Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар метрои Минск "амали террористӣ" унвон шуд


Кӯмак ба захмии таркиши метрои Минск, 11-уми апрели соли 2011.
Кӯмак ба захмии таркиши метрои Минск, 11-уми апрели соли 2011.

Беларус ҳанӯз аз инфиҷори хунин дар як истгоҳи пурравуои метрои шаҳри Минск ба худ наомадааст.

Бар асари ин таркиш, дар истгоҳи Кастричнитская, ки додситонии Беларус онро "амали террористӣ" хонд, 11 нафар кушта ва бештар аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар истгоҳи метрои Кастрничская, ки дар наздикии дафтари раёсати ҷумҳур воқеъ аст, бомбе гузоштаанд, ки ба он оҳанҳои тез насб шудааст...


Раисҷумҳур Александр Лукашенко ба хотири инфиҷор ҷаласаи изтирорие ташкил дод ва онро кори дасти хориҷиён хонд.

Валянтсина Аксас, хабарнигори бахши беларусии радиои "Озодӣ", ки зимни таркиш дар он маҳалл буд, ҳодисаро чунин тасвир мекунад: "Дар он ҷо садои баланд ва нохушоянде шуд, ки гӯиё чизе аз сақф ба поён афтод ва порчаҳои сӯхта аз ҳар тараф ба замин рехтанд. Шикастапораҳо ба рӯи эскалатор афтода ва билофосила ҳама чизро ба коми оташ кашиданд. Одамон ҳам месӯхтанд. Эскалатор аз кор монд, чароғҳо хомӯш шуданд ва истгоҳ аз дуд пур шуд."

Бино ба гузоришҳо дар маҳалли ҳодиса панҷ нафар ҷон додааст ва ба гуфтаи манобеи беҳдоштӣ афроди зиёде бар асари таркиш ҷароҳат бардоштаанд.



Билофосила, баъд аз инфиҷор, нерӯҳои пулис ба маҳалли ҳодиса омада ва намегузоштанд, то мардум дар онҷо ҷамъ шаванд. Алена Струв, хабарнигори дигар, ки ӯ ҳам дар наздикии маҳалли ҳодиса будааст, мегӯяд: "Як зани ҷавон, ки пеши ман меистад, мегӯяд, ҳангоми ворид шудани қатори онҳо ба истгоҳи Кастричнитская, баногоҳ торик шуд, қатор истод ва баъдан 3 одамро дид, ки даст ё пой надоштанд. Ҳама ҷо пур аз хуну гӯшт буд."

Хабаргузории "Интерфакс", аз қавли як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Белорус навиштааст, дар истгоҳи метрои Кастрничская, ки дар наздикии дафтари раёсати ҷумҳур воқеъ аст, бомбе гузоштаанд, ки ба он оҳанҳои тез насб шудааст, то шумораи қурбониён ҳарчӣ бештар бошанд.
Баъди ин корзори сиёсӣ, ҳазорон нафар дар шаҳри Минск тазоҳурот карданд ва дар пайи ин садҳо нафар аз тарафи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд.


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар нишасти изтирории ҳукумат гуфт, сарфи назар намекунад, ки инфиҷор ба қавли ӯ, ҳадяе аз хориҷ будааст. Ӯ аз мақомоти расмӣ хост, масъулони ҳодисаро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Инфиҷор дар метрои Минск дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин шаҳр, омодагӣ барои муҳокимаи фаъолони мухолифини давлат идома дошт. Ин афродро моҳи декабр дар пайи тазоҳуроти алайҳи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боздошт карданд.

Лукашенко, ки ӯро аксарият “охирин диктатори Аврупо” меноманд, дар интихоботи рӯзи 19-уми декабри соли 2010 пирӯз шуд, агарчӣ интихоботи мазкурро олуда ба тақаллуб хондаанд.

Баъди ин корзори сиёсӣ, ҳазорон нафар дар шаҳри Минск тазоҳурот карданд ва дар пайи ин садҳо нафар аз тарафи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд.

Ин навори видео пас аз лаҳзаҳое аз инфиҷор дар торнамои Ютюб пайдо шудааст. (Ҳушдор -- манзараҳои мудҳиш)

Таркиш дар метрои Минск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
Линки мустақим


Метрои Минск. Пас аз таркиш.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG