Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайтбандиҳо: "Зӯр мезанаду боз гиристан намемонад"


Бастани сайтҳо дар Тоҷикистон ва ноилоҷии соҳибони вебсайтҳо мақоли маъруферо мемонад, ки «зӯр туро мезанад, боз гиристан намемонад».

"Зӯр мезанаду боз гиристан намемонад". Пешниҳоди муҷозот шудани ширкатҳои интернетрасон барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳоро бархе аз коршиносони тоҷик ба ҳамин мақол монанд мекунанд.

Таҳлилгарони тоҷик тавсияи Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсонро, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавсия додааст, "барои бидуни огоҳӣ ва бе санади расмӣ бастани сомонаҳо нисбат ба ширкатҳои таъминкунандаи Интернет чораҳои қонунӣ андешанд", аз сӯе мантиқӣ, вале аз тарафи дигар ғайривоқеӣ арзёбӣ мекунанд.

Онҳое, ки ин пешниҳодро мантиқӣ меҳисобанд, бовар доранд, ки баъд аз ин ширкатҳои интернетрасон нисбат ба муштариёнашон бо масъулияти бештар муносибат хоҳанд кард. Дигарҳо мегӯянд, бо пеш омадани

Зариф Ализода
Зариф Ализода

зарурат барои бастани сомонаҳо дар Тоҷикистон, ҳеч як пешниҳоди Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон ба инобат гирифта нахоҳад шуд. Аксари коршиносон мутмаинанд, ки масъала марбути ширкатҳои интернетрасон нест.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бовар надорад, ки ҳатто баъди тавсияҳои ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин самт як таҳаввулоти ҷиддӣ сурат гирад. Ӯ мегӯяд, ин шахс аз ҷониби мақомоти иҷроия таъин ва маблағгузорӣ мешавад: "Фикр накунам, ки ваколатдор қудрате дорад, ки муқобили кордиҳандаҳои худ сухан гуфта тавонад. Шояд каме тағйирот шавад ва то ҷое ин пешниҳод ба назар гирифта шавад, вале дар ҳолати пайдо шудани зарурат барои бастани сомонаҳо, ҳеч як пешниҳоди Омбудсмен ба инобат гирифта намешавад."

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандон аз чандин ҳолати басташавии сомонаҳои хабарии "Азия-Плюс", "Тоҷнюс", "Озодагон", Радиои Озодӣ, ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоии Фейсбуку Ютюб дар соли 2015 нигаронӣ карда, ин амали ширкатҳоро ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда хондааст. Омбудсмени тоҷик расман ба мақомоти

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

масъул, аз ҷумла Додситонии кулл пешниҳод кардааст, ки ин вазъро таҳти назорат бигирад ва дар сурати бидуни санади расмӣ ва огоҳии пешакӣ баста шудани сомонаҳо, нисбат ба ширкатҳои интернетрасон ҷазо пешбинӣ шавад.

Азиз Солиев, сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар ниҳоди ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, тибқи таҳлили онҳо то ба ҳол ягон сомона бо дастури Хадамоти алоқа баста нашудааст. "Ҳастанд баъзе сомонаҳое, ки аз ҷониби Хадамот дастури бастани онҳо мешавад, аммо ин сомонаҳои ифротгароиву террористӣ ҳастанд, ки ҳадафашон ҷалби шаҳрвандон аст, Дар масъалаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабарӣ ягон маҳдудият нест," - гуфт ӯ.

Тавсияи Омбудесмени тоҷик барои муҷозот шудани ширкатҳое, ки

Азиз Солеҳов
Азиз Солеҳов

беогоҳӣ дастарсӣ ба Интернетро масдуд мекунанд, дар ҳолест, ки басташавии сомонаҳо дар Тоҷикистон дигар ба як кори маъмулӣ табдил шудааст ва дар ҳоли ҳозир ҳам баъзе аз сомонаҳо, мисли “Азия-Плюс”, Радиои Озодӣ ва «Озодагон» низ тариқи Интернети аксар ширкатҳо баста аст.

