Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клипи нави Райҳон ва Лоларо "ҳамҷинсгароёна" номиданд (ВИДЕО)


Райҳона ва Лола дар клипи нави “Одат накардам”
Райҳона ва Лола дар клипи нави “Одат накардам”

Дар клипи нави “Одат накардам”, ки ду овозхони машҳури Узбакистон Райҳона Ғаниева ва Лола Юлдошева бо ҳам сурудаанд, лаҳзаи рӯ ба рӯи ҳамдигар истодан ва тарона хондани онҳо “саҳнаи дорои аломатҳои ҳамҷинсгароӣ” унвон шуда, баҳсеро миёни мухлифони ситораҳои мусиқии рӯзи ин кишвар ба бор овардааст.

Баҳс дар атрофи клипи нави “Одат накардам”, ки ду овозхони машҳури Узбакистон Райҳон Ғаниева ва Лола Юлдошева сурудаанд, замоне оғоз ёфт, ки рӯзномаи “Даракчӣ”-и чопи Тошканд рӯзи 7 май номаи яке аз бинандаҳоро нашр кард. Дар он гуфта мешуд, ки ҳарчанд муаллиф мухлиси клипҳои мусиқӣ нест, хабари таронаи нави ду сарояндае, ки ҳама онҳоро мешиносад, таваҷҷӯҳашро ҷалб кардааст. Вай меафзояд, наметавонист ҳамсароии ду овозхони машҳур ӯро бетараф гузорад.

Аммо баъд аз дидани клип ин хонанда дилсардии худро аз матну оҳанг баён дошта, навори Райҳон ва Лоларо дорои аломатҳои шабеҳ ба рафтори ҳамҷинсгароён номидааст. Вай менависад, маънии суруд ин аст, ки ду бону аз дилдодаҳои худ ранҷида, онҳоро ба “бевафоӣ” айбдор мекунанд ва рӯ ба ҳамдигар меоранд.

Вай аз матни тарона ин порчаҳоро меорад: “Чаро бошад аз дидани ту дил ба тапиш меояд?”, “меҳратро ҳис мекунам”, “як бор ба хобҳои ман биё”, “ба дӯст доштани худ одат накардам” ва ғайра ва дар ҳоле ки гӯё ду зан ба ҳамдигар ҳасрат мекунанд, дар охир даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд. "Чаро худи “бевафоҳо”-ро ҳатто сояашон дида намешавад? Бар замми ин чаро хитобҳо ба шахси дувум равона шудаанд?”

Ин хонанда муроҷиати ду зан ва ҳаракатҳои онҳоро дар баробари ҳамдигар ба якдигар “каме ғалатӣ” меномад ва мегӯяд, аз навиштани тахмину гумонҳои худ меҳаросад, аммо овозхонон бояд мафкураи миллиро фаромӯш накунанд. Сипас, ӯ гӯӣ боз 28 бори дигар клипро тамошо карда, ҳамоно нафаҳмидааст, ки ҳадафи муаллифони он чист. “Хулоса, – мегӯяд ӯ, агар инҳо “Одат накардаанд”, ман ҳам ҳеч ба он чизе ки дидам, одат накардам.

Ҳарчанд ин шореҳ матлаби худро пардапӯшона баён намуд, ба дунболи он корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сарояндаҳоро танқид карданд, ки мехоҳанд, ҳамҷинсгароиро ба зеҳни мардум ҷой кунанд. "Онҳо мехоҳанд ба аврупоиҳо монанд бошанд", "онҳо магар мусалмон нестанд?", "чаро чунин либосҳои шаҳватомез?". Шахсе бо номи Мақсуд Мақсуд навиштааст: "Ҳамааш хубу чаро онҳо ҳамдигарро намебӯсанд?". "Лесбиянкаҳо!" Нафари дигар менависад, ки ин ду зан ба ҳамдигар ошиқ шудаанд. Бархе аз шореҳон таронаи нави Райҳона ва Лоларо ба клипҳои гурӯҳи “Тату”-и Русия бо ширкати Юлия Волкова ва Лена Катина монанд карданд, ки ҳамҷинсгароиро имиҷи саҳнавии худ қарор дода, то соли 2014 комёбии ҷаҳонӣ ёфтанд. Соли гузашта гурӯҳ аз ҳам пошид.

Вале чанде аз корбарони дигари шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳимоят аз Райҳона ва Лола онҳоро Шакира ва Бейонсеи Узбакистон номида, гуфтаанд, ҳунар озод аст ва набояд ба ҳунармандон чизро манъ карду чизеро иҷоза дод. "Беҳтарин тарона!", "Каме озодӣ диҳед, одамон. Каме замонавӣ бошед!", "Клипи олӣ!", "Супер!", "Клипи ғайриоддӣ. Табрик! Ба ҳарду комёбӣ мехоҳам.". "Райҳон олӣ хонд. Ман ӯро дӯст медорам..."

Райҳона Ғаниеваи 37-сола, духтари яке аз филмсозони машҳури Узбакистон Набӣ Ғаниев ва Ҳунарпешаи Шоистаи Узбакистон, Тамара Шокирова ҳанӯз аз замони донишҷӯияш дар бахши забони англисии Донишгоҳи забонҳои ҷаҳонии Тошканд, дуэти “Хаёл”-ро таъсис дода, бо таронаҳояш ном баровард.

Дар соли 2002 консерти яккаи ӯ дар театри ба номи Навоии Тошканд баргузор шуда, ҳамон сол барандаи ҷоизаи аввали озмуни “Ниҳол” ва унвони Беҳтарин овозхони Узбакистон шуд. Дар солҳои баъдӣ ӯ чандин ҷоизаи баланди мусиқиро низ ба даст овард. Соли 2007 дар филми “Бубахш” нақши асосиро бозид ва таронааш барои ин филм беҳтарин саундтраки сол гардид.

Лола Юлдошеваи 30-сола аз даҳсолагӣ суруд мехоҳанд ва дар солҳои 2002-2005 баландтарин ҷоизаҳоим мусиқии Узбакистонро ба даст овардааст. Вай ҳамчунин ба русӣ низ месарояд ва клипҳояш дар шабакаҳои МузТВ, MTV-и Русия, RenTV ва РТР пахш мешаванд. Пас аз комёбии чашмгираш дар чандин филми ҳунарӣ вай дар соли 2005 издивоҷ кард ва аз саҳна дур шуд. Бозгашти ӯро ба саҳна дар соли 2010 мухлисонаш бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд.

Моҳи марти соли равон Кумитаи занони Узбакистон, Маркази “Маънавият ва маърифат” ва иттиҳодияи давлатии "Ўзбекнаво" Лоларо барои сарулибосаш ҳадафи танқидҳои шадид қарор дод. Зимни ин моҷаро ба сарояндаҳои зан дастур дода шуд, либосе напӯшанд, ки бадани онҳоро ба намоиш гузорад.

XS
SM
MD
LG