Дирӯз дидам, як мақоми ғӯлпайкари рус боз ба сӯи муҳоҷирони мо ангушти таҳдид баланд кард. Боз гапҳои кӯҳна: вазъи санитарӣ, муқаррароти муҳоҷират, зарурати истифодаи паспорти хориҷӣ. Инҳо хаста нашуданд? Аҷиб аст, чаро боз ба тоҷикҳо дарафтоданд? Ё мо айбе, кадом нуқсе дорему худамон инро намедонем? Чаро ба дигарҳо неву маҳз ба мо мечаспанд? Ҳамлаи ахири танзимшуда болои тоҷикҳо, ба назарам, ду сол пеш, шабу рӯзи боздошти ҳавопаймоҳо буд.
Телевизионро хомӯш карда чой дам кардам. Чои “Аҳмад”-ро менӯшаму тааҷҷуб мекунам: исми тоҷикӣ, арабӣ ё ҳиндӣ, ҳарчи бошад, вале дар Лондон таҳия мешавад. Дар Бритониё. Яке аз пойтахтҳои муҳими Аврупо. Мегӯянд, он ҷо мардуми мо хеле хушҳоланд, аз полис ё аз ҳамлаву таҳдиди сиёсатмадорон андеша намекунанд. Кору таҳсил мекунанд, бо забони модарии худ – тоҷикӣ ё арабӣ озод сӯҳбат мекунанд. Канӣ як нафараш ба ӯ бо чашми бад нигоҳ кунад, чӣ мешавад!
Бародарам аз Псков занг зад. Боз русӣ гап мезад. Дар хиёбон аст. Намехоҳад, ки фош шавад. Воқеан, русиаш хуб шудааст. 40 сол дорад, 13 соли охираш дар Русия. Боре гуфтам, “бо ман бо забони бегона гап назан, бадам мерасад”, гуфт, беҳтар аст таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ накашад. Ёдам ҳаст, боре бо ӯ сӯҳбат мекардем, дар дохили фурӯшгоҳ буд. Садои баланди зане шунида шуд, ки аз акаам талаб мекард бо забони ба ӯ фаҳмо гап занад. Фурӯшанда будааст. Итоат. Рост мегӯяд бародарам, зери соя будан беҳтар аст – соя гарави амният, дарозумрӣ ва шарти вонахӯрдан бо полис аст. Дар Душанбе як бачаи дидадарову хандонрӯ буд, аз дур бо садои баланд “ман омадам”-ашро мешунидему ҳама ба пешвозаш медавидем. Оҳ, ёдаш кардам!
Вориди интернет шудам. Боз ҳамон Онишенко... Акси наваш? Хаёлам, ҳамин башараи ӯро дар дигар ҳодисаҳои монанди ин ҳам дида будам. Бале, рост аст. Онишенко як бори дигар тоҷиконро СПИДу сил бароварда буд, аз он пеш винои гурҷиву панири украиниро манъ кард. Баъд фаҳмидем, ки гапи Кремл бо президентони он кишварҳо напухтааст. Пас, вазифаи ӯ муҳим будааст. Агар туро касал баровард, дон, ки Путин аз президентат нороҳат аст.
Ростӣ, агар ин поездҳо дигар ҳаракат накунанд, баъд чӣ мешавад? Нархи самолет хеле парвоз кардааст. Боз азоб. Дар сайти дигар акси мақомоти Тоҷикистонро мебинам – дар кадом кунҷи Аврупо. Зебо, бовиқор, шик... Ҳатман ки бо ҳавопаймои худ ва бевиза рафтаанд. Шуморашон ҳам зиёд аст. Кайф. Зимнан, оё онҳо дар бораи ин таҳдидҳои нави русҳо хабар доранд? Ҳатман ки хабар надоранд, вагарна посух медоданд. Аҷиб аст, вале чанд лаҳза фикр мекунаму ба ёдам намеояд, ки як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, ҳамоне, ки дар дохили кишвар ҳар рӯз дар телевизион дар бораи миллати бузург будани мо ёдовар мешавад, хеста ба фишорҳои Маскав посух дода бошад. Чаро? Чаро президент ё вазири хориҷа ё раиси парлумон хеста намегӯяд, ки “ҳой, Маскав, шумо моро чӣ фикр кардед?”. Ё мо муттаҳамем? Хайр, агар ин хел гӯем, пас русҳо бояд ҳар рӯз ӯзбакҳову қирғизҳо ё чиниҳову виетанмиҳоро ҳам аз қатор фароранду даста-даста депортатсия кунанд! Худашон мегӯянд, ки беш аз 10 миллион нафаранд, тоҷикҳо аз ин шумор каме бештар аз 1 миллион будаанд. Ҳар нафари даҳум. Вале ба назар мерасад, ки тамоми фалокати русҳо аз тоҷикҳо аст.
Ман чизе намефаҳмам. Комютерро ҳам мебандам. Ман хаста шудам. Хаста аз он шудам, ки 20 сол аст, ҳодисаҳо такрор мешаванд, тоҷикҳо зери мушту лагаданд, русҳо ҷор мезананд, ҳукумати Тоҷикистон хомӯширо афзал медонад. Мо дар хонаи хурди худ синазанӣ мекунем, ки беҳтарину бузургтарину бофарҳангтаринем, вале вақте берун меравем, кӯшиш мекунем, ки нонамо бошем. Равоншиносе мегуфт, ки сайр дар гузаштаву хотироти таърихӣ ба маънои роҳат будани он ҳолат назар ба вазъи имрӯза аст. Воқеият сангинтар аст. Дилат мехоҳад, ки аз ин воқеият фирор кунад. Вале то кай? Мо рӯзе интихоби дигаре хоҳем дошт? То кай аз мушкилот фирор мекунему роҳи ҳалли онро намеандешем? Магар дар ин 20 сол имкон набуд, ки бо русҳо муомила кунем ва шароити зисту кори бародару хоҳаронамонро беҳтар гардонем? Бовар намекунам, ки мо чунин ақлҳо надошта бошем. Дорем. Мо шояд ирода надорем, ташаббус ва хоҳиш надорем, вагарна зиндагӣ метавонист ранги дигар бигирад. Манфиати мо чист? Танҳо киса пур кардан? Пас ояндаро кӣ фикр мекунад?
Асабҳоям таранг шуд. Ман ҳам мисли бисёр ҳамватанонам то имрӯз бисёр хомӯш будам, таҳаммул мекардам, “фардо беҳтар мешавад”, мегуфтам. Вале ҷаҳламро дар компютер мерезаму эҳсос мекунам, ки косаи сабрам лабрез мешавад. Мехоҳам бихезаму тамоми чизро дигар кунам, коре кунам, ки мардуми мо хушбахттар шавад, аз чизе наҳаросад, бо сари хам не, бо сари баланд, мисли инсон бигардад ва наҳаросад, ки ҳар лаҳза як духтуре меояду ӯро барои шакаробхӯриаш депортатсия мекунад.
Рустам Орифов, Душанбе