Пайвандҳои дастрасӣ

45 дӯкони китобфурӯшӣ барои ҳаштуним миллион аҳолӣ. САДО


Дар Тоҷикистон танҳо 45 дӯкони китобфурӯшӣ вуҷуд дорад, ки барои аҳолии 8,5 миллионнафарии кишвар нокофӣ будааст. Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ба сари 189 ҳазор сокини кишвар як мағозаи китобфурӯшӣ рост меояд.

Ҳоло нашриёти пуровозаи "Адиб" тиражи нашри китобҳоро аз 1000 дона бештар намекунад, ҳарчанд солҳои қаблӣ китобҳои ман бо тиражи на кам аз 25 000 чоп мешуданд.

Дар солҳои Шӯравӣ ва ҳатто дар нахустин солҳои баъд аз касби истиқлолият сокинони Тоҷикистон дар хотир доранд, ки дар баъзе аз шаҳру марказҳои ноҳия дар як хиёбон чанд дӯкони китобфурӯшӣ фаъол буд. Аммо, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 20 январ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло дар кишвар танҳо 45 дӯкони китобфурӯшӣ боқӣ мондаасту бас. "Аз ин ҳисоб 3 китобфурӯшӣ давлатӣ мебошанд. Тоҷирон ба ташкили чунин дӯконҳо чандон алоқаманд нестанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, чунин тиҷорат фоидаи зиёд намеорад", - афзуд ӯ.

ِВазорати фарҳанг аз ҳукумат чӣ хост?

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Оқои Орумбекзода гуфт, ба ин хотир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, минбаъд ба беш аз 1300 китобхона дар қаламрави ҷумҳурӣ иҷоза дода шавад, ки дар канори ироаи хадамоти худ ҳамзамон машғули китобфурӯшӣ шаванд.

Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, вуҷуди 45 дӯкони китобфурӯширо барои Тоҷикистон мояи шармсорӣ хонд ва гуфт, ки мақомот бояд дар фикри таъмини бештари аҳолӣ бо ин манбаи дониш бошанд. Вай гуфт, "ин миқдор дӯкони китобфурӯшӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки ҳатто барои як шаҳри Хуҷанд кофӣ нест. Дар замони Шӯравӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия чандин дӯкони китобфурӯшӣ вуҷуд дошт, вале ҳоло ҳамаи онҳо ба мағозаи фурӯши ҷавоҳирот ва либос табдил шудаанд."

"Китобҳо аз ҳазор нусха зиёд чоп намешаванд"

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Ин шоири тоҷик гуфт, бо коҳиши дӯконҳои китобфурӯшӣ теъдоди чопи китобҳо низ коҳиш ёфтааст. "Ҳоло нашриёти пуровозаи "Адиб" тиражи нашри китобҳоро аз 1000 дона бештар намекунад, ҳарчанд солҳои қаблӣ китобҳои ман бо тиражи на кам аз 25 000 чоп мешуданд. Ҳазор дона китоби муаллиф ҳатто барои қонеъ кардани ниёзи китобхонаҳо намерасад, чӣ расад ба фурӯши онҳо", - афзуд Гулрухсори Сафӣ.

Бино ба иттилои расмӣ, дар соли гузашта матбааҳои Тоҷикистон 71 номгӯи китоби бадеӣ ва илмиро ба миқдори 73 ҳазор нусха нашр кардаанд.

Дар ҳоле ки солҳои ахир камтар хондани китоб аз сӯи сокинон ба мавзӯи доғе дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст, феълан дар бархе аз мағозаҳои бузурги Душанбе фурӯши баъзе аз китобҳо, умдатан барои бачаҳо роҳандозӣ шудааст. Фирдавс Раҳимзода, як тоҷири китоб дар Душанбе, рӯзи 20 январ гуфт, ҳоло низ теъдоди харидорони китоб зиёд ҳастанд, аммо чопхонаҳои Тоҷикистон китобҳои мавриди ниёзи онҳоро нашр намекунанд.

Эълони соли китоб дар Тоҷикистон пеш омадааст?

Вай гуфт, "харидорон ҳамчунон китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикиро мепурсанд, вале миқдори онҳо андак аст. Алоқамандони хондани осори Ҳофизу Саъдӣ, Фирдавсиву Мавлоно хеле зиёданд. Ҷавонон луғатҳои мухталиф аз забонҳои хориҷиро мепурсанд. Аммо миқдори чунин китобҳо маҳдуд аст."

Бархе аз тоҷирони китоб дар минтақаҳои мухталифи шаҳри Душанбе гуфтанд, барои рушди тиҷорати худ водор мешаванд китобҳои бадеии чопи кишварҳои дигар, аз ҷумла ба забони русиро роҳандозӣ кунанд. Зеро, дар ин сурат таъмини хазинаи молии тиҷорати онҳо пур мешавад. Онҳо гуфтанд, фаъолияти дӯконҳои китобфурӯшӣ мисли фурӯшгоҳҳои дигар андозбандӣ мешавад, вале вуҷуди чунин дӯконҳо дар хиёбонҳои марказӣ муштариёни бештар доранд, вале иҷораи дӯкон дар хиёбонҳои марказӣ гаронтар аст.

Бо дарназардошти чунин мушкилот Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик пешниҳод кард, ки дар канори эълони солҳои мухталиф як сол дар Тоҷикистон соли китоб унвон карда шавад ва дар чаҳорчӯби он ҳамаи мушкилоти ин бахши ҳаёти мардум ҳаллу фасли худро пайдо кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG