Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Лукашенко бо Путин суҳбат кард

Владимир Путин бо Александр Лукашенко дар Кремл
Владимир Путин бо Александр Лукашенко дар Кремл

Президенти Русия ва Беларус рӯзи шанбе, 15-уми август бо ҳам сӯҳбати телефонӣ кардаанд.

Хадамоти матбуотии Кремл хабар додааст, ки Владимир Путин ва Александр Лукашенко вазъияти Беларус пас аз интихоботи президентиро муҳокима кардаанд.

"Ҳарду ҷониб изҳори итминон кардаанд, ки тамоми мушкилоти пайдошуда ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд", - зикр шудааст дар хабарномаи расмӣ, аммо аз "мушкилоти пайдошуда" ном набурдаанд.

Пеш аз ин, Александр Лукашенко, президенти Беларус, ки як ҳафта боз барои аз канор рафтанаш ҳазорҳо нафар эътироз мекунанд, эълон кард, ки нияти тамос бо Владимир Путин, президенти Русияро дорад.

Лукашенко гуфт, ният дорад, Путинро аз "таҳдид" огоҳ кунад

Александр Лукашенко, президенти Беларус
Александр Лукашенко, президенти Беларус

Александр Лукашенко, президенти Беларус, ки як ҳафта боз барои канор рафтанаш аз қудрат ҳазорҳо нафар эътироз мекунанд, эълон кард, ки нияти тамос бо Владимир Путин, президенти Русияро дорад.

Ба эътиқоди Лукашенко, эътирозҳо на танҳо ба Беларус, балки ба Русия ва "фазои умумӣ" таҳдид мекунад.

Лукашенко дар як ҷаласса дар Минск гуфт, ки агар дар Беларус пеши ин вазъ гирифта нашавад, ин мавҷ ба дигар кишварҳо низ роҳ хоҳад ёфт.

Лукашенко мустақиман нагуфт, ки аз Путин кӯмак мепурсад, вале гуфт, ният дорад, бо президенти Русия дар бораи «таҳдидҳо» сӯҳбат кунад.

Ба андешаи Лукашенко эътирозҳо дар кишвар бо "усули инқилобҳои ранга" ва бо дахолат аз хориҷа роҳандозӣ шудааст.

Лукашенко ҳеҷ далеле, ки эътирозҳо аз хориҷа роҳандозӣ шудаанд, пешниҳод накард, вале ӯ аз дахолати нафароне аз Полша, Ҳоланд, Украина ва Алексей Навалний, раҳбари як гуруҳи мухолифин дар Русия ба эътирозҳои Беларус ишора кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Беларус 32 нафарро, ки зархаридони ширкати хусусии "Вагнер" гуфта мешуданд ва пеш аз маъракаи интихобот боздошт шуда буданд, ба Русия супурдааст. Лукашенко қаблан онҳоро барои омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо дар Баларус муттаҳам карда буд.

Тихановская пешниҳод кард, ки дар Беларус ҳукумати давраи гузор ташкил шавад

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Белорус
Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Белорус

Ситоди Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август пешниҳод кард, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ "барои таъмини интиқоли қудрат" ташкил карда шавад.

Свтелана Тихановская аз рақибони асосии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус буд, ки ба гуфтаи мақомот наздики 10 дар сад, вале ба гуфтаи ҷонибдоронаш аксари райъи мардумро ба даст овардааст.

Ҳазорон нафар дар Беларус натиҷаҳои расмии интихоботро қабул надоранд ва чанд рӯз боз барои аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко, ки 26 сол боз раҳбари ин кишвар аст, дар хиёбонҳо эътироз мекунанд.

Тихановская, ки ҳоло дар хориҷ аз Белорус қарор дорад, гуфтааст, дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳар фарде, ки ҷонибдори интиқоли қудрат бо роҳи осоишта аст, метавонад шомил шавад.

Ин изҳорот дар саҳифаи Телеграми Ситоди интихоботии Тихановская нашр шудааст.

Ҳамзамон ӯ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ даъват кардааст, ки аз иҷрои «амрҳои ғайриқонунӣ» даст кашанд.

Рӯзи 11-уми август Тихановская Беларусро тарк кард ва ҳоло дар Литва қарор дорад. Ҷонибдоронаш мегӯянд, ӯ зери фишор аз кишвар хориҷ шудааст.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Мухолифон бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Тихановская аз ҷонибдоронаш хост, аз "интихоби худ" ҳимоят кунанд

Светлана Тихановская ва Александр Лукашенко
Светлана Тихановская ва Александр Лукашенко

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус аз тарафдоронаш хост, аз "интихоби худ дифоъ кунанд" ва хостори баргузории эътирозҳои сулҳомез дар ҳама шаҳрҳо шуд.

Тихановская баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август маҷбур шуд, кишварро тарк кунад ва ҳоло дар Литва аст. Ӯ дар як муроҷиати видеоӣ рӯзи 14-уми август гуфт, аксари интихобкунандагон ба ӯ овоз додаанд, на ба Лукашенко.

Ин дар ҳолест, ки Кумисюни марказии интихоботи Беларус мегӯяд, Лукашенко 80 дарсад ва Тихановская камтар аз даҳ дарсади раъйи мардумро соҳиб шуданд.

"Мо, тарафдорони тағйирот, аксарият ҳастем. Инро санадҳо ва нусхаи протоколҳо аз марказҳои овоздиҳӣ тасдиқ мекунанд. Дар қитъаҳое, ки варақаҳоро мунсифона ҳисоб кардаанд, тарафдорони ман аз 60 то 70 дарсадро ташкил медиҳанд. Беларусиҳо ҳеч вақт намехоҳанд, бо ҳукумати пешина бимонанд. Ҳеч кас ба пирӯзии Лукашенко бовар надорад", -- афзудааст ӯ.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG