Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии “The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026”, ки дар Ҳиндустон сурат мегирад, ширкат меварзад.
Дар ин мусобиқа дастаи олимпии Тоҷикистон бо тимҳои Бутан (25-уми март) ва Ҳиндустон (31-уми март) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и шаҳри Юпия баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 иштирок хоҳад кард.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии Далер Каёсов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Чин машқҳои дастҷамъӣ мегузаронад.
Тамринҳои даста аз 19-ум то 25-уми март дар шаҳри Чжаотсин баргузор мешаванд. Наврасони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Чин ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин бозиҳо рӯзҳои 21-ум ва 24-уми март доир мегарданд.
Бозиҳои дӯстона дар Чин барои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷикистон бо тимҳои Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат мекунанд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2026 дар мусобиқаи байналмилалии “Talents Cup 2026” дар Қирғизистон ширкат хоҳад кард.
Мусобиқаи мазкур аз 20-ум то 24-уми март дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон (20-уми март), Узбекистон (22-юми март) ва Қазоқистон (24-уми март) бозӣ хоҳад кард.
Ҳамаи бозиҳо дар майдони сунъии Академияи миллии футболи Қирғизистон сурат мегиранд.