Чор гумонзади дигар ҳанӯз дар озодӣ ҳастанд.
Кумитаи тафтишоти Арманистон рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ин афрод дар Русия “тамрин” дидаанд.
Дар изҳороти Кумита гуфта мешавад, ки гумонзадҳо шаҳрвандони Арманистон ва сокинони собиқи Қарабоғи Кӯҳӣ ҳастанд.
Ҳувияти онҳо ошкор нашудааст.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи тафтишот, дастгиршудаҳо ва гумонзадҳои дигар теъдоди номаълуми шаҳрвандони Арманистон ва сокинони собиқи Қарабоғи Кӯҳиро ба Русия бурда, дар он ҷо бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати Арманистон машқи низомӣ додаанд.