Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Малайзия масҷидро зиёрат кард


Обама дар Малайзия
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни боздиди якҳафтаинаи худ аз кишварҳои Осиё дар Малайзия масҷиди миллиро ба нишонаи эҳтиром ба исломи ислоҳотталаб зиёрат кард.

Обама дар Куала Лампур 27 апрел қабл аз гуфтугӯ бо Наҷиб Разоқ-нахуствазири Малайзия роҷеъ ба масоили минтақаӣ, амниятӣ ва тиҷоратӣ ба зиёрати масҷид рафт. Сипас вай дар шаҳрдорӣ бо раҳбарони ҷавонони кишварҳои Ҷануби Шарқи Осиё мулоқот намуд.

Обама 26 апрел вориди Малайзия шуд ва аз вай хонаводаи шоҳ пазироӣ кард. Вай нахустин раиси ҷумҳури Амрикост, ки дар чил соли охир аз Малайзия боздид мекунад.

Силсилабоздидҳои ҳусни нияти Обама аз Ҷопон шурӯъ шуд ва сипас аз Короеяи Ҷанубӣ ба Малайзия омад. Вай дар Кореяи Ҷанубӣ ба Кореяи Шимолӣ барои барномаҳои ҳастаиаш ҳушдор дод.

28 апрел боздиди Обама аз Малайзия ба поён мерасад ва вай аз он ҷо ба Филипин меравад.
XS
SM
MD
LG