Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, ба сабаби мухолифатҳои назар бо мушовири амниятиаш Ҷон Болтон ӯро аз мақом барканор кард. Болтон гуфт, ки худаш рафтааст.
Қарор буд, Ҷон Болтон дар машварате дар бораи мубориза бо терроризм бо вазири молия Стивен Мнучин ва вазири корҳои хориҷӣ Майк Помпео ҳузур дошта бошад. Аммо ду соат пеш аз маҷлис Трамп ӯро бо як навиштааст дар "Твиттер" барканор кард.
Рафтани Болтон баъд аз лағви мулоқоти сиррӣ бо Толибон дар Вашингтон сурат гирифт. Қарор буд, дар нишаст хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон баррасӣ шавад. Мегӯянд, Болтон мухолифи чунин созиш буд.
Тодд Белт, таҳлилгар аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, мегӯяд, "зоҳиран баъд аз лағви мулоқот бо Толибон мушкил ва ихтилофоте пеш омад, ки дар ниҳоят бо тарки Болтон тамом шуд."
Рафтани Болтон ҳамчунин дар замонест, ки баъзе аз талошҳои дипломатии раиси ҷумҳур Трамп барои ҳалли мушкилот бо Куриёи Шимолӣ ва Эрон идома дорад.
Ҷон Болтон солҳост, ба тағйири режим дар Эрон пойфишорӣ дорад, ки мояи бузурги нигаронӣ дар ҷумҳурии исломӣ аст. Бо рафтани ӯ, тағйири режим ҳам дар дастури кор нест ва ин фазоро барои муколамаи эҳтимолӣ байни Теҳрону Вашингтон фароҳам мекунад.
Болтонро аз тарафдорони сарсахти истифода аз нерӯи низомии Амрико медонанд. Бо вуҷуди баёнияҳои тундаш, Трамп тарафдори чунин кор нест ва бо Болтон аксаран ихтилофоти назар доштааст. Рафтани Болтон ҳамчунин дар замонест, ки дар сиёсати хориҷии Трамп ва гуруҳи амниятиаш тағйири зиёд вуҷуд омадааст.
Тодд Белт, таҳлилгар аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, гуфт, "муттаҳидони мо номаълумӣ ва тағйири якбораро хуш надоранд. Онҳо мехоҳанд, ҳукумат яксадо ва собит бошад, вале ҳамин чизро дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ намебинанд."
Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, рафтани Болтон тағйире дар сиёсат намеорад. Вай афзуд, "фикр намекунам, ки ҳеч як раҳбар дар ҷаҳон ба ин хулоса бирасад, ки ба сабаби рафтани як нафар сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур тағйир ёбад."
Ҷон Болтон саввумин мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аст, ки дар се соли ахир барканор шудааст. Қарор аст, ҷойгузини ӯро ҳафтаи оянда эълом кунанд.
Биёед ҷони гапро занем. Маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ ҳастем. Лекин як миллат нестем. Ҳеҷгоҳ сарҷамъ нестем. Ғайри имкон аст,ки Бадахшониҳо,Суғдиҳо, Кӯлобиҳо, Қаротегиниҳо ва ғайра як миллат бошанд. Чаро? Бо якдигар дӯсту бародар нестем. Ба якдигар раҳм надорем. Кадомеро пурси мегӯяд ман зӯрам айби ман нест. Дур назар накунед афғону эрониву ӯзбеку қирғизу қазоқро бинед. Оё мо ягон давру замон сарҷамъ ва як миллат мешавад? Ё на мусалмони ҳақиқи ва на кофири мутлақ мемонем???
Кор то дарачае расидааст ки рохбарони дарачаи поёни низ аз нигохи махал тайин мегарданд. Масалан директори бозори марказии ш. Истаравшан аз кадом як минтакаи чануб таин гардид . Дар рузи якуми кори тамоми кормандони пештараро аз кор ронда , гирди худ хешовандонашро чамъ намуд. То хатто назоратчиёну посбонони бозор хама хешовандони раисанд.
