Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад: Чунин вазъ ҳанӯз маънои шикастро надорад


Башор Асад
Башор Асад

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар як суханронии телевизионияш камбуди нерӯи инсонӣ дар артиши он кишварро эътироф карда ва ммо гуфт, ки "ин ҳанӯз маънои шикастро надорад".

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, 26 июл дар як суханронии телевизионӣ эътироф кард, ки артиши кишвараш аз лиҳози нерӯи инсонӣ камбуд дорад ва аз ин рӯ маҷбур шудааст, баъзе аз минтақаҳоро дар ҷараёни ҷангҳо ба мухолифони мусаллаҳ таслим кунад.

"Вале чунин вазъ маънои онро надорад, ки мо дар бораи шикаст сӯҳбат мекунем," - таъкид дошт ӯ ва афзуд, артиши Сурия бо ин ҳол тавони дифоъ аз шаҳрвандони кишварашро дорад ва метавонад, ба пирузӣ бирасад.

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, дар баъзе аз минтақаҳои кишвараш сокинон дар даст силоҳ ба артиш ёрӣ мекунанд, ки ба қавли ӯ, чунин рафтор дар ҷангҳо нақши ҳалкунанда мебозад.

Бино ба маълумоти Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия дар Бритониё, пеш аз оғози ҷангҳо дар Сурия шумораи низомиён дар артиши ин кишвар ба 350 ҳазор нафар мерасид. Аммо ҳоло шумораи онҳо 150 ҳазор нафар камтар шуда, ба 200 ҳазор нафар расидааст. Камбуди ҷавонони синни хидмат дар Сурия ҳукумати он кишварро водор намудааст, ки дар минтақаҳои зери контроли худ ғайринизомиёни вафодор ба ҳукуматро ба сафи артиш ҷалб намояд.

Башор Асад гуфт, ки артиш бояд ба хотири бартарии низомӣ баъзе минтақаҳоро супорад. Ба гуфтаи ӯ, "зарурате пеш омадааст, ки баъзе минтақаҳои мушкилро нерӯҳои мо супоранд. Нигарониҳо аз саломатии сарбозон моро водор мекунад, ки мо аз баҳри баъзе минтақаҳо гузарем."

Моҳҳои охир нерӯҳои ҷонибдори Башор Асад тақрибан аз ҳамаи минтақаҳои вилояти шимолӣ-ғарбии Идлиб ва аз шаҳри бостонии Палмира берун ронда шуданд. Барои боло бурдани эътибори артиш Башор Асад 25 июл афви фирориёни артишро эълон кард, афви ононеро, ки қонуни хидмати аскариро риоя накардаанд.

Зимни сухунони худ Башор Асад гуфт, ки вай ба хотири поён додани ҷанг ба ҳар гуна музокираи сиёсӣ омода аст, ҳатто агар он ба ҳали бӯҳрони Сурия камтарин нафъ ҳам дошта бошад. Вале вай афзуд, ҳаргуна ташаббусе, ки ба мубориза бо терроризм иртибот надорад, беаҳамият хоҳад буд.

Ҷангҳо дар Сурия моҳи марти соли 2011, вақте ки тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатӣ оғоз ёфт ва режими Башор Асад он эътирозҳоро саркӯб намуд, оғоз ёфт. Дар Сурия шӯришиёни ислоҳотталаб мухолифи Башор Асад мебошанд, вале гурӯҳҳои тундрави исломие низ ҳастанд, ки дар ҷангҳо ба неруи аслӣ табдил меёбанд. Ба ин нерӯҳо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дохил мешаванд. Ин нерӯҳо аз се як қисми қаламравҳои Сурияву Ироқро дар назорати худ доранд.

Аз оғози муноқишаҳо дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 то ҳол 230 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG