Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирбачаҳои тоҷик аз "облава" мегурезанд


Кӯдакони чашм ба роҳи падарҳои муҳоҷир дар фурудгоҳи Душанбе

Ҷавоне бо сад хаёл, модаре бо чашми пур аз ашк, падаре бо дили пурхун, бародару хоҳаре бо нигоҳи ғамангез ва борхалтаҳои пур аз нони чаппотӣ... Садои духтаре, ки хатсайри парвозҳоро эълон мекунад...

Ин ҳамаро метавон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мушоҳида кард. Воқеан, саҳнаи худоҳофизии модарон бо фарзандони ҷавонашон, ки қасди муҳоҷират кардаанд, хеле дилрешкунанда аст.

Шояд хонандаи азиз мегӯяд, ки ин барои аввалин бор нест, бале, аммо ин худоҳофизиҳо аз гусели мусофирони дигар дар фурудгоҳ тафовут дорад.
Агар дар гузашта, мусофирони самти Русия муҳоҷироне буданд, ки мушкилоти фаровони хонаводаҳои бузургашон онҳоро ба ин сафар маҷбур мекард, ҳоло лашкари ҷавонони аз 18 то 27-соларо ҳам мебинем, ки тарси «облава» ба кишвари бегонаи рус телаашон медиҳад.

Ин ҳамаро муддати ним соат дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мушоҳида кардам, ки барои анҷоми коре гузарам онҷо афтод.

Дар ним соат, манзараҳои зиёдеро дидам, аммо бештар таваҷҷӯҳи маро ҷавоне ба худ ҷалб кард, ки мисли кӯдаки ширхора аз модар дур будан намехост. Гоҳ ба борхалтаи дасташ нигоҳ мекарду гоҳи дигар ба чеҳраи пурожанги модар, модаре ки бо сад фикри хаёли зиндагӣ рӯи хараки назди фурудгоҳ менишаст.

Хостам наздаш равам ва суол кунам, ба куҷо меравад, чаро меравад? Оё ӯ ҳам мисли дигар ҷавонон аз дасти «облава» мегурезад? Аммо боз ҳам дилам нашуд, ки ин сукути пурмаъноро бишиканам.

Баъди даҳ дақиқа, ногаҳон ин хомӯширо садои духтаре шикаст, ки мусофиронро барои аз қайд гузаштан даъват мекард. Онҳое ки барои пешвозу гусели наздиконашон дар харакҳои назди фурудгоҳ интизорӣ мекашиданд, як-як аз ҷой хеста ба сӯи даромадгоҳ қадам заданд. Ман низ рафтам назди ин ҷавон.

Саломи ману суоли ман охирин қатрае шуд, ки ашки Лоиқи 18-соларо, ки барои аввалин бор ба муҳоҷират мерафтааст, ҷорӣ кард.

Бале, ӯ ҳамагӣ 18- сол дорад ва баъди хатми мактаби миёна роҳи Русияро пеш гирифтааст. Ӯ мегӯяд, мисли дигар ҷавонони тоҷик вай ҳам намехоҳад ду соли умри худро дар артиш барҳадар диҳад. Вай мегӯяд, сатҳи пасти зиндагӣ барояш даст надод, ки дар донишгоҳ таҳсил кунад. Ба гуфтаи Лоиқ, ҳоло аъзои хонаводааш барои таъмини зиндагӣ ба кумаки ӯ ниёз доранд. Лоиқ дар ин бора ҳатто буррову боҷасорат сӯҳбат карда наметавонист. Ӯ танҳо як ҷумла гуфт: «Шароити зиндагӣ маҷбур кард, ки равам.»

Аз сӯҳбат бо Лоиқ дарёфтам, ки ҳоло дар шаҳри бегона ҷои кори аниқе надораду касе ӯро мунтазир нест. Вале ӯ таваккал бар Худо карду рафт.

Мисли қаҳрамони мо дар фурудгоҳ ҷавононе кам набуданд, ки аз дасти «облава» роҳи Русияро пеш гирифтаанд.

Аммо ман аз ин ҳолат нороҳат нашудам, баракс дар дилам гуфтам, ки бигзор раванд.Як ё ду соли пеш ман шояд чунин рафтори ҷавонони тоҷикро амали номардона надонистам, вале ин бор ба худ гуфтам, ки бигзор аз хидмат дар артиш «гурезанд». Шояд азобу машаққати ғурбат ва ҳатто мурдан дар шаҳри бегона беормону беаламтар бошад, нисбат ба оне ки дар Ватани худат касе ба қадарат намерасад. Ё зинда дар гӯрат кунанду ба ҳолат биханданд.

Бале, мисли Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ки барои хизмат дар артиш ба пой рафт ва ба «сар» баргашт. Ман имрӯз бори дигар бовар ҳосил кардам, ки қадри фарзанди тоҷик мисли хасе шудааст, ки ҳатто як боди сабук ҳам метавонад ӯро бардораду бибарад. Ба кӯи номуродиҳо.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG