Дабири кулли СММ Бан Ки Мун эълон кард, ки ба манзури ҳимоят аз талошҳо барои расидан ба оташбас байни Исроил ва ҷангиёни Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза роҳии Мисру Исроил мешавад.
Қарор аст, ӯ имрӯз бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот кунад. Миср аз ҷумлаи чанд кишвари мусламонист, ки бо Исроил равобити дипломатӣ дорад, ва Мурсӣ фаъолона талош меварзад, то барои истиқрори оташбас байни раҳбарони Ҳамос ва мақомоти Исроил нақши миёнҷиро бозӣ кунад.
Ҳамлаҳои мушакии Ҳамос алайҳи Исроил боис шуд, ки Исроил аз 14 ноябр аз ҳавову баҳр ба бомбборони мавқеъҳои Ҳамос дар навори Ғаза шурӯъ кунад.То кунун дар ин мушакборонҳо ҳудуди 50 фаластинӣ ва 3 исроилӣ кушта шудаанд.
Сафари Бан Ки Мун аз сӯи мардуми Ғаза ба гунаи мухталиф истиқбол мешавад. Фалоҳ Иброҳим, як сокини Ғаза мегӯяд: “Мо аз ӯ истиқбол мекунем ва умедворем, ки сафари ӯ натиҷаи мусбат бидиҳад.”
Аммо Юсуф, як сокини дигари Ғаза нисбат ба натиҷаҳои боздиди дабири кулли СММ чандон хушбин нест: “Ман аз ӯ истиқбол намекунам, чунки ӯ дар давраи ҷанги қаблии солҳои 2008-2009 низ омада буд ва коре барои мо накард. Ӯ дубора дар ҷанги дувум инҷо меояд, вале ягон коре барои мо нахоҳад кард. Ӯ аз амал ҳарф хоҳад зад, вале амале анҷом нахоҳад дод.”
Бо ин ҳол, низомиҳои Исроил мегӯянд, шабакаи дифоъи мушакии "Гунбази оҳанин” рӯзи якшанбе ду мушакеро, ки болои Тел-Авив меомад, суқут додааст. Табибони фаластинӣ гуфтаанд, дирӯз бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил дар Ғаза 10 мулкӣ кушта шуданд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз дар Бангкок ҷангиёни фаластиниро масъули шурӯъи буҳрони Ғаза номид ва гуфт, Вошингтон аз ҳаққи Исроил ба дифоъ аз худ алайҳи ҳамлаҳои мушакӣ аз навори Ғаза пурра ҳимоят мекунад: "Ҳеҷ кишваре рехтани мушак бар сари шаҳрвандонаш аз берунро таҳаммул нахоҳад кард. Бинобар ин мо аз ҳаққи комили Исроил барои муҳофизати шаҳрвандонаш аз мушакҳое ҳимоят мекунем, ки ба хонаҳои мардум, ҷойи кори онҳо мерезанд ва ғолибан мардуми осоиштаро мекушанд." Аммо Обама афзуд, ки “беҳтар” мебуд, агар буҳрони Ғаза бидуни “тақвият”-и амалиёти низомии Исроил ҳалл шавад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз қаблан сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, Исроил ба “густариши қобили мулоҳиза”-и амалиёташ алайҳи ҷангиён дар навори Ғазаи таҳти назорати Ҳамос омода ҳаст: “Артиши Исроил ба бештар аз 1000 ҳадафи террористӣ дар Навори Ғазза ҳамла карда, айни ҳол амалиётро идома медиҳад. Ба аслиҳаи онҳо, гардонандагонаш ва афроде, ки ин аслиҳаро мефиристанд, зарбаи азиме заданд. Мо ба Ҳамос ва созмонҳои террористӣ сазои сахте медиҳем ва артиши Исроил барои тавсеаи чашмгири амалиёт омода аст."
Алакай ҳазорон сарбози Исроил таҳти ҳимояти тонкҳо дар тӯли марзи Ғаза ҷамъ шуда, мунтазири шурӯъи амалиёти эҳтимолианд.
Дирӯз, дар рӯзи панҷуми бомбборони ҳавоиву баҳрии Ғаза аз сӯи Исроил ду қароргоҳи расонаҳо, аз ҷумла қароргоҳи телевизиони Ал-Қудси марбут ба Ҳамос ва чанд расонаи хориҷӣ, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Хабарнигорони бидуни марз ин ҳамлаҳои Исроилро маҳкум кард ва гуфт, 6 хабарнигори фаластинӣ маҷрӯҳ ва таҷҳизоти расонаҳои хориҷӣ тахриб шудаанд. Press TV-И Эрон мегӯяд, дафтараш дар Ғаза ду дафъа бомббор шудааст. Телевизиони Russia Today низ хабар дод, ки дафтараш дар Ғаза тахриб шудааст. Аммо хабарнигори ин шабакаи русӣ Саид Сверкӣ гуфтааст, ҳадафи ҳамла мустақиман дафтари Russia Today набуд, балки ҳамсоягии деворбадевори онҳо бо телевизионии фаластинии Ал-Ақсо будааст.
Низомиҳои Исроил мегӯянд, ҳадаф антеннаҳо дар боми ин хонаҳо буд, ки Ҳамос ба манзури иртибот бо нирӯҳояш истифода мебурд.
Қарор аст, дабири кулли Лигаи Араб Набил Арабӣ низ рӯзи сешанбе бо як гурӯҳи вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ ба Ғаза сафар кунад. Ба гуфтаи мақомоти Лигаи араб, ҳадафи ин боздид намоиши ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо дар муқобили ҳамлаҳои Исроил аст.
Низоъи ахир бори дигар байни ҷаҳони Ислом ва Ғарб шикоф эҷод кардааст. Аксари кишварҳои мусалмонӣ аз фаластиниҳо ҳимоят мекунанд, вале кишварҳои Ғарб ба ҳаққи Исроил ба дифоъ аз шаҳрвандонаш дар муқобили ҳамлаҳои мушакӣ таъкид меварзанд.