Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттоҳ Саидов: Собиқ додситони кулл бо ҷазои маъмурӣ аз кор рафт


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод

Раиси Оҷонси мубориза бо фасод мегӯяд, рафти тафтишоти парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов, додситони пешини ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ додситони кул нишон дод, ки ӯ дар замони фаъолияташ ба фасоди моливу ришвахории зиёд роҳ додааст.

Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, Файзуллоҳ Бобохонов ҳатто дар зиндонӣ кардани чанд нафари бегуноҳ ҳам гунаҳкор аст, ки бояд дар назди қонун барои ин амалаш посух гӯяд.

Боздошти писари додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки миёни ду ниҳод - Оҷонси мубориза бо фасод ва Додситонии кулл дар замони сари қудрат будани Бобоҷон Бобохонов як навъ таниш ба назар мерасид.

Дар сӯҳбат радиои Озодӣ аз раиси Оҷонси мубориза бар зидди фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон пурсид, ки оё дуруст аст, ки боздошти Файзуллоҳ Бобохонов бар пояи ҳамон танишҳо сурат гирифтааст?

Фаттоҳ Саидов: - Не ин дуруст нест. Бобохонов вақте бо Оҷонси зидди фасод мухолифат дошт, ки роҳбарии оҷонсро ман ба ӯҳда надоштам. Дигар ин ки писари додситони кулл дар асоси далелҳои қавӣ ва воқеӣ боздошт шудааст. Мо дар ин бора беш аз ним сол кор кардем. Давоми чор моҳ бо далелҳо исбот кардем ва баъдан боздошт шуд. Бо пешниҳоди ман, ба сабаби фасодкорӣ ва шикояти шаҳрвандон аз вазифа гирифта шуд.

-Дуруст аст, ки ҳоло Бобоҷон Бобохонов бо супориши шумо ҳабси хонагӣ ва ҳамзамон хориҷ шуданаш аз қаламрави кишвар мамнуъ аст. Ҳатто намаяндагони фурӯдгоҳ низ ин хабаро гӯё тасдиқ кардаанд?

Бобоҷон Бобохонов моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми додситонии кулли кишвар барканор шуд
Фаттоҳ Саидов:
-Не, ин хабар дуруст нест. Мо ба Бобоҷон Бобохонов коре надорем. Ба фурӯдгоҳ касе ин супоришро надодааст ва ман намедонам чаро ин ниҳод ин хабарро паҳн кардааст. Медонед, ман ҳамеша ошкор мегӯям. Агар мо супориш диҳем, ба Кумитаи амнияти миллӣ ва марзбони медиҳем, ки барои хориҷ шуданаш назоратро дар роҳҳои ҳавоӣ ва нақлиётӣ дошта бошад.

-Чаро дар ҳоле солҳои қабл писари собиқ додситони кулл ин амалҳоро, ба гуфти шумо, содир кардааст, ҳоло баъди аз мансаб рафтани падар посух мегӯяд?

Фаттоҳ Саидов: -Медонед, ки пайгирии Файзуллоҳ Бобохонов дар вақти сари мансаб будани падараш сурат гирифтааст на имрӯзу дирӯз, тавре шумо ишора кардед. Намешавад, ки дар як ё ду моҳ касеро бо гуноҳи фасодкорӣ боздошт кард. Мо муддати тӯлонӣ кор кардем. Нисбати дигар мансабдорон ҳам бо ҳидояти президент кор карда истодаем.

-Пас президент ҳам аз амалҳои коррупсионии писари додситони куллаш дар замони саримансаб буданаш огоҳӣ доштааст?

Фаттоҳ Саидов: -Бале, огоҳӣ ёфтанд.

-Пас чаро дар он замон ба падару писар ҳукме дода нашуд?

Фаттоҳ Саидов: -Чи хел ҳукм? Ҳамин ҳукм буд, ки роҳбари давлат ӯро ба нафақа гусел кард. Далелҳои писарашро мо ҷамъоварӣ кардем ва карда истодаем. Рӯзҳои наздик боз як барномаи дигар ҳохем кард ва дигар амволашро бо амалҳои содиркардааш ба мардум нишон медиҳем.

-Пас бо ба нафақа баромадани падар, гуё ӯ аз ҷавоб гуфтан дар назди қонун озод шуд. Дигар ба амалҳое, ки қаблан гуфтед, ки бояд дар назди қонун барои ба вазифа таъин кардани писар, ба кор гирифтани духтар ва бародараш посух гӯяд, ба истилоҳ, «авф» шуд?

