Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Соли ҷавонон" киҳо беҳтарин шуданд?


Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар як маросими вижа дар Душанбе аз "Соли ҷавонон" натиҷагирӣ ва 100 ҷавони беҳтаринро дар бахшҳои гуногуни ҷомеа бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд. Ин маросим шоми 26-уми декабр дар "Кохи Наврӯз" багузор шуд.

Дар миёни онҳое, ки ҷоизаҳои ин кумитаро соҳиб шуданд, олимону ихтирокорони ҷавон, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ғолибони олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва варзишгарони маъруф буданд. Аксари ин ҷавонон аз рӯи дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва варзишӣ сазовори ҷоизаҳо шуданд.

Дар маросими хоси эътои ҷоизаҳо танҳо ҷавононе ҳузур доштанд, ки давоми соли 2017 дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии бахшида ба "Соли ҷавонон" дар саросари кишвар ширкат ва аз сиёсати ҳукумат пуштибонӣ мекарданд.

Шабнам Муродова ҷарроҳи 29-солаи тоҷик, аз ҷумлаи ҷавононест, ки барои анҷоми бомуваффақи даҳҳо амалиёти ҷарроҳӣ, ҷоизаи махсуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро соҳиб шуд. Ӯ ин ҷоизаро дар бахши “Ихтирооти техникӣ дар соҳаи тиб” гирифт. Шабнам унвонҷӯи соли сеюми Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон аст ва аллакай дар ин муддат даҳҳо ҷарроҳии рӯдаю меъдаро бомуваффақона анҷом додааст.

Дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббии пойтахт ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият дорад ва аллакай дар ин сину сол бисёре аз нозукиҳои ин касбро медонад. То имрӯз чандин пажӯҳишҳоро дар бахши “тарз ва усули беҳтар кардани ҷарроҳӣ” анҷом дода, ният дорад роҳҳои осони ҷарроҳӣ ва кӯмак ба беморонро омӯзад.

Шабнам Муродова.
Шабнам Муродова.

Мисли Шабнам ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзишро онҳое соҳиб шуданд, ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҷавонон дар кору эҷодашон муваффақ мебошанд.

Ин кумита Сӯҳроб Авлиёқулов, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Данғараро барои дониши хуби сиёсиву ҳуқуқӣ ва забондонияш беҳтарин “Донишҷӯи сол” эълон кард.

Ӯ миёни садҳо ҳазор донишҷӯй аз чиҳил муассисаи олии Тоҷикистон ин унвонро ба даст овард. Тавре Сӯҳроб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз он, ки ӯро ҳамчун донишҷӯи беҳтарин интихоб кардаанд, хушҳол аст, чун соҳиб шудан ба ин ҷоиза дар "Соли ҷавонон" барояш хотирмон буд.

Вай гуфт, ӯро ҳакамон бар асоси низомномаи Кумитаи ҷавонон барои интихоби беҳтарин донишҷӯй, ки шартҳои гуногун дошт, ба ин ҷоиза сазовор донист. “Ҳакамон аз рӯи шартҳои навиштани иншо, суолу ҷавоб дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳам донистани забонҳо, бояд интихоб мекарданд. Ин ҷоиза соли 2017-ро барои ман соли фаромушношуданӣ хоҳад кард”,-гуфт ӯ.

Сӯҳроб Авлиёқулов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара.
Сӯҳроб Авлиёқулов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара.

Ҳамчунин дар ин маросим Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаро варзишгари сол эълон кард. Ин варзишгари 22-солаи тоҷик ки моҳи ноябри соли равон дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, бо медали тилло мукофотонида шуд. Бо гузашти 42 сол ӯ ба такрори натиҷаигуштигири номии тоҷик Саидмумин Раҳимов ноил гардид, ки соли 1975 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Минск ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуда буд.

Дар ин маросим ба фарқ аз чорабиниҳои қабл, ки зери сарпарастии Федератсияи футболиТочикистон баргузор шуд, дар баробари варзишгарон, ҳатто хабанигорони ВАО, ҳунармандони театру синамо ва рассомон ҳам барои эҷодашон, бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода беҳтарин варзишгари сол эълон шуд.
Беҳрӯзи Хоҷазода беҳтарин варзишгари сол эълон шуд.

Тоҳир Назаров, рассоми ҷавон ки дар бахши санъат соҳиби ҷоиза шуд, мегӯяд, ин барояш ғайричашмдошт буд, чун ҳунаре, ки ӯ дорад, на ҳамеша қадр мешавад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Тоҳир, ҳоло шавқи ҷавонону наврасон ба ин касб зиёд нест, чун ба назари ӯ, намешавад ҳунару истеъдоди рассомиро мисли касбҳои дигар бо пул харид ва обрӯманд шуд. Чун рассоми театру синамо шудан аз назари ӯ кори соддаву осон нест ва барои ин бояд инсон завқи баланд ва истеъдоди табиӣ дошта бошад.

Аммо дар маросими хоси эътои ҷоизаҳо танҳо ҷавононе ҳузур доштанд, ки давоми соли 2017 дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии бахшида ба "Соли ҷавонон" дар саросари кишвар ширкат ва аз сиёсати ҳукумат пуштибонӣ мекарданд. Зимнан, дар ин маросим ҳеҷ як ҷавони фаъоли озодандеш, даъват нашуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон декабри соли 2016 зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон ва мардуми Тоҷикистон соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон кард. Синни миёнаи аҳолии кишвар 24 сол аст ва бахши аслии сокинонро ҷавонҳо ташкил медиҳанд.

Он замон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон аз ҷавонон даъват кард, ки "ҳисси баланди миллӣ дошта ва ба давлат, забон ва арзишҳои миллат" эҳтиром гузоранд. Тибқи омори расмӣ 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонҷавонон ташкил медиҳанд. Бар асоси арзёбиҳои ахир аз миёни хизматчиёни давлатӣ ҳоло 44 дарсад кадри ҷавон будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG