Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ки як қадам берун равӣ, писаратро мекушем". ВИДЕО


Мазори яке аз қурбониёни ҳодисаи Беслан
Мазори яке аз қурбониёни ҳодисаи Беслан

15 сол пеш, рӯзҳои аввали сентябр, Русия шоҳиди як ҳодисаи бесобиқаи террористӣ шуд. Дар шаҳраки Беслани Осетияи Шимолӣ тундравон 1200 нафарро дар дохили мактабе гаравгон гирифтанд. Бӯҳрон то 3-юми сентябр идома карда, шеваи ҳалли он фоҷеабор буд.

Аз ҳодисаи гаравонгирӣ дар як мактаби Русия, ки беш аз 300 нафарро қурбон кард, понздаҳ сол гузашт. Тундравони шарики ошӯбгарони чечен талаб мекарданд, ки Русия нерӯҳояшро аз Чеченистон барорад.

Темурлан Тоғузови 28-сола ва модараш аз ҷумлаи 1200 нафаре буданд, ки рӯзи 1-уми сентябри соли 2004 ба дасти тундравон афтиданд. Темурлан он рӯз бояд ба синфи 7-ум мерафт. Ӯро модараш ба мактаб бурда буд.

Темурлан ва модараш барои муддати кӯтоҳе қаҳрамонҳои аслии ин фоҷиа шуданд. Чун модар довталабона аз ҷояш бархост ва паёмрасоне байни гаравгонгирон ва нерӯҳои Русия шуд. Вақте гаравгонгирон хостанд, паёмеро ба нерӯҳои Русия бирасонанд, модар аз ҷояш бархост.

"Вақте модарам номаро берун мебурд, ман инҷо нишаста будам. Барои онки агар ӯ мегурехт, маро мекуштанд," --гуфт Темурлан.

Лариса Мамитова, модари Темурлан, мегӯяд, ӯ бояд паёми тундравонро ба мақомот мерасонд, ки дар он талаб мешуд, нерӯҳои Русия аз Чеченистон берун бурда шаванд.

"Вақте мусаллаҳон фарёд заданд, ки ин ҷо табибе ҳаст, табибе ҳаст? Ба гӯшам расид, ки табиб мегӯянд. Аз ҷоям хеста гуфтам, ки ман табибам. Гуфтам мумкин аст, ман паёми шуморо расонам? Ман ҳеҷ ҷо намеравам, чунки писарам инҷост. Хуб гуфтанд ва паёмашонро ба ман доданд. Гуфтанд, писарат инҷо мемонад, агар аз дар як қадам берун монӣ, снайпер туро нобуд мекунад. Ба ман номаро доданд, ки дар он гуфта мешуд, нерӯҳоро аз Чеченистон берун кунанд," -- ба ёд овард Лариса Мамитова.

Ҷасорати Мамитова пеши роҳи фоҷиаро гирифта натавонист. Дар рӯзи саввум нерӯҳои Русия ба мактаб юриш бурданд ва задухӯрди шадид ба амал омад. 334, аз ҷумла 186 кӯдак кушта шуданд.

Фоҷиаи Беслан бо гузашти 15 сол аз ёди модару писар намеравад. Темурлан Тоғузов гоҳе ҳодисаи рухдода ва дӯстонашро дар хоб мебинад. Ӯ ҳоло афсари Горди Миллии Русия аст. Фоҷиаи Беслан пайваста аз хотирааш мегузарад.

"Ман ҳеҷ намефаҳмам, чӣ метавонист, сабаби гаравгон гирифтани кӯдакон шавад. Ман инро намефаҳмам. Ман зоҳиран ҳеч гоҳ дарк намекунам, чӣ гуна кӯдакро метавон гаравгон гирифт," --мегӯяд Тоғузов.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Гуфтанд, ки як қадам берун равӣ, писаратро мекушем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

XS
SM
MD
LG