Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен барои оташбас дар Ғазза ба Мисру Исроил меравад


​​​​​​​Энтони Блинкен
​​​​​​​Энтони Блинкен

Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико тасмим гирифтааст, ки рӯзи даҳуми июн ба Мисру Исроил биравад.

Энтони Блинкен гурӯҳи “Ҳамос” (аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ арзёбӣ мешавад) ва ҳукумати Исроилро ба оташбас дар Ғазза водор хоҳад кард.

Ҳадафи дигари сафари ӯ пешгирӣ аз тавсеаи низоъ ба хоки Лубнон аст.

Дар охири моҳи май президенти Амрико, Ҷо Байден, пешниҳоди оташбасро дар Ғазза матраҳ кард.

Ин тарҳ аз се марҳила иборат аст: Хатми душманӣ ва оташбас; табодули гаравгонҳои исроилӣ ва маҳбусони фаластинӣ ва эҳёи Ғазза. Ин барнома ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG