Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду корманди баландпояи ҳукумати Исфараро боздошт кардаанд.
Манбаъҳои боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, ки Маҳина Ҷӯраева – сардори Идораи замин ва Зоир Ҳасанов – сармеъмори шаҳри Исфара ба гирифтани ришва (банди 319-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад ҳастанд. Ба онҳо ҷарима ё аз се то ҳафт сол зиндон таҳдид мекунад.
Боздошти ҳардуи онҳо рӯзи 18-уми сентябр сурат гирифта, мақомот ҷузъиёт намедиҳанд. Мавқеи боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони мудофеашон низ дастрас нест.
Рӯзи панҷшанбе дар Идораи замини Исфара гуфтанд, ки “Маҳина Ҷӯраева дар кор нест ва намедонанд ӯ дар куҷост”. Дар Идораи меъмории шаҳр низ дар пайванд ба Зоир Ҳасанов посухи ҳамсон доданд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, “онҳо бо гумони фурӯши қитъаи замин аз тарафи маъмурони додситонӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд.”
Маҳина Ҷӯраева моҳи январи имсол ба ҷойи Муҳаммад Бобозода раиси идораи замини Исфара таъйин шуда буд.
Бобозода бо айбномаҳои “суистифода аз мансаб, гирифтани ришва, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ додани замин” 14 сол зиндонӣ гаштааст. Додгоҳ дар доираи парвандаи ӯ Мурод Ашӯров ва Лайлӣ Валиева, мутахассисони пешини Корхонаи сабти молу мулк дар Исфараро низ аз панҷуним то шашуним сол ҳабс кард.
Онҳо ба шарикӣ дар ҷиноят, бо тамаъҷӯӣ гирифтани мукофот, сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани замин ва беамалӣ дар иҷрои вазифа муттаҳам шудаанд. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки онҳо барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд, вале то кунун натиҷааш маълум нест.
Боздошт ва ҳабси баъзе аз мансабдорон ва он ҳам дар пайванд ба тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Кумитаи давлатии идораи замин, эътироф мекунанд, ки фурӯши замин ва қонуншиканӣ дар ин самт ҳамоно масъалаи доғ мемонад.
Танҳо дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 13 ҳазору 500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ё риоят накардани он сабт шудааст. Ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Исфара ва Кӯлоб дар сафи пеш қарор доштаанд.
Гуфтугӯ