Масъулини созмон мегӯянд, ки тафтиши байнулмилалии қазияи ҳалокати гаравгонҳо дар мактаби шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ - ягона роҳи боқимонда барои ошкор кардани гунаҳкорони ин фоҷеъа аст.
Элла Кесаева, яке аз руасои ин созмон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳор намуд, “Садои Беслан” баъди он хостори дахолати ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар тафтиши фоҷеъа шуд, ки талошҳояш барои тафтиши воқеъбинонаву беғаразонаи ҳодиса ва ба додгоҳ кашидани мақомоти олирутбаи муҷрим дар ҳалокати гаравгонҳо аз сӯи Додситонии кулли Русия ноком анҷом ёфтанд:
«Аз нигоҳи мо, Русия аз ӯҳдаи вазифаи худ барои тафтиши қазия ва муҷозоти гунаҳкорон набаромад. Мо шаҳодату асноди зиёде, аз ҷумла, ҳукми додгоҳ ва номаҳои ҷавобии муфаттишонро ҷамъ овардаем ва онҳо рушан собит мекунанд, ки додситонӣ гунаҳкоронро муҷозот карданӣ нест. Ва аз ин рӯ мо маҷбурем ва Қонуни асосии кишвар низ ба мо иҷоза медиҳад, ки чун фарёд барои наҷот ва ба хотири муҷозоти гунаҳкорон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунем».
Элла Кесаева афзуд, ки онҳо тайи ҳамагӣ се рӯз зери муроҷиат барои тафтиши байнулмилалии фоҷиаи Беслан ду ҳазор имзо ҷамъ оварданд.
Чаҳор сол пеш, субҳи якуми сентябри соли 2004, вақте толибилмону омӯзгорони як мактаби шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ ба маросими занги аввал омода мешуданд, гурӯҳи террористҳо онҳоро гаравгон гирифтанд. Ба иттилоъи расмӣ, афроди мусаллаҳ беш аз 1100 нафар – толибилмону омӯзгорон ва волидайни ба ҷашномадаро бо зӯри силоҳ ба толори варзиши мактаб бурданд. Рӯзи сеюми ҳодиса нерӯҳои зудамали Русия ба амалиёти наҷотбахшии гаравгонҳо шурӯъ карданд, вале ноком шуданд - дар амалиёт 334 нафар, аз ҷумла, 186 толибилми мактаб ба ҳалокат расида 728 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти Русия эълом доштанд, ки гаравгонҳо бар асари инфиҷори бомбҳои гузоштаи террористҳо ба ҳалокат расиданд ва аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ҳуҷуми густардаи низомиёни рус бо истифода аз тупхона ва зиреҳпӯшҳо мунҷар ба ҳалокати гарафгонҳо шудааст.
Элла Кесаева, ҳамраиси созмони “Садои Беслан” мегӯяд, «амалкарди низомиён ва истифодаи техникаву силоҳи аз рӯи конвенсияи Аврупо мамнӯъ алайҳи мардуми осоишта боиси ҳалокати аксари гаравгонҳо гардид. То рӯзи 3 сентябр, то шурӯъи ҳуҷум ҳамагӣ 18 тан аз мардҳо ва як духтараки мубталои маризии қанд ба ҳалокат расида буданд. Дигарҳо ҳама зинда буданд».
Ба гуфтаи Элла Кесаева, се моҳ пеш онҳо аз Додситонии Кулли Русия талаб карданд, ки раисиҷумҳури собиқ ва сарвазири феълии Русия Владимир Путинро дар робита ба фоҷиаи Беслан мавриди бозпурсӣ қарор диҳад. Ва аммо Додситонӣ посух дод, ки Путин дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат надошт ва аз ин рӯ бозпурсии ӯ ҳамчун шоҳид ғайримумкин аст. Айни ҳол созмони “Садои Беслан” аснод ҷамъ меоварад, то алайҳи Владимир Путин парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Хонум Кесаева мегӯяд, онҳо Путинро муҷрим мехонанд, зеро ҳуҷум ба мактаб, ки мунҷар ба ҳалокати теъдоди бузурги гаравгонҳо шуд, бо амри ӯ, раисиҷумҳури вақти Русия сурат гирифтааст:
«Истифодаи нерӯ дар ҳамла ба мактаб, ки он ҷо гаравгонҳо буданд, тибқи Қонуни федеролӣ оид ба мудофиа, фақат ваколати раисиҷумҳур, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст. Мо ӯро маҳз дар истифодаи артиш айбдор мекунем, ки бо амри ӯ сурат гирифт».
Ҳамасола се рӯзи аввали соли нави таҳсил дар ин мактаби шаҳри Беслан аз қурбониҳои яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар Қафқоз ёд мекунанд. Имсол барои нахустин бор созмони “Садои Беслан” аксҳои ҷасадҳои кушташудагонро ба маърази намоиш гузошт. Элла Кесаева мегӯяд, ки ин намоиш ба баъзе аз мақомот хуш наомад ва онҳо ҳатто талош карданд, ки шабона ин аксҳоро рабуда нобуд созанд…
Се соли ахир ва аз ин ба баъд низ занги аввал дар ин мактаб фақат рӯзи 5 сентябр садо медиҳад.
Агар гуянд, ки рафта дар Донишгоххои Русия, Украина, Амрико, Инглистон, Фаронса хонда инженер, химик, барномасоз, заминшинос ва дигар касбхои фоидаоварро сохиб шав ва барои пешрафти Ватан хизмат кун. Точикистонро мисли кишвархои пешрафта карда истиклолияту Озодии Ватанро пуркувват ва зиндагии мардуро шоиста намоем. Не. Падар рози намешавад. Имконият надорам ва дигар бахонахо пайдо мешавад. Чор калимаи исломро ёд гирифта дар гардани мардум савор шуда харом зиндаги кардан ба баъзехо маъкул. Дар Бангладеш мехонанд мебинанд, ки мардуми Бангладеш то кучо рафтаанд хулоса намебароред. Як кишвари акибмонда, сатхи зиндагии мардумаш аз мо касодтар. Холу бину ахвол пурс. Кай ин миллат аз худро дуст медошта бошад.
Man nafahmidam in mard chi mexohad. Ideayahoi nobarkardaash sad dar sad ideyai Kommunistivu boz kommunistonro bad kardaistodaast. Maalum, ki dar xizmati Xojagahoi garbiash ast. Nagz mekunad Prezident Mirzoev!
I as a Tajik teenager wanted to make a call for all international organizations and embassies and generally the society to defend us. I really miss my homeland but am too scared to go back to my country although I am in a foreign country I feel safer than my homeland...Why can't I practice my religion, study Arabic, and Islam and get good education( science, math,English and etc.) in Tajikistan, my own country!? The educational system is also terrible, my mates don't study and get any knowledge!!! Why am I scared to visit even my grandparents!? I understand the pain my mates are having... For how long are we gonna bear Even while I am writing this I am frightened of writing my identity because if I will my parents will get in a lot of trouble just like this boy... Why can Greta Tumberg deliver speech without worrying for her parents sent to prison because of it?!
Bar hukumati mo ofarin ki kori xair anjom dod.
Чу дасти рус мадад намуд, Точ,икора депортация намуд.