муҳофизакорон 318 курсӣ ба даст овардаанд. Бар пояи оморе, ки Sky News нашр кардааст, ҳизби Тереза Мей соҳиби 315 то 325 курсӣ шудааст. Маҷлиси Авом ё порлумони Бритониё 650 курсӣ дорад ва аксарият бояд ҳадди ақал 326 курсиро дар ихтиёр дошта бошад.
Дар интихоботи пешин дар соли 2015 муҳофизакорон 330 курсӣ ба даст оварда буданд. Ҳизби коргар 232 курсӣ дошт ва миллигароёни шотландӣ бо 56 курсӣ, дар ҷойгоҳи савум қарор доштанд.