Дар чунин ҳолатҳо, далели сайтбандонро касе расман намегӯяд, аммо як баёнияи ширкати аврупоии TeliaSonera дар моҳи ноябр, ки дар сомонаи расмии ширкат нашр шуда буд, ба бисёр суолҳо дар ин маврид ҷавоб дод. Дар ин баёнияи расмӣ ширкат иқрор карда буд, ки онҳоро барои дастнорас кардани баъзе аз торнамоҳо маҷбур мекунанд.

Дар 5 соли фаъолияти худ хабаргузории мустақили "Озодагон" ҳадди ақалл 7 бор ба муддатҳои тӯлонӣ баста мешавад.

Абдулазизи Восеъ
Абдулазизи Восеъ

Масъулони ин сомона мегӯянд, ба мактубҳои расмии худ аз ширкатҳои интернетрасон посухи дақиқ намегиранд. Абдулазизи Восеъ, сардабири хабаргузории "Озодагон" гуфт: "Ба Хадамоти алоқа ду нома фиристодем. Пеш аз моҳи март ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳам муроҷиат кардем. Танҳо аз «Мегафон» ҷавоб омад, ки дастнорас будани сомонаи «Озодагон» марбути онҳо нест. Дар як ҷавоби Хадамоти алоқа дар моҳи ноябри соли гузашта гуфта мешуд, ки хадамот ягон дастуре барои бастани сомонаҳо надодааст ва талош мекунад ин мушкил баррасӣ шавад. Аммо суол инҷост, ки чаро бояд ширкатҳои интернетрасон муҷозот шаванд? Ҳеч ширкат манфиатдор нест, ки сомонаҳои муваффақеро масдуд ва сафи муштариёни худро кам кунад.”

Муҳаммадӣ Ибодуллоев раҳбари бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет ё ГИПИ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Омбудсмен мегӯяд, имрӯз бояд ҳатман ниҳоде барои масдуд сохтани дастрасӣ ба Интернет ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Аммо дар айни замон ӯ эътироф мекунад, ки ширкатҳои мобилӣ дар байни обу оташ мондаанд. Вай гуфт: “Аз як тараф, шартнома доранд бо истифодабарандаҳо, ки бояд ҳама имкониятро дастрас кунанд. Аз сӯи дигар онҳо иҷозатномаи Хадамоти алоқаро доранд ва вақте басташавии ин ё он сайт талаб мешавад, роҳи дигаре надоранд. Вале ман дар хотир надорам, ки нафаре ба додгоҳ хаттӣ муроҷиат карда бошад барои масдуд кардани дастрасӣ ба ин ё он сомона.”

Таҳлилгарон мегӯяд, вазъ метавонад замоне тағир ёбад ва пешниҳоди Омбудсмени тоҷик ҳам ба кор ояд, ки агар корбарони Интернет ё муштариёни ширкатҳои интернетрасон барои нақзи ҳуқуқҳои худ ширкатҳоро ба додгоҳ кашанд. Дар ин сурат ширкатҳо эҳтимолан барои нигаҳдории мизоҷони худ, хадамоти пешниҳоди интернетро беҳтар ё асли воқеаро ошкор кунанд. Аммо ба таъкиди онҳо ҳоло муштариён ба ин “дарди сар” зарурат надоранд, чун аксарият аз барномаҳои махсуси қулфшикан истифода мебаранд ва бархе ҳатто аз басташавии сомонаҳо то дер хабар намешаванд.

Вале Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ширкатҳо метавонанд бо ташкили як иттиҳод аз ин пешниҳод ба манфиати худ истифода кунанд ва алайҳи қонунҳои нонавишта мубориза баранд. Аммо боз ҳам “ба хотири нигаҳ доштани тиҷорати худ ҳамеша побанди фармонҳои нонавишта мемонанд ва кӯшиш мекунанд раддубадал ва ҷанҷол накунанд. То фаъолиятро идома дода тавонанд. Зеро дар Тоҷикистон қоида ҳаст ва ҳамзамон нест”, гуфт Абдумалик Қодиров.

XS
SM
MD
LG