Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чечентаборе бо гумони омодагӣ ба ҳамла дар Олимпиадаи Фаронса


Кормандони амниятӣ бозии Ҷоми ҷаҳонии регбиро рӯзи 17 сентябри соли 2023 аз болои боми варзишгоҳи "Жоффруа-Гишар"-и шаҳри Сент Этйен мушоҳида мекунанд.
Кормандони амниятӣ бозии Ҷоми ҷаҳонии регбиро рӯзи 17 сентябри соли 2023 аз болои боми варзишгоҳи "Жоффруа-Гишар"-и шаҳри Сент Этйен мушоҳида мекунанд.

Мақомот дар Фаронса гуфтанд, ки ходимони ВКД-и ин кишвар як зодаи 18-солаи Чеченистонро боздошт кардаанд, ки гумон меравад барои ташкили як амали террористӣ дар ҷараёни бозиҳои олимпии тобистони имсол дар шаҳри Сент-Этйен омодагӣ медид.

Мақомот дар Фаронса гуфтанд, ки ходимони ВКД-и ин кишвар як зодаи 18-солаи Чеченистонро боздошт кардаанд, ки гумон меравад барои ташкили як амали террористӣ дар ҷараёни бозиҳои олимпии тобистони имсол дар шаҳри Сент-Этйен омодагӣ медид. Гумонбар барои ташкили ҳамла ба футболбозон ва ҳам тамошобинони варзишгоҳи "Жоффруа-Гишар" омода мешуд, мегӯяд ин ниҳод. ВКД Фаронса гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи пешгирӣ аз амали террористӣ дар Олимпиадаи имсола мебошад.

Нашрияи BFMTV бо такя ба манабааш навиштааст, ки ҷавони гумонбарро дар хонааш боздошт кардаанд. Ӯро дар “ташкили созмони ҷиноӣ бо ҳадафи омодагӣ ба ҷинояте, ки ба одамон хатар эҷод мекунад”, гумонбар эълон кардаанд. Худи боздоштшуда гуфтааст, ки иттиҳоми полис бепояву асос аст.

Бозиҳои олимпии Париж аз 26 июл то 11 август дар шаҳри Париж дар назар гирифта шудааст, вале бозиҳои футбол дар шаҳрҳои дигари Фаронса ҳам барпо мешаванд. Дар варзишгоҳи "Жоффруа-Гишар"-и шаҳри Сент Этйен шаш бозӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин пеш полиси Фаронса гуфт, ки даҳ зодаи Чеченистонро бо гумони ифротгароӣ дар шаҳрҳои Реймс, Страсбург ва Тулуз боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG