Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми октябр зимни нишасти хабарӣ гуфт, рӯзи сешанбе Башор Асад бо Владимир Путин дар Маскав мулоқот кард. Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия шарҳ надод, ки оё Башор Асад ҳанӯз дар Маскав аст ё не. Аммо хабаргузории давлатии Сурия навишт, ки Асад пас аз сафар ба Маскав, ба Димишқ бозгашт.
Ин нахустин сафари Башор Асад ба хориҷ аз Сурия аз оғози даргириҳои хунин дар ин кишвар дар соли 2011 мебошад. Хабаргузории расмии Сурия навиштааст, ки ин сафар бо даъвати Владимир Путин сурат гирифтааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, сухангӯи Қасри Кремл гуфтааст, ки ду раиси ҷумҳур "масъалаҳои вобаста ба амалиёти ҳавоии Русия дар Сурия", "ҷанг бо гурӯҳҳои террористии тундрав" ва "пуштибонӣ аз амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Сурия"-ро баррасӣ кардаанд.
Хабаргузории расмии Сурия гузориш додааст, ки "идомаи амалиёти муштарак алайҳи терроризм дар Сурия, пуштибонии ҳавоии Русия аз ин амалиёт ва робитаҳои дуҷониба", муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯи Асад ва Путин будааст. Русия ҳамлаҳои ҳавоии худ ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои тундрави мухолифи Башор Асадро дар авохири моҳи гузашта оғоз кард.
Маскав дар ибтидо эълон кард, ки ҳадаф аз ин ҳамлаҳо ҷанг бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст, аммо мақомҳои ғарбӣ ва ҳамчунин бархе аз манбаъҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки аксари ҳамлаҳои Русия алайҳи мухолифони муътадили Башор Асад сурат гирифтааст. Бархе аз ин гурӯҳҳо аз ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бархӯрдоранд.
Аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф артиши Сурия бо пуштибонии ҳамлаҳои ҳавоии Русия амалиёти густурдаеро барои тасарруфи шаҳри муҳими Ҳалаб оғоз кардааст. Бархе гузоришҳо мегӯянд, ки дар ин амалиёт нерӯҳои эронӣ ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон низ ширкат доранд.
ТАШАККУРИ АСАД АЗ ПУТИН ВА ТАЪКИД БАР ИДОМАИ АМАЛИЁТ
Бар пояи ин гузориш, Башор Асад, ҳамчунин, Путинро "дар ҷараёни вазъи Сурия, тарҳҳои артиши арабии Сурия ва ҷараёни амалиёти низомӣ дар ин кишвар қарор додааст. Асад ҳамчунон ба Путин гуфтааст, ки мардуми Сурия қадрдон ва сипосгузори "ҳимояти Русия" ҳастанд".
Раиси ҷумҳури Сурия гуфтааст, ки терроризм монеае дар масири ҳалли сиёсӣ аст ва дар пушти ҳар амалиёти низомӣ бояд гомҳои сиёсӣ бошад. Башор Асад ҳамчунон бар зарурати мутаваққиф кардани ҳама гуна ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард, то "роҳ барои мардуми Сурия ба ҳадафи таъйини сарнавишти кишварашон" боз шавад.
Вай гуфтааст, ки ҳадаф аз амалиёти низомии ҷорӣ, "аз миён бурдани терроризм" аст, ки дар баробари роҳи ҳалли сиёсӣ монеа эҷод мекунад. Ба гуфтаи Башор Асад, ҳамлаҳои ҳавоии Русия "ба мутаваққиф шудани пешравиҳои гурӯҳҳои террористӣ мунҷар шудааст."
Ба назар мерасад ишораи Асад ба пешравиҳои чанд моҳи ахири гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба вижа дар минтақаҳои шимол-ғарби ин кишвар аст. Тайи моҳҳои гузашта вилояти Адлаб тақрибан ба таври комил ба назорати мухолифон даромад ва онҳо тавонистанд худро ба шаҳри соҳилии Лозиқия, пойгоҳи аслии хонадони Асад наздик кунанд.