Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 14 узи шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Эрон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати иттилооти Эрон дар баёнияе рӯзи 23-юми август дар бораи боздошти 14 узви шохаи “Хуросон”-и ДОИШ хабар дод. Ин эълон ду рӯз пеш аз Арбаин, маросими сӯгворӣ бар марги Ҳусайн, набераи Муҳаммад паёмбар, пахш шуд. Дар ин маросим даҳҳо ҳазор нафар ширкат мекунанд.

Дар эъломия ному миллат, син ва ҷинси боздоштшудаҳоро нагуфтаанд. Танҳо зикр шудааст, ки онҳо чанд рӯз пеш “бо ҳадафи анҷоми амалиёти террористӣ ба таври ғайриқонунӣ вориди Эрон шуданд".

Ҳафт нафари онҳоро дар вилояти ҷанубии Форс ва боқимондаро дар Хузистону Албурзу Теҳрон дастгир кардаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар моҳи январи соли 2024 масъулияти ҳамлаи маргборро дар ҷануби Эрон, ки 95 кушта барҷой гузошт, бар уҳда гирифта буд. Вазорати иттилооти Эрон он замон “тарроҳ” ва “пуштибони аслии ҳамларо”-ро шахсе бо номи мустаори “Абдуллоҳ Тоҷикӣ”, “тоҷикистонӣ” ва “мутахассиси бомбаҳои худсохт” муаррифӣ кард.

Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар гӯшаҳое аз Афғонистону Покистон фаъолият дорад. Ин ҳалқа дар соли 2015 умдатан тавассути ҷангҷӯёни норозии Толибони покистонӣ эъломи мавҷудият кард. Сипас фаъолиятҳояш ба вилоятҳои Нангарҳор, Кунар ва Ҷузҷон густариш ёфт.

Ҷангҷӯёни ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ ҳоло бештар ба ҳамлаҳои сархатсоз дар дохил ва берун аз Афғонистон рӯй овардаанд.

Генерал Курило дар аввали моҳи март ба сенаторони Амрико гузориш дод, ки шохаи “Хуросон”-и ДОИШ мумкин аст, дар камтар аз шаш моҳ ба манофеи Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар берун аз Афғонистон ҳамла кунад.

Рӯзномаи “Файненшл Таймс” дар охири моҳи марти имсол аз қавли Ненси Физер, вазири умури дохилии Олмон навишт, ки ДОИШ бузургтарин таҳдид дар ин кишвар аст.

Марзбонони Тоҷикистон моҳи майи имсол аз сокинони кишвар ва хориҷиён хостанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуввият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, барои иттилооте, ки битавонад ба барҳам задани шабакаи молии шохаи “Хуросон” шавад, 10 миллион доллар инъом медиҳад.

XS
SM
MD
LG