Фаттоҳ Саидов: -Дар қонун барои ҷинояткороне, ки наздиконашон дар мансабҳои давлатӣ кор мекунанд, ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

-Пас Бобоҷон Бобохонов аз тарафи президент ба нафақа гуселонида шуд, яъне ҷазои маъмӯрӣ гирифт?

Фаттоҳ Саидов: -Бале.

-Пас дигар мансабдорон чӣ, яъне амалҳое, ки собиқ додситони кулл содир кардааст, онҳо накардаанд?

Фаттоҳ Саидов: -Ин сирри тафтишот аст ва баъдан эълон мекунем. Мо 7-8 нафари дигарро пайгирӣ кардем ва роҳбари давлат ба хулосае омад, ки акнун рафта нишинанд. Шеваи ошкор кардани амалҳои фасодкорӣ кори саҳлу содда нест. Вале ба ҳар сурат қотеъона пайгирӣ карда истодаем. Мардумро фиреб карда намешавад. Ҳар нафаре, ки ҷиноят содир кард, посух мегӯяд.

-Феълан чӣ қонуншиканиҳои дигари писари собиқ додситони кулл исботи худро ёфтаанд ва амалҳои дигар илова шудаанд?

Фаттоҳ Саидов: -Мардуми ҷабрдида аз амалкардҳои додситони ноҳияи Ҳисор зиёд аст. Аммо онҳо метарсанд, ки ба мо муроҷиат кунанд. Имрӯз аз пушти панҷара зиндониён шикоят мекунанд, ки онҳоро Файзуллоҳ Бобохонов бо иттиҳом дар солҳои гуногун бесабаб равонаи зиндон кардааст. Ҳамчунин дар вақти додситони ноҳияи Ҳисор буданаш Файзуллоҳ Бобохонов онҳоро зиндонӣ кардааст. Бархе аз зарардидагон дар хориҷ ҳастанд, онҳоро дастрас кардану овардан вақти зиёро талаб мекунад. Ин ҳамон матали мардумии «сари кафида зери тоқӣ»-ро мемонад. Сарашро мезананд, мекафонанд, вале метарсанд ба ҷое муроҷиат кунанд. Мардуми ҷабрдида худашон омада истодаанд.

-Далели тозаеро аз амалҳои додситони ноҳияи Ҳисор мисол оварда метавонед?

Фаттоҳ Саидов: -Чаро не, як мард аз Панҷакент омада гуфт, ки 5-6 моҳ мешавад, ки зери таҳдиди додситони ноҳияи Ҳисор мондааст ва фарзандонашро надидааст. Дигар ҳолатҳо рӯзҳои наздик эълон карда мешавад.

-Мегӯед, ки мардум муроҷиат намекунанд. Айб дар мардум аст ва ё ниҳодҳои масъул, ки ба дарди мардум дар баҳсҳои додгоҳӣ намерасанд ва одатан қазияҳоро ба манфиати мансабдорон ва пулдорон ҳал мекунанд ва ин ҳолат боиси он шудааст, ки мардум ба шумо ҳам муроҷиат накунанд?

Фаттоҳ Саидов: -Шояд. Аммо ман бо ҳидояти роҳбари давлат ҳар нафареро, ки қонунро вайрон мекунад ва ба фасодкорӣ даст мезанад, то он рӯзе, ки дар ин масъулият ҳастам дастгир мекунам. Ҳатто фарзанди худам ҳам бошад.

-Ба ниҳодҳои калон, манзурам вазоратҳои дигар ва мансабдорон, ба хотири намунаи дигарон часпу талош доред?

Фаттоҳ Саидов: -Бале, мо ҳама соҳаро пешгирӣ карда истодаем. Мушкилиҳо аст, аммо талош дорем. Масалан ҳамин додситони собиқ сари мансаб ҳам мебуд ман писари ӯро бо аъмолаш боздошт мекардам. Қонун барои ҳама як хел аст.

-Амволи писари додситони собиқ давлатӣ мешаванд?

Фаттоҳ Саидов: -Мо ҳабс кардем, дар бораи давлатӣ кардани моликияти ӯ додгоҳ тасмим мегирад.
XS
SM
MD
LG