Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико барои Бунёди зиддитеррор 5 миллиард $ медиҳад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 28 май дар як суханронии калидиаш дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, Амрико барои Бунёди ҳамкорӣ дар роҳи муқобила бо терроризм 5 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, то комёбии талошҳо барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон роҳ ҳамоно дароз аст ва Амрико ҳамаи гузинаҳоро барои пешгирии Эрон аз дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ рӯйи даст хоҳад дошт. Аммо аввалин бор дар даҳ соли охир имконияте пеш омадааст, ки як созиши муҳим ва тағйирдиҳандаи вазъ ҳосил гардад.

Дар ин паёми худ раҳбари Иёлоти Муттаҳида гуфт, зарфияти кишвараш дар ташаккули афкори ҷаҳонӣ кумаки билофосила кард ва бино бар пешсафии Амрико ҷаҳон бедиранг аъмоли Русияро дар Украина маҳкум намуд.

Обама афзуд, таҳдиди мустақим дар дохил ва хориҷи Амрико пеш аз ҳама терроризм аст, вале ҳамла ба ҳар кишваре, ки ба террористон паноҳгоҳ медиҳад, стротежии соддалавҳона ва ноустувор аст. Ӯ зимни суханронӣ дар яке аз академияҳои низомии Амрико дар шаҳри Ню Йорк рӯзи 28-уми май таъсиси Бунёди ҳамкорӣ барои муқобила бо терроризмро дастгирӣ кунад. Ӯ афзуд, ки ҳукумати Амрико барои ин бунёд 5 миллиард доллар ихтисос медиҳад.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, бо сармоягузории иловагӣ, кишвараш аз ҳамсоягони Сурия -- Урдун, Лубнон, Туркия ва Ироқ, дар ҳоле ки онҳо ба паноҳандагон ҷой медиҳанд ва ба берун рехтани терроризм аз марзҳои Сурия мухолифат меварзанд, пуштибонӣ хоҳад кард.

Барак Обама дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки дар сурати таҳдид ба манофеи бунёдии Иёлоти Муттаҳида, таҳдид ба мардум кишвараш аз истифодаи якҷонибаи нерӯ даст намекашад. Ба гуфтаи Барак Обама, “Ҳарчанд назари ҷомеаи байналмилал муҳим аст, аммо Амрико ҳеҷ гоҳ барои муҳофизати шаҳрвандону сарзамин ва шеваи зиндагиаш назари касеро намепурсад.”

Дар паёми муҳими худ Барак Обама ҳамчунин гуфт, ки Амрико бояд ҳамеша дар арсаи ҷаҳонӣ раҳбарӣ кунад, вале нерӯи низомӣ на ҳамеша ҷузъе аз ин раҳбарӣ ва ё ҳатто ҷузъи ҳатмии он буда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, “ба маҳзи он ки мо беҳтарин болғаро дорем, набояд ҳар мушкилро бо кӯфтани мех ҳал кунем”.

Президенти ИМА ваъдаи пешазинтитхоботии худро ёдовар шуд ва афзуд: "Ман ҳамоно ба бастани Гуантанамо талош хоҳам кард, зеро арзишҳои амрикоӣ ва анъанаҳои ҳуқуқии мо иҷоза намедиҳанд, афродеро берун аз марзҳои худ дар боздошт нигоҳ дорем." Вай инчунин ба моҷарои шеваҳои пайгарди хадамоти иктишофӣ ишора намуд ва гуфт, кишвараш дар бобати ҷамъоварӣ ва истифодаи иттилои ҷосусӣ маҳдудиятҳои наверо ҷорӣ хоҳад кард. Обама гуфт, "ин бардошт, ки мо дар бораи шаҳрвандони одӣ низ маълумот ҷамъ мекунем ва ба аъмоли онҳо назорат дорем, шумораи шарикони моро камтар ва бесамартар мекунад."
Паёми Обама дар бораи сиёсати хориҷии Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00
XS
SM
MD
LG