Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон $71 млн грант медиҳад


Нерӯгоҳи "Сарбанд".
Нерӯгоҳи "Сарбанд".

Бонки Осиёии Рушд барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва навсозии неругоҳи "Сарбанд" 71 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.

Ин бонк 12-уми август бо пахши хабарномае навишт, 50 миллион доллар барои рақамисозӣ, ислоҳот дар бахши содирот ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна ҷудо шудааст.

Грант дар ҳаҷми 21 миллион доллар бошад барои навсозии чархаи чоруми неругоҳи “Сарбанд” ба Тоҷикистон дода мешавад.

Ба иттилои Бонки Осиёии Рушд, ин пул барои бозсозии нерӯгоҳ ва зиёд кардани тавлиди барқ дар Тоҷикистон сарф мешавад.

Навсозии нерӯгоҳи "Сарбанд" дар вилояти Хатлон соли 2013 бо ёрии Бонки осиёии рушд оғоз шуда, ба иттилои бонк соли 2019 аз сабаби осеби таҷҳизоти механикӣ ноком шуд.

Бонки осиёии рушд пештар барои таҷдиди ин нерӯгоҳ 136 миллион доллар грант ҷудо карда буд. Дар назар аст, таҷдиди нерӯгоҳи “Сарбанд” соли 2026 ба анҷом расад.

XS
SM
MD
LG