Чи чавоб метем? Вакте ки карздорем, Вакте ки коррупция экономикара фалач кардааст, вакте ки махалгарои ва хешу туборбози дар сатхи баланд аст, вакте ки хукумат бо халк дар як радиф нест, вакте ки бекори авч кадааст, Вакте ки халк барои нони даханша ёфтан якта якта не, гуфти у гап кабила кабила ба мухочират рафтесан, аз кадом чихат ба хитой истодагари мекуне????? Хитой уже аз паи рох кушои дар коинот аст акам. Мо холо чои кори муносиб офарида наметонем, халкро дар айни сармо бо барк таьмин када наметонем.
Дар авгонистон чанд ширкати Точикистон кор меканад
Махалгарои хаст дар хакикат 100 фисад, ин хама барои маблаг чамь намудан аст агар дар як вазорат ё корхора як чанд вазифаи рохбари барои як махал ё минтака дода шавад порагири авч мегирад зеро гап намеброяд байни худшон. Дар Точикистон системаи свой чужой амал мекна ба свои дохил мешуданд то соли 2012 хамаи минтакаи Хатлон. Баьд аз соли 2012 Хатоонихои шермарда бо Дасти хдшон кушта танхо тарсончак ки монд гуфтанд всё хаст ва мемонад тока Дангара, А дигар минтакахо хам хамин тавр хамаи вазифа ба Дангараги дигар кас нест. Дигар минтакахо дар Хукумат ки вазифахои хучатгузори анд Хучанди, Помири зеро басаводанду як бало карда хаторо тоза мекнан аз 100 суми дуздида 1 сум метан солшкати кор карда мегарда агар тамоми чиноятро содир кнен аз Дангара боши аз чавобгари озод хатто Терраристро озод намои ё худ Террорист боши аз Хатлон дигар минтака боши агар Санкцияи чиноят 10 Сол мукаррар карда бошад 5 Сол мешини ё чаримаи Кам кати озод мешавад Агар чужой аз дигар минтака боши мурди. Хамчунин дар як корхонаи давлати ё як шуьба рохбар Дангара муовини аввал Дангара ха Ду муовини дигар яке аз дигар навохии Хатлон ва яке шояд аз Помир, Сугд, Гарм ё Душанбе бошад 1,2,3 агар якчоя сухбат кнан хичи нест а 4 муовин ё 3 муовин ё коргари одии ки як хамшахриашро жила монд сухбат кард онхоро ба махалбози гунахгор мекнан шахсоне ки 1,2,ва 3 анд аммо худи онхо аз руз то шом якчо дузди якчо горат якчо хатто ба як ,,,, раванд онхо махалбоз не гуё. Дар тамоми макомотхои хифзи хукук дар ш.Душанбе ё гирду навохии он агар хар кадоме 80 то 250 нафар коргар дошта бошад 90 фоизаш аз Хатлон мебошанд онхо магар махалбоз бояд Хукумат аз мухочирон мехнати омузад. Лекин мардуми мухочир хама фахмиданд ва Дарк намудаанд ба пурраги ки танхо Точиканд. Ва бо Точик гуфтан фахр мекнан барои хамин ба Хукуматдорон маслихат ки аз мухочирон омузед Точик буданро. А вазифадоро ки чанка махалбози мекнан ин ба манфиати Халки Одди аст. Зеро ин алакай ба пояхои хукуматро шикастааст ва худи Хукумат Дарк кардааст. Барои хамин Ман хамчун як Точик ва Точикистонам ба тамоми Точикони руи дунё ва тамоми халку милатхо гуфтаниям ки Хамаи Инсон дунё фарзанди падари Ман аст ягон вакт ягон нафарро нагуед ё напурсед ки аз кучои Точикистон АСТ танхо чавоб дихед Хатто савол шавад, ки Точикаму аз Точикистонам махал надорам танхо Точикам. Ва он шахсе ки ба Шумо ин саволро Дод Назар намоед ба намудаш Дарк мекнен ки аз саволи додааш пушаймон шуд ва Чавоб дода наметонад он шахсе ки чунин савол медихад.Барои хамин сарбаланду Хонаобод бошед Бародарону хохарону модарону падарони Точики Ман. Ман танхо Точикам ва тамоми Точиконро дуст медорам аз Кадом махале набошанд. Онхо фарзанди падари мананд ва модару хохару бародари мананд.