Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шаби асорат дар Афғонистон аз забони худи Бахтиёр


Бахтиёр Давлатов
Бахтиёр Давлатов

Бахтиёр Давлатов, сокини 23-солаи ноҳияи Шӯроободи собиқ, дар сӯҳбат бо Озодӣ ҷараёни ба асорат афтодан ва, ҳамин тавр, раҳоӣ аз дасти қочоқбарони афғонро нақл кард.

Бахтиёр Давлатов, яке аз гаравгонҳои тоҷик, рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, се шаби асорати онҳо дар дасти қочоқбарони афғон ба сахтӣ паси сар шуда ва то замони гузаштан аз дарёи Панҷу расидан ба назди марзбонҳои тоҷик ба озодияшон бовар надоштаанд. Бахтиёр Давлатов - сокини деҳаи Саримарғзори ҷамоати Ёл ва Давлатмад Мирзоев - сокини деҳаи Сафедоби ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) нисфирӯзи 25 март аз сӯи як гуруҳи қочоқбарони афғон рабуда шуда, баъд аз зӯҳри 28 март бо дахолати мақомҳои тоҷику афғон озод шуданд. Онҳоро аввал марзбонҳои афғон гирифта, баъдан ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Бахтиёр Давлатов: “Ҳамроҳи се нафари дигар аз наздикии дарёи Панҷ мегузаштем, ки як тир ба мошинамон расид. Фикр кардем, ин тир аз куҷое хато парронда шудааст. Вале пас аз чанд лаҳза ба сӯи мошинамон тирборон сар шуд. Мо мошинро партофтем ва пушти теппачае пинҳон шудем. Аз зарби тирпарронӣ шишаҳои мошин рехтанд. Мо дигар гурехта наметавонистем ва онҳо бо автомат таҳдид карданд, ки ба гапашон гӯш кунем. Дасти ронанда аз захми тир захмӣ шуда буд. Чун ӯ захмӣ шуда буд, ӯро раҳо карданд, вале моро бо худ бурданд. Тақрибан мо 8-10 нафарашонро медидем, вале ба фикрам бисёртар буданд ва дигаронаш пинҳон шуда буданд. Аз лаҳҷаи сӯҳбаташон фаҳмидем, ки шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Моро ба қаиқчае савор карда ва ба он тарафи соҳил бурданд. То расидан ба хоки Афғонистон чизе намегуфтанд.”

Се шаби асорат дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Чаро онҳо маҳз Шуморо рабуданд? Чӣ далел доштанд?

Бахтиёр Давлатов
Бахтиёр Давлатов

Бахтиёр Давлатов: “Вақте моро ба хоки Афғонистон гузаронданд, пурсидем, ки чаро моро ба инҷо овардед? Гуфтанд, ки сарҳадбонони Шумо як одами моро боздошт кардаанд. Он одам бегуноҳ ҳаст ва агар онҳо одами моро раҳо кунанд, мо ҳам Шуморо раҳо мекунем. Гуфтанд, то одамамонро нагирем Шуморо раҳо нахоҳем кард. Аз сарҳад моро бо мошин давоми тақрибан як соат дур бурданд. Моро дар як хона нигоҳ медоштанд ва соҳибхона ба мо ғизо медод. Ҳеч таҳқирнакарданд. Муносибати соҳибхона хуб буд. Ин гурӯҳ меомаданд ва вақте телефонҳояшон занг мезад, аз назди мо дур мешуданд. Намехостанд, бифаҳмем, ки дар чӣ бора сӯҳбат мекунанд. Ду шаб дар он ҷо мондем ва шаби сеюм моро бе пурсишу ягон гап аз он ҷо берун карданд ва саҳар ба Тоҷикистон супориданд.”

Озодӣ: Ин кадом гурӯҳ буд ва раҳбарашон кӣ буд?

Бахтиёр Давлатов: “Мо чизеро намедонистем. Дар назди мо ба ғайр аз “Ҳоҷӣ” дигар номи касеро намегирифтанд. Рӯи ҳамаи онҳо пӯшонда буд ва мо ҳам чеҳраи онҳоро намедидем. Моро ҳамон мошини сиёҳшишае, ки то он хона бурда буд, дубора баргардонд. Ронандаи ҳамон мошин моро ба дасти сарҳадбонони афғон супорид.”

Озодӣ: Шарти онҳо иҷро шуд, ки Шуморо раҳо карданд?

Бахтиёр Давлатов: “Мо аз шарту гуфтугӯи онҳо хабаре наёфтем. Бо мо ҳамон рӯз тамоман гап назаданд. Онҳо омада моро хабар мегирифтанд ва мерафтанд. Ҳамон рӯзи охирон аз гапу рафторҳояшон маълум буд, ки аз чизе тарсидаанд. Дигар гапе аз иваз кардани мо набуд. Ба фикрам, вақте ҳукумати мо ва ҳукумати худашон аз ин ҳодиса хабар ёфт, онҳо дигар тарсиданд. Ба фикрам, дигар касеро ҳам иваз накарданд. Лекин то гузаштани дарёи Панҷ мо ба озод шуданамон бовар надоштем. Чунки ин гурӯҳ дурӯғ бисёр мегуфт. Якеаш як гап мегуфт ва дигараш гапи дигар. Як нафараш меомад ва мегуфт, ки мо Шуморо раҳо мекунем, вале дигараш мегуфт, ки мардуми мо талаби ҷанг дорад ва шояд Шуморо ҳамин ҷо бикушанд. Лекин рӯзи аввал як калони гурӯҳаш бо дилпурӣ гуфта буд, ки мо Шуморо сиҳату саломат мебарем ва сиҳату саломат озодатон мекунем. Мо дигар кӯшиши гурехтан ҳам накардем, зеро гуфта буданд, ки агар гурезед, кушта мешавед.”

Озодӣ: Дар марзи Тоҷикистон Шуморо кӣ пешвоз гирифт?

Бахтиёр Давлатов: “Соатҳои се ба чори рӯзи 28 март сарҳадбонони худамон моро гирифтанд. Камтар пурсиданд, нақл кардем ва ҷавобамон доданд. Шаб алакай дар хона будем.”

XS
SM
MD
LG