Ҷон Коул рӯзи 16 сентябр дар шабакаи Х навишт, "имрӯз 25 зиндонӣ озод шуданд"! Ӯ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Минск, пойтахти Белорус афзуд, "мо бар сари як созиши муваққат ба тавофуқ расидем, бар асоси он, Белорус бо нишони ҳусни ният 25 нафарро озод мекунад ва Амрико дар муқобил, таҳримҳои ҷоришуда алайҳи ду ширкатро бекор хоҳад кард".
Намояндаи Амрико аз соли гузашта машғули музокира бо Лукашенко будааст. Музокироте, ки ба озодии ҳудуди 500 нафар дар ивази коҳиши таҳримҳои Вашингтон алайҳи Белорус анҷомидааст.
Коул ба хабаргузории давлати (BelTA) гуфт, ки дар тозатарин иқдом, Амрико таҳримҳои худ алайҳи ширкати тавлиди ранги белорусии (Lakokraska) ва гурӯҳи фаъол дар ҳавзаи ҷангалдорӣ (Bellesbumprom)-ро бекор хоҳад кард.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар пайи интихоботи президентии соли 2020, ки дар он Лукашенко (президент аз соли 1994) иддаои пирӯзӣ кард, таҳримҳои сахтеро алайҳи ӯ ва ҳукуматаш ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳои бештаре низ дар соли 2022 ҷорӣ шуд, яъне замоне, ки Минск ба Маскав иҷоза дод аз қаламрави Белорус барои ҳамла ба Украина истифода кунад.
Ҷон Коул дар шабакаи Х навишт,"мо ба беҳбуди робитаҳои Амрико ва Белорус идома хоҳем дод ва барои озодии афроди бештар дар ояндаи бисёр наздик талош мекунем".
Коул баъдан дар мусоҳиба бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки интизор дорад ҳудуди як моҳи дигар ба Белорус баргардад ва он ҳам барои эълони хабари озодии шумори хеле ҳам бештар аз зиндониён.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Коул гуфтааст, "умедворам садҳо нафар озод шаванд. Намедонам, ин умедвории ман аст. Бовар дорам, ки афроде бештареро озод хоҳем кард".
Дар пайи охирин давр аз талошҳои дипломатӣ, Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифони Белорус, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебарад, дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки "барои ҳама касоне, ки саранҷом имрӯз таъми озодиро чашиданд" ва ҳамчунин "барои хонаводаҳо ва азизонашон, ки чашм ба роҳи чунин рӯзе буданд", хушҳол аст.
Ӯ гуфт, "озодии ҳар фард, як пирӯзӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, озодии ин афрод имрӯз низ дастоварди башардӯстонаи дигаре аст". Бо ин вуҷуд, ӯ афзуд, "ҳанӯз то поёни кор роҳи дарозе аст", зеро садҳо зиндонии дигар ҳамчунон дар Белорус дар ҳабс ба сар мебаранд.
Бар асоси маълумоти қаблии гурӯҳи мудофеи башар --(Viasna), ки масъалаи боздоштҳоро пайгирӣ мекунад ва фаъолияти он дар Белорус манъ аст, дар ин кишвар ҳамчунон беш аз 900 зиндонии сиёсӣ дар зиндонҳо қарор доранд. Ин дар ҳоле аст, ки Вашингтон барои озодии садҳо тан аз боздоштшудаҳо (ки қарор буд аз соли 2025 оғоз шавад) музокира мекард.
Ҳарчанд мухолифони ҳукумати Белорус умдатан аз талошҳои Амрико барои озодии зиндониён истиқбол кардаанд, аммо коршиносон ба ин бовар ҳастанд, ки Лукашенко аз ин масъала барои "машруияти байналмилалӣ ёфтани хукумати худ" баҳра мебарад ва барои ҷойгузинии афроди озодшуда даст ба боздоштҳои дигаре мезанад. Аммо раҳбари Белорус дар ҷараёни гуфтугӯҳояш бо Ҷон Коул дар Минск ин иддаоҳоро рад кардааст.
Дар гузориши коршиносони СММ аз 15 сентябр омадааст, ки "мақомоти Белорус аз низоми додгоҳии ин кишвар ба унвони абзоре барои саркӯб истифода мекунанд ва ба таври систематӣ афродеро, ки мухолифи ҳукумат хонда мешаванд, ҳадаф қарор дода ва мавриди озод ва азият қарор медиҳанд".
Пас аз он, ки Коул рӯзи 16 сентябр аксҳои афроди озодшударо нашр кард, бахши белорусии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ шахсияти чандин чеҳраи саршиносро дар миёни онҳо шиносоӣ кард, аз ҷумла онҳое, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Белорус ва ё дар солҳои пас аз он боздошт шуда буданд.
Дар миёни ин афрод, номи Людмили Чекина, мудири пойгоҳи хабарии "Tut.by", ки дар Белорус пуртарафдор мебошад, ба чашм мехӯрад. Ин пойгоҳи хабарӣ соли 2021 зери фишори мақомот баста шуд. Людмила Чекина ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла "латма задан ба амнияти миллӣ", ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Павал Белавус, ки чеҳраи фарҳангӣ ва бунёдгузори мағозаи машҳури фурӯши рамзҳои миллии Белорус аст, низ озод шудааст. Ӯ ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва дигар айбномаҳо, ба 13 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Гуфтугӯ