Пайвандҳои дастрасӣ

Бобоҷон Бобохонов: "Аз ҳама бештар ба ман шогирдонам зарба заданд"


Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон
Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон

Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кул, аз мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон талаб дорад, ки хонаи сеҳуҷраии ӯро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт бозпас диҳанд. Ин хона соли 2016 бар асоси қарори Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ихтиёри Вазорати адлия гузашта буд.

  • Бобоҷон Бобохонов. Рӯзи 8-уми марти 2018
    Бобоҷон Бобохонов. Рӯзи 8-уми марти 2018
    Як манбаъ дар мақомоти давлатӣ низ тасдиқ кард, ки собиқ додситони кул барои манзили сеҳуҷраӣ бо Вазорати адлия вориди баҳс шудааст. Мусоҳиби мо гуфт, “вале додгоҳ қарор кардааст, ки манзил дар мувозинат ё баланси вазорат бимонад”.

"Хонаи бесоҳиб"

Гуфтаанд, ки гӯиё дар Душанбе даҳҳо хонаи истиқоматӣ, дар Русия ду манзил ва мошинҳои қиматбаҳову бӯстонсаро дорам

Собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов рӯзи 8-уми март дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, он вақт мақомоти додгоҳ хонаро ҳамчун дороии писари маҳкумшудааш Файзулло сабт карда, ба Вазорати адлия доданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, ин хонаро дар замони додситони кул буданаш харидааст.

Бобохонов мегӯяд, барои исботи инки хона моликияти ӯст, то ба ҳол ба натиҷае нарасид, вале аз он даст кашиданӣ нест. “Ин хонаро худам харида будам, вале Додгоҳи Исмоили Сомонӣ онро ба номи писарам Файзулло, ки дар маҳбас буд, сабт карда, соли 2016 ба ҳисоби Вазорати адлия гузаронд. Вазорати адлия баъди як муддат онро ҳамчун “хонаи бесоҳиб” ба ҳисоби Дастгоҳи президент гузаронд, то даъво накунам. Ҳоло ин хона дубора ба ҳисоби Вазорати адлия гузаштааст ва мехоҳем онро баргардонем”, - нақл кард ӯ.

"Вақте додситони кул будам..."

Бинои Вазорати адлияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати адлияи Тоҷикистон

Бобоҷон Бобохонов дар идомаи суҳбат аз он шиква кард, ки баъди аз мақом рафтану дучори мушкил шудани писараш Файзулло Бобохонов бо мушкили ҳуқуқӣ ва наҷоти дороиҳояш рӯ ба рӯ гардидааст. Собиқ прокурори генералӣ барои мисол, гуфт, чанд дафъа ба қабули вазири адлия ва раҳбарони ниҳодҳои дигар ҳам рафт, вале дар масъаали хонаи сеҳуҷраиаш посухи мусбат нагирифт.

Ӯ гуфт, “8 сол пеш, вақте вазифаи додситони кулро бар дӯш доштам, касе шикоят намекард ва ба моли ман дастдарозӣ наменамуд. Ҳамин ки аз вазифа дур шудам, доираи муайяни мансабдорони манфиатхоҳ, ки ҳатто бархеи онҳо шогирдони худам ҳастанд, нисбат ба ман ҳаргуна маълумоти бардурӯғ пешниҳод карданд. Гуфтаанд, ки гӯиё дар Душанбе даҳҳо хонаи истиқоматӣ, дар Русия ду манзил ва мошинҳои қиматбаҳову бӯстонсаро дорам”.

"Президент гуфта буд, ки шоиста ҳастед"

Бобоҷон Бобохонов
Бобоҷон Бобохонов

Вай афзуд, аммо ба ҷуз аз манзиле, ки дар он зиндагӣ дорад, хонаи сеҳуҷраӣ ва як ҳавлии нотамом дар маҳаллаи 102-юми пойтахт, моликияти дигаре надорад. “Соли 2010 вақте президент ба ман ордени “Ҳуқуқшиноси шоиста”-ро тақдим намуд, гуфтам, ки муҳтарам президент ин бори севум аст маро бо ин орден мушарраф мегардонед. Президент бо ифтихор гуфт, ки шумо шоиста ҳастед. Дар ҳамаи масъалаҳои муҳими додситонӣ президент бо ман машварат мекард. Вале тайи ин муддате, ки ба нафақа баромадаам, то ҳанӯз дидору мулоқоти мо сурат нагирифтааст”, - мегӯяд Бобоҷон Бобохонов.

Вай мегӯяд, баъди соли 2010 бознишаста шуда, бо пули нафақа зиндагӣ дорад ва вақти худро бештар бо дӯстони ҳамсолаш мегузаронад. Ӯ инчунин гуфт, писараш Файзуло собиқ додситони ноҳияи Ҳисор соли 2013 аз маҳбас озод шуд, аммо то ҳанӯз бекор аст.

Даҳ сол - дар курсии додситони кул

Бобоҷон Бобохонов даҳ сол – аз 2000 то 2010 – додситони кулли Тоҷикистон буд. Ӯро танҳо нафаре дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонистанд, ки ду навбати панҷсолӣ ин масъулиятро дар ӯҳда дошт ва нафарони қабл аз ӯ дар ин мақом натавониста буданд як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.

Давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳо, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG