Бақо Содиқов, филмсози маъруфи тоҷикро дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, ба хок супориданд. Ӯ рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ даргузашт.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва кормандони дигари сафорат дар маросими видоъ бо Бақо Содиқов ширкат карданд. Ин маросим рӯзи 26-уми июн баргузор шудааст.
"Бисёр мехостам, ки тобути устод ба Тоҷикистон бурда шавад, омодаи кумак будем," -- гуфт Имомиддин Сатторӣ.
Умедҷон Содиқов, писари Бақо Содиқов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш васият карда буд, ки ӯро дар Олмон дафн кунанд, зеро ҳамсар ва фарзандонаш дар ҳаминҷо ҳастанд.
Бақо Содиқов сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Филмҳои "Адониси XIV", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд. Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.
Ин дувумин филмсози саршиноси тоҷик аст, ки дар хоки Олмон дафн карда мешавад. Соли 2015 коргардони машҳур Бахтиёр Худойназаров низ дар ин кишвар, дар қабристони Тегели шаҳри Берлин ба хок супурда шуд. Вай 49-сола буда, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Олмон мезист ва аз саратон даргузашт.