Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Дар Беларус корпартоии умумимиллӣ ҷараён дорад

Дар Беларус 17-уми август рӯзи корпартоии умумимиллӣ эълом шудааст. Пештар яқ қатор ширкатҳо дар саросари Беларус, аз ҷумла МТЗ (Корхонаи тракторсозии Минск), "Гродно Азот", МАЗ, "Белшина" ва БМЗ эълом карданд, ки дар он иштирок мекунанд.

Коргарони "Беларускалия" низ субҳи 17 август корпартоии худро тасдиқ карданд. Кормандони БелАЗ ҳам гуфтанд, дар корпартоии умумимиллӣ иштирок мекунанд.

Рӯзноманигорони ширкати радио ва телевизиони Беларус низ таҳдид карданд, ки сар аз рӯзи душанбе корпартоӣ мекунанд.

Иштирокдорони корпартоии сартосарӣ баргузории интихоботи нав, роҳ ёфтани тамоми номзадҳо ба он, озод кардани маҳбусони сиёсӣ ва истеъфои онҳоеро талаб доранд, ки дар хушунатҳо алайҳи эътирозгарон даст доранд.

Президенти Беларус Александр Лукашенко субҳи 17 август ҳангоми суханрони дар назди кормандони Корхонаи тракторсозии Минск гуфт, дар ин кишвар интихоботи президентии нав баргузор намешавад.

Бархе аз кормандон дар посух ба гуфтаҳои Лукашенко бо садои баланд гуфтанд, ки "Бирав!". Лукашенко дар ҷавоб афзуд, ки "ҳеч гоҳ таваққуъ надошта бошед, ки ман зери фишор кореро анҷом хоҳам дод! То маро накушед, интихобот нахоҳад шуд!".

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Мухолифон бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Лукашенко гуфт, ба тақсими салоҳиятҳо ва ислоҳи Қонуни асосӣ омода аст

Лукашенко ба назди коргарони корхонаи тракторсозӣ рафт ва чӣ шунид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки интихоботи нав баргузор нахоҳад шуд, ҳарчанд ӯ ҳозир аст, салоҳиятҳояшро тақсим ва Қонуни асосиро ислоҳ кунад.

Ӯ айни замон афзуд, ин корро зери фишори тазоҳургарон нахоҳад кард.

Бино ба гузориши хабаргузории “БелТА”, Лукашенко рӯзи 17-уми август ҳангоми мулоқот бо коргарони корхонаи тракторсозӣ дар Минск гуфтааст: "Ҳеҷ гоҳ аз ман интизор надошта бошед, ки зери фишор коре мекунам. Интихобот намешавад. Чунки на корхонаи тракторсозии МЗКТ, на корхонаҳои МАЗ ва на БЕЛАЗ намемонанд, дар ним сол ҳамаро нобуд мекунем."

Ба навиштаи хабаргузории “БелТА”, Лукашенко гуфтааст, кор сари ислоҳот дар Конститутсия ва тақсими салоҳиятҳо идома дорад, вале ҷузъиёте надодааст.

Тихановская мегӯяд, омода аст, раҳбарии Беларусро бар дӯш бигирад

Светлана Тихановская, сиёсатмадори мухолифи давлати Беларус мегӯяд, омодаи раҳбарии кишвараш аст ва хост, чаҳорчӯби нави қонунӣ барои баргузории интихоботи нави одилона таҳия шавад.

Тихановская дар як муроҷиати видеоӣ, ки рӯзи 16-уми август дар Ютуб нашр шуд, гуфт: “Ман омодаам, масъулияти раҳбарии кишварро ба дӯш бигирам, то кишвар ором шавад ва ба зиндагии маъмулӣ баргардад.”

Ӯ афзуд, агар афсарони ниҳодҳои амниятӣ ва пулис аз ҳукумати президент Лукашенко рӯ гардонанд, рафтори гузаштаи онҳоро мебахшад.

Тихановская пас аз интихоботи рӯзи 9-уми август ба Литва гурехт. Бо вуҷуди он ки ӯ дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ мардуми зиёдеро ба тарафи худ кашид, Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, дар ин корзори сиёсӣ Александр Лукашенко бо касби 80 дар сади раъйи мардум пирӯз шудааст.

Рӯзи 16-уми август дар шаҳри Минск даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи, ба гуфтаи онҳо, тақаллубӣ эътироз карданд.

Лукашенко, ки 26 сол боз дар Беларус ҳукумат мекунад, зери фишори афзоянда қарор гирифтааст, то аз мақомаш биравад.

Минcк шоҳиди "Раҳпаймоӣ барои озодӣ" шуд. Лукашенко гуфт, интихоботи такрорӣ намешавад

Рӯзи 16-уми август дар Минск пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, ҷамъ омаданд.

Фишор барои истеъфо ба Лукашенко, ки 26 сол боз ҳукумат мекунад, рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, гирдиҳамоии азиме, ки дар Минск мушоҳида шудааст, дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар Минск сурат нагирифтааст.

Александр Лукашенко, рӯзи 16-уми август дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар Майдони Истиқлол гуфт, ки тонку ҳавопаймоҳои Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ дар 15-километрии сарҳади кишвараш ҷойгир шудаанд ва кишварҳои ҳамсоя ба ӯ амр медиҳанд, ки Беларус интихоботи нав баргузор кунад. Дастуре, ки ба қавли худаш, Лукашенко онро рад кардааст.

Як сухангӯи НАТО иддао дар бораи басиҷ кардани нерӯҳо дар Аврупои Шарқиро рад кард. Ҳангоми суханронии Лукашенко ҳукумати Русия гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ ба у гуфтааст, бар тибқи муоҳидаи низомӣ, Русия омода аст, дар ҳолати зарурӣ ба Беларус кумак расонад.

У иддао кардааст, ки Белорус таҳти фишори хориҷӣ мондааст, вале чӣ гуна фишор маълум нест. Бори дуввум аст, ки ду раиси ҷумҳур дар чанд рӯзи ахир бо ҳам гуфтугу мекунанд. Баъди суханронии Лукашенко, тарафдорони мухолифони давлат ба раҳпаймоӣ дар Минск оғоз карданд ва ҳангоми убур аз назди Майдони Истиқлол, шиор медоданд, ки раиси ҷумҳур бояд биравад.

Александр Лукашенкоро дар интихоботи рӯзи 9-уми август пирӯз эълон карданд, ҳарчанд номзади мухолифин Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар тарафдори зиёде ба худ ҷалб кард. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Беларус дар аҳди Лукашенко бино ба арзёбиҳои нозирони ғарбӣ озоду демократӣ сурат нагирифтаанд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ, ки баъди интихобот оғоз ёфт, маъмурони амниятӣ 7 000 нафарро дастгир кардаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, норинҷакҳои гиҷкунанда ва як дафъа аслиҳаи оташфишон истифода мебурд. Дар натиҷа садҳо нафар маҷруҳ ва ду нафар кушта шудаанд.

Тафсилотро дар ин ҷо хонед

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG