Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 30 кӯдаки бесаробони узбекро аз Русия баргардондаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон мегӯяд, 31 кӯдаки узбекистониеро, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардонданд.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакон аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, Новосибирск ва Қазон ба Узбекистон оварда шудаанд.

Пештар Кумитаи оила ва занони Узбекистон хабар дода буд, ки ҳафт кӯдаки бесаробонро аз марказҳои иҷтимоӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба ноболиғон дар Русия ба ватан овардаанд.

Кӯдакон баъд аз гузаштани як қатор расмиёт ба наздикону хешонашон дар Узбекистон супорида мешаванд. Шарҳ дода нашудааст, ки онҳо чӣ гуна дар Русия бесаробон мондаанд.

XS
SM
MD
LG