Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: "Тобути Бозор Собир рӯзи 14 май ба Тоҷикистон мерасад" ВИДЕО.САДО


Бозор Собир рӯзи 1-уми май дар шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт
Бозор Собир рӯзи 1-уми май дар шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт

Ҷасади Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар 79-солагӣ дар Амрико даргузашт, ба эҳтимоли зиёд рӯзи 14-уми май ба Тоҷикистон оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоб дафн хоҳад шуд. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тобути шоир соати 3-и субҳи 14-уми май аз Сиэтл ба Душанбе оварда мешавад.

Бозор Собир дар синни 79-солагӣ рӯзи 1-уми май дар ИМА бар асари бемории роҳҳои нафас даргузашт. Як моҳи пеш аз марг ӯ дар бемористон дар ҳолати сангин қарор дошт. Баъди марги шоир президент Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ҷасади Бозор Собир дар Тоҷикистон хоксупорӣ шавад.​

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Охирин омодагиҳо барои гӯручӯби Бозор Собир дар Лучоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Катибаи рӯи санги қабри шоир

"Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷои ӯ дар дида буд акнун ба дилҳо рафтааст"

Ин байт порае аз шеъри Бозор Собир мебошад, ки дар васфи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода навишта шудааст, вале имрӯз ин ду мисраъ дар санги қабри худи муаллиф дар оромгоҳи Лучоб ҳаккокӣ хоҳад шуд. Як узви Комиссияи тадорукоти дафни Бозор Собир гуфт, барои рӯи санги қабри Бозор Собир аз ҳудуди 20 пораи шеърии пешниҳодшуда, ҳамин байт интихоб шуд.

Дар Душанбе барои дафни Бозор Собир омода мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим

Масъуд Собиров, бародарзодаи шоир ва як узви Комиссияи тадорукоти дафни Бозор Собир рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пойдевори қабри Бозор Собир омода шудааст ва санги қабраш ҳам баъди ба хок супоридани ҷасади шоир гузошта хоҳад шуд: "Як шеъри дигари Бозор Собир, ки барои шоири номдори Эрон Нодири Нодирпур навишта буд ва мисраъҳои он ин буд, "Ҳарчанд ки бебистару болин хобӣ, дар сояи зулфони санавбар хобӣ" низ ба комиссия пешниҳод шуда буд, вале қабул нашуд.

Дар паҳлӯи Лоиқ ва Ғаффор Мирзо

Макони дафни шоир -- оромгоҳи Лучоб мешавад, ки дар канори Душанбе воқеъ буда, аксари нухбагони тоҷик дар онҷо ба хок супурда шудаанд. Оромгоҳи Лучоб макони охирати раҳбарони вақти Тоҷикистони Шӯравӣ - Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, адибони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарҳо мебошад.

Рӯзи панҷшанбеи 10-уми май замоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба оромгоҳи Лучоб рафтанд, охирин омодагиҳо барои гӯручӯби Бозор Собир дар ин қабристон идома дошт. Дар онҷо барои шоири шинохтаи тоҷик гӯре дуруст мекунанд, ки 4 метр тӯл ва 3 метр паҳноӣ дорад

Ҷамолиддин Сафаров, нозири оромгоҳ гуфт, ҳоло ба омода кардани қабри шоир машғуланд ва тарофи пойдеворро бо сабзаву гулҳо оро хоҳанд дод: "Баъди он, ки шоирро ба хок месупоранд, меъмории пурраи қабр анҷом дода шуда ва рӯи санги шоир ҳам ҳаккоӣ хоҳад шуд. Мо аз рӯзе, ки комиссия дафни шоир омада ҷои қабрро мушаххас кард, ором надорем ва кӯшиш дорем қабри шоир ҳарчӣ зебо бошад."

Қабри Бозор Собир дар паҳлӯи гӯри шоирон Лоиқ Шералӣ ва Ғаффор Мирзо қарор дорад. Ибодулло Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан барои омода кардани қабри шоир ва санги рӯи қабр машғул ҳастанд.

Бозор Собир дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ

Оромгоҳи Лучоб
Оромгоҳи Лучоб

​Бозор Собир соли 1939 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

​Озодандешиаш сабаб шуд, ки соли 1993 барои 9 моҳ зиндонӣ шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо гардида, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Бозгашт аз Амрико пас аз 19 сол

​Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.

Вақте Бозор Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд. Аммо ӯ баъди бозгашт ҳам мисли солҳои пеш ошкору бепарда сӯҳбат мекард ва аз он сиёсатҳои ҳукумат, ки хушаш намеомад, интиқод менамуд.

XS
SM
MD
LG