Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёт"-и барчидани "1111" пас аз садамаи ду блогердухтар ва писари як мансабдор

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон аз соҳибони мошинҳое, ки рақами "1111" доранд, хоста шудааст, ки ҳарчи зуд онро дигар кунанд. Дар ин бора чанд ронанда аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.

Ба иддаои ронандагон, амалиёти нозирони роҳ пас аз садамаи "Мерседес Бенс" бо рақами "1111 QQ 03", ки дар он се кас ҳалок ва Муҳаммад Шарифзодаи 17-сола, писари Муҳаммадзариф Шарифзода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ маҷруҳ шуд, гирифта шудааст. Шарифзода хешованди як домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ӯ яке аз мусофирон буд.

Садамаи “Мерседес Бенс” бо рақами "1111 QQ 03" шаби 7-уми феврал дар Душанбе рӯй додааст
Садамаи “Мерседес Бенс” бо рақами "1111 QQ 03" шаби 7-уми феврал дар Душанбе рӯй додааст

Мақомот ба таври расмӣ амалиёти барчидани рақамҳои "1111"-ро тасдиқ ё инкор намекунанд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар бораи барчидани шумораи "1111" рӯзи 13-уми феврал аз Вазорати корҳои дохилӣ дастури даҳонӣ гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, "гуё соҳибони ин рақам аз номи наздикони раҳбари давлат истифода кардаанд".

Фаридун, як ронанда аз шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, рақами "1111"-ро бо нархи гарон аз БДА харида буд, вале рӯзи 16-уми феврал нозирони роҳ онро гирифтанд ва барояш як рӯз мӯҳлат доданд, то шумораи дигар харад.

Ӯ афзуд: "Ин кор пас аз ҳамон садама шуд. Як кас хато кард ва азобашро дигарон мекашанд. Ин рақамҳо то 20 ҳазор сомонӣ буданд. Ҳоло як огоҳинома медиҳанд, ки дар як рӯз рафта рақаматро иваз кун".

Фурӯши рақамҳои "тилоӣ" дар БДА. Акс аз соли 2012
Фурӯши рақамҳои "тилоӣ" дар БДА. Акс аз соли 2012

Маъмулан дар Тоҷикистон соҳибони воситаҳои нақлиётеро, ки бо чор рақами монанд, мисли "7777" ё "9999" ронандагӣ мекунанд, афроди доро ё наздик ба мансабдорони баландмақом медонанд.

БДА соли 2015 эълон карда буд, ки "рақамҳои ҷолиб”-ро дар музояда ё ауксион ба фурӯш гузоштааст. Сипас, барои намуна хабар доданд, ки як рақами "0100" бо нархи 9 ҳазору 100 доллар ва рақами "0707" бо арзиши 1 ҳазору 500 доллар харида шудааст.

Соли 2012 низ мақомот эълон карда буданд, ки рақамҳои "7777" ва "8888"-ро мечинанд. Он замон мунтақидон гуфтанд, ки ин рақамро танҳо аз онҳое гирифтанд, ки наздикони президенти Тоҷикистон ба шумор намераванд.

XS
SM
MD
LG