Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рақси шикам”-и Райҳон ӯро зери бори танқид бурд


Райҳон Ғаниева (чап)
Райҳон Ғаниева (чап)

Кумитаи занони Узбакистон одобу ахлоқ, сарулибос ва сатҳи клипҳои овозхони машҳур, Ҳунарпешаи шоистаи Узбакистон, Райҳон Ғаниеваро баррасӣ кард.

Либоси сарояндаи 37-сола Райҳон Ғаниева дар консерти 18-уми майи ӯ дар Туркия сабаби ҷаласаи махсуси Кумитаи занони Узбакистон шуд, ки дар он ҳамчунин намояндагони Вазорати фарҳангу варзиш, иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” ва Маркази фаъолони маънавият ва маърифат, дигар ширкат карданд.

Як хабарнигор, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, ба шарти ифшо нашудани номаш, ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо либоси саҳнавии Райҳон, балки “рақси шикам”-е, ки ӯ дар консерти Туркия иҷро кард, мақомоти кишварро нороҳат кардааст. Видеои ин рақси Райҳон дар ҷаласа намоиш дода шуд ва зикр гашт, ки чунин рақс ба “шаъни ҳунарпешаи узбак” намезебад.

Ширкатдорони нишаст талаб кардаанд, ки чунин рафтори Ғаниева дар Истанбул бояд маҳкум карда шавад ва беҷазои сахт намонад. Аз ҷумла сарони Кумитаи занони Узбакистон аз раҳбарони иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” хостаанд, дигар ба занону духтарон роҳ надиҳад, ки тани бараҳна ба саҳна бароянд.

Аммо “мушкил”-и Райҳон Ғаниева бо “рақси шикам” ва тани урён тамом намешавад. Клипи охирини ӯ ҳамроҳ бо Лола Юлдошева, ки аз тарафи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “таблиғи ҳамҷинсгароӣ” шумурда шуд, низ дар ин ҷаласа ёдрас шуд. Дар ин клип, ки “Одат накарам” ном дорад, Райҳон ва Лола рӯ ба рӯи ҳам истода аз ишқ мехонанд ва даст ба дасти якдигар медиҳанд. Ин саҳна ва “рафтори мастона”-и онҳоро танқидгарон “ишқи лесбиянкаҳо” номиданд.

Кумитаи занони Узбакистон бо такия ба ин танқидҳо гуфтааст, чунин таронаҳо “ҷавононро ба васваса андохта, шуури онҳоро ба роҳи ғалат мебаранд”. Тақозо шуд, ки таронаи ишқӣ хондани сарояндаҳои зан ба ҳамдигар манъ карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин ёдовар шуданд, ки Райҳон ва Лола аксар вақт дар консертҳо либосе ба бар мекунанд, ки зидди “мафкураи миллӣ” аст. Даҳҳо овозхони дигар дар вилояту минтақаҳо ба онҳо пайравӣ мекунанд. Ширкаткунандагони ҳамоиш аз номаи моҳи марти иттиҳодияи “Узбакнаво” ёдовар шуданд, “ҳама гуна либосу ороиши ғайримиллӣ”-ро дар консертҳо манъ карда буд. Дар ин нома, ба гуфтаи Равшан Холмирзоев, корманди риштаи фарҳанги вилояти Ҷиззах, “талаботи сахте гузошта мешавад. Аз ҷумла сарулибоси саҳнавӣ қатъиян набояд унсурҳои шаҳвонӣ дошта бошанд. Ҳама ҷои бадани сароянда пӯшида ва рафтораш низ тибқи мафкураи миллии мо бошад.”

Чунин талабот норозигии овозхонҳоро ба миён овардааст ва бархе аз онҳо ин дастури расмиро нодида мегиранд. Аз ҷумла Лола Юлдошева бо либоси дилхоҳи худ ба саҳна баромад, аммо рӯзи 24 феврали соли равон мавриди баррасӣ ва сарзаниши иттиҳодияи “Узбакнаво” қарор гирифт. Дар номае бо имзои раиси ин иттиҳодия Мурод Маҷидов ба овозхон ҳушдор дода шуд, ки такрори чунин ҳолат метавонад ӯро аз парвона ё литсензияи фаъолияти ҳунарӣ маҳрум кунад.

Тарроҳи шинохтаи либос Зулфия Султон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин талабот хилофи ҳунари саҳнавист, зеро “мафкураи миллӣ” як мафҳуми васеъ аст ва ба мансабдорон имкон медиҳад, онроо ҳамчун баҳона истифода кунанд. “Аз сӯи дигар, -- мегӯяд Зулфия Султон, -- ҳар либос бояд ба мавзӯъ ва маънии суруд пайванд дошта бошад. Албатта, симои ҳунарпеша дар саҳна бояд аз симои китобдори ктиобхона ё донишҷӯи коллеҷи исломӣ фарқ кунад. Эҷодкор бояд озодӣ дошта бошад.”

Вале намояндагони Кумитаи занони Узбакистон ва иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” мегӯянд, онҳо ин талабҳоро зимни шикоятҳои зиёди бинандагон, мӯйсафедон ва чеҳраҳои бонуфузи ҷомеа ба миён гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG