Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Тихановская аз Шӯрои Аврупо хост, натиҷаҳои интихоботро эътироф накунад

Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президентии Беларус аз Шӯрои Аврупо даъват кард, ки натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми августро дар ин кишвар эътироф накунад.

Ба гуфтаи Тихановсква, интихоботи рӯзи 9-уми август на одилона буд ва на шаффоф. "Натиҷаҳои он дасткорӣ шуда, одамоне, ки барои ҳимоят аз раъйи худ ба кӯча баромада буданд, шиканҷаву ҳабс шуданд", -- омадааст дар муроҷиати Тихановская.

"Ин ҳамин ҳоло дар дили Аврупо ҷараён дорад. Ман аз шумо даъват мекунам, ки ин интихоботи тақаллубиро эътироф накунед. Лукашенко дар чашми мардумаш ва тамоми дунё беэътибор шудааст", - гуфт Тахановская.

Вай ҳамзамон аз таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар кишвараш хабар дод, ки ба зудӣ интихоботи нави демократӣ эълом хоҳад кард.

Имрӯз Шӯрои Аврупо самити маҷозии марбут ба Белорусро баргузор мекунад.

Бритониё, Канада, Ирландия, Латвия, Литва, Эстония ва инчунин вазирони умури хориҷии 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки натиҷаҳои интихоботи Беларусро эътироф намекунанд.

Иттиҳоди Аврупо вазъи Беларусро баррасӣ мекунад

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми август дар як ҷаласаи изтирории онлайн ба баррасии вазъи сиёсии Беларус оғоз карданд. Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо, рӯзи 19-уми август гуфт, "паёми мо возеҳ аст. Бояд хушунат боздошта шавад ва як гуфтугӯи сулҳомез ва фарогир оғоз шавад."

Иттиҳодияи Аврупо бо изтироб ба таҳаввулоти Беларус нигаҳ мекунад, ки дар он фишор ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳур меафзояд.

Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 9-уми август Александр Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, вале баъди ин мардуми зиёде бо ин гуфта, ки интихобот тақаллубӣ буд, тазоҳуротро оғоз карданд ва он то кунун идома дорад.

Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо гуфт, мардуми Беларус “ҳақ доранд, сарнавишти худро таъйин ва озодона раҳбарашонро интихоб кунанд.” Чарлз Мишел, ҳамчунин саркӯби тазоҳургаронро “ғайри қобили қабул” номид.

Мишел рӯзи 18-уми август бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия телефонӣ суҳбат карда ва аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ва саркӯби тазоҳургарон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба қавли як дипломати аврупоӣ ду тараф гуфтаанд, ташвиқи беларусиҳо ба муколамаи байниҳамдигарӣ беҳтарин роҳ барои хотима додан ба буҳрон дар Беларус аст.

Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Беларус саъй доранд, бо ташкили шӯрои ҳамоҳангсозе роҳро барои интиқоли қудрат ҳамвор кунанд.

Дар Минск Шӯрои интиқоли қудрат таъсис ёфт

Дар ситоди номзад ба мақоми президентии Беларус Виктор Бабарико рӯзи 18-уми август ба рӯзноманигорон "Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат" муаррифӣ шуд.

Намояндагони даҳҳо расонаи хориҷӣ ва беларусӣ аз ҷонибдори номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская - Мария Колесникова, шахси боэътимоди Тихановская - Олга Ковалкова, ҳуқуқшиноси ситоди Бабарико - Максим Знак, раҳбари кумитаи корпартоӣ дар Корхонаи тракторсозии Минск Сергей Дилевский ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Нахустин ҷаласаи кории ин шӯро, ки дар он ҳайати раҳбарикунанда интихоб хоҳад шуд, 19-уми август баргузор мешавад.

Аъзои шӯро бо изҳороти Александр Лукашенко, ки гуфт, онҳо кӯшиши ғасби қудрат дар Беларусро доранд, изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, умедворанд, ӯ барои муколама бо мухолифон розӣ хоҳад шуд. Дар ғайри сурат онҳо мақомҳои баландпояи дигари давлатиро ба баррасии роҳи бурунрафт аз буҳрон даъват хоҳанд кард.

Президенти Беларус Александр Лукашенко пештар таъсиси "Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат"-ро талоши ғасби ҳукумат номид. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати шуро "миллатгароён ва онҳое шомил шудаанд, ки ранҷида буданд".

"На каму на зиёд - ҳукуматро талаб доранд. Инро мо ҳамчун кӯшиши ғасби ҳукумат арзёбӣ мекунем", - афзуд ӯ. Лукашенко изҳор дошт, ки зидди аъзои шӯро чора хоҳанд андешид.

Лукашенко: Интихоботи нав баъд аз қабули Конститутсияи нав имконпазир аст

Александр Лукашенко. Вохӯрӣ бо коргарони корхонаи тракторсозии Минск. 17-уми августи 2020
Александр Лукашенко. Вохӯрӣ бо коргарони корхонаи тракторсозии Минск. 17-уми августи 2020

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, гуфт, баргузории интихоботи нави президентӣ танҳо пас аз қабули Конститутсияи нав имконпазир хоҳад шуд.

Ӯ рӯзи 17-уми август дар шарҳе, ки тавассути телевизиони “Беларус 24” пахш шуд, гуфт, “ба мо зарур аст, Қонуни асосии нав тасвиб кунем. Шумо бояд онро дар раъйпурсии умумимиллӣ қабул кунед ва бар асоси Конститутсияи нав метавонед интихоботи порлумониву президентӣ ва ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллиро баргузор кунед.”

Ин дар ҳолест, ки Лукашенко субҳи 17-уми август дар вохӯрӣ бо коргарони корхонаи тракторсозии шаҳри Минск гуфт, интихоботи нав баргузор нахоҳад шуд, ҳарчанд ҳозир аст, салоҳиятҳояшро тақсим ва Қонуни асосиро ислоҳ кунад.

Вай баъд аз интихоботи президентии 9-уми август, ки ба иттилои расмӣ бо пирӯзии ӯ анҷом шудааст, вале бисёриҳо онро “олуда ба тақаллуб” хондаанд, бо эътирози густардаи мардум рӯбарӯ шуд. Александр Лукашенко 26 сол боз дар Беларус ҳукумат